Санаи 14 декабри соли 2021 дар Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷаласаи навбатии Шӯрои ҳамоҳангсозии фаъолияти мақомоти санҷишӣ таҳти роҳбарии муовини якуми Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси Шӯрои ҳамоҳангсозии фаъолияти мақомоти санҷишӣ, муҳтарам Давлаталӣ Саид доир гардид.
Дар ҷаласаи мазкур муовини Раиси Шӯро - Раиси Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатӣ, аъзои Шӯро - вазирони адлия, молия, рушди иқтисод ва савдо, тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ, саноат ва технологияҳои нав, корҳои дохилӣ, кишоварзӣ, Раиси Кумитаи давлатии идораи замин ва геодезӣ, роҳбарони 27 мақомоти санҷишӣ, мақомоти прокуратура, Палатаи ҳисоб, назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсия, андоз, гумрук, Бонки миллӣ, намояндагони шарикони рушд, бахши хусусӣ ва дигар шахсони масъул иштирок варзиданд.
Дар доираи ҷаласа масъалаҳои татбиқи қонунгузории соҳаи санҷиши фаъолияти субъектҳои хоҷагидор мавриди баррасӣ қарор дода шуд.
Қайд карда шуд, ки дар доираи ислоҳот дар соҳаи санҷиши фаъолияти субъектҳои хоҷагидор дар Қонун шумораи мақомоти санҷишӣ аз 31 то ба 26 адад кам гардида, тамоюли устувори давра ба давра кам шудани миқдори санҷишҳои фаъолияти субъектҳои хоҷагидор ба миён омадааст.
Ҳамзамон зикр гардид, ки тибқи нақшаҳои дар мувофиқа бо Шӯрои ҳамоҳангсозии фаъолияти мақомоти санҷишӣ тасдиқгардида дар соли 2021 аз ҷониби мақомоти санҷишӣ дар маҷмӯъ 41,3 ҳазор санҷиши фаъолияти субъектҳои хоҷагидор ба нақша гирифта шудааст, ки нисбат ба нишондиҳандаи соли 2020-ум зиёда аз 2,4 ҳазор, нисбат ба соли 2019-ум зиёда аз 6,7 ҳазор, нисбат ба соли 2018-ум тақриба 14 ҳазор ва нисбат ба соли 2017-ум зиёда аз 30,6 ҳазор санҷиш кам мебошад.
Инчунин, дар доираи ҷаласа иттилоъ дода шуд, ки ҷиҳати идомаи ислоҳоти минбаъдаи соҳаи санҷиши фаъолияти субъектҳои хоҷагидор, ҳамзамон танзими фаъолияти назоративу санҷишии мақомоти давлатӣ баҳри аз байн бурдани ҳолатҳои санҷиши ғайриқонунӣ ё дахолат ба фаъолияти соҳибкорону сармоягузорон якҷо бо вазорату идораҳои марбута мунтазам чораандешӣ гардида, лоиҳаи санади меъёрии ҳуқуқии дахлдор бо назардошти таҳлили санадҳои меъёрии ҳуқуқии амалкунандаи ҷумҳурӣ ва таҷрибаи байналмилалӣ дар ин самт таҳия гардидааст, ки он дар баррасии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор дорад.
Дар ҳолати қобили дастгирӣ ёфтани лоиҳаи мазкур дар доираи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи санҷиши фаъолияти субъектҳои хоҷагидор” шумораи мақомоти санҷишӣ аз 26 ба 22 адад расонида шуда, барои аз байн бурдани ҳолатҳои санҷиши ғайриқонунӣ ё дахолат ба фаъолияти соҳибкорону сармоягузорон ва танзими фаъолияти назоративу санҷишии мақомоти давлатӣ мусоидат хоҳад расонид.
Тибқи рӯзномаи ҷаласа, ҳисоботҳои роҳбарони мақомоти санҷишӣ шунида шуда, дар робита ба муқаррароти Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи санҷиши фаъолияти субъектҳои хоҷагидор”, Низомномаи Шӯрои ҳамоҳангсозии фаъолияти мақомоти санҷишӣ ва Қоидаҳои муайян намудани меъёрҳои арзёбии дараҷаи таваккали фаъолияти субъекти хоҷагидор Номгӯи меъёрҳои арзёбии дараҷаи таваккали мақомоти санҷишӣ, Номгӯи масъалаҳои назоратӣ ва Нақшаи гузаронидани санҷишҳо барои соли 2022 мавриди баррасӣ қарор гирифта, вобаста ба онҳо қарорҳои дахлдор қабул карда шуданд.