Санаи 29 декабри соли 2021 бо ташаббуси Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатӣ дар меҳмонхонаи Ҳаят Ридженси Душанбе чорабинӣ доир ба муаррифӣ ва рӯйнамоии Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи фаъолияти баҳодиҳӣ” ва Стандартҳои миллии баҳодиҳии Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор гардид.
Чорабиниро бо сухани ифтитоҳӣ муовини якуми раиси Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатӣ - Хуршед Мирзо Файзуллозода ва муовини Директори Идораи рушди умумӣ USAID дар Тоҷикистон -Мэтт Куртис оғоз намуданд.
Дар чорабинии мазкур намояндагони вазоратҳои адлия, молия, рушди иқтисод ва савдо, кишоварзӣ, Кумитаи давлатии идораи замин ва геодезӣ, Кумитаи андоз, Кумитаи меъморӣ ва сохтмон, Ассотсиатсияи нархгузорони Ҷумҳурии Тоҷикистон, Корхонаи воҳиди давлатии "Бақайдгирии молу мулки ғайриманқул", Бонки миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Корхонаи воҳиди давдатӣ оид ба нархгузорӣ, Муассисаи давлатии “Маркази миллии патенту иттилоот”, инчунин намояндагони USAID ва Лоиҳа оид ба кишоварзӣ ва идоракунии заминҳои кишоварзӣ дар Тоҷикистон дар доираи ташаббуси «Озуқаворӣ ба хотири оянда» иштирок намуданд.
Дар рафти чорабинӣ муовини роҳбари Лоиҳа оид ба кишоварзӣ ва идоракунии заминҳои кишоварзӣ дар Тоҷикистон дар доираи ташаббуси «Озуқаворӣ ба хотири оянда» - Парвиз Камолиддинов баромад намуд.
Сипас, дар назди ҳозирин сардори раёсати моликияти давлатии Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатӣ – Фаридун Муминзода вобаста ба Cтандартҳои миллии баҳодиҳии Ҷумҳурии Тоҷикистон, директори Корхонаи воҳиди давлатӣ оид ба нархгузорӣ дар назди Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатӣ - Каримзода Абдуқаҳор, инчунин директори Ассотсиатсияи нархгузорони Ҷумҳурии Тоҷикистон - Гусейнов Фурқат оид ба нақши Ассотсиатсияи нархгузорони Ҷумҳурии Тоҷикистон дар рушди фаъолияти баҳодиҳӣ тавассути рӯнамо баромад намуданд.
Ёдовар бояд шуд, ки Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи фаъолияти баҳодиҳӣ” дар таҳрири нав бо мақсади иҷрои банди 1.7. Нақшаи чорабиниҳо оид ба амалӣ намудани 300 рўзи ислоҳот ҷиҳати дастгирии соҳибкорӣ ва беҳтар намудани фазои сармоягузорӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон (қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 1 марти соли 2019, №95) ва банди 48 Нақшаи чорабиниҳо оид ба иҷрои дастуру супоришҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, ки дар вохӯрӣ бо кормандони мақомоти молия, андоз, гумрук, сармоягузорӣ ва бонкҳо санаи 10 майи соли 2019 баён доштанд, таҳия карда шуда 7 августи соли 2020, № 1720 қабул гардид.
Бояд қайд намуд, ки чорабинии зикршуда бо дастгирии Лоиҳа оид ба кишоварзӣ ва идоракунии заминҳои кишоварзӣ дар Тоҷикистон дар доираи барномаи “Озуқаворӣ ба хотири оянда”, ки бо дастгирии молиявии USAID амалӣ карда мешаванд, доир карда шуд.