Санаи 5 январи соли 2022 бо иштироки раиси Кумита, сардори раёсати банақшагирии стратегӣ ва ислоҳоти Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муовини якуми раис ва муовинон, сардорон ва масъулони воҳидҳои сохтории дастгоҳи марказӣ ва роҳбарони ташкилотҳои системаи Кумита, котиботи Шӯрои машваратии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба беҳтар намудани фазои сармоягузорӣ ва сардорони раёсату бахшҳои сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатии мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии Вилояти Мухтори Куҳистони Бадахшон, вилоятҳои Суғду Хатлон, шаҳри Душанбе ва шаҳру ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ ҷаласаи васеи ҳайати мушовара оид ба ҷамъбасти натиҷаҳои фаъолияти Кумита дар соли 2021 ва вазифаҳо барои семоҳаи якуми соли 2022 баргузор гардид.
Раиси Кумита Қодирзода Саъдӣ дар назди ҳозирин оид ба ҷамъбасти натиҷаҳои фаъолияти Кумита дар соли 2021 бо муаррифии рӯнамо баромад намуданд.
Ҳамзамон, дар ҷаласа аз рафти фаъолияти кори дар соли 2021 сардорони раёсату бахшҳои сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатии ВМКБ, вилоятҳои Суғду Хатлон, шаҳри Душанбе ва шаҳру ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ ва роҳбарони ташкилотҳои системаи Кумита ҳисобот доданд.
Сипас, дар рафти ҷаласа сардори раёсати банақшагирии стратегӣ ва ислоҳоти Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон – Исмоилзода Хуршед вобаста ба амалигардонии Барномаи давлатии сармоягузорӣ, иҷрои пурраи бандҳои дахлдори Нақшаи 300 рӯзи ислоҳот, амалигардонии лоиҳаҳои давлатии сармоягузорӣ, мукаммал гардонидани Феҳристи моликияти давлатӣ, ҷорӣ намудани семенарҳои омӯзишӣ ва корҳои фаҳмондадиҳӣ оид ба Кодекси андоз дар таҳрири нав дар байни соҳибкорони минтақаҳои кишвар, барқарор сохтани ҳисоботҳои молиявӣ дар байни субъектҳои соҳибкорӣ баромад намуда, таклифҳо манзур намуд.
Раисикунанда аз баромади ҳисоботдиҳандагон натиҷагирӣ намуда, бо назардошти дар вазъияти ғайримуқаррарӣ ва пешгуинашаванда қарор доштани ҳолати иҷтимою иқтисодии кишварҳои ҷаҳон ва афзалиятҳои миёнамуҳлат ва дарозмуддати рушди иқтисодию иҷтимоии ҷумҳурӣ ба сардорони воҳидҳои сохторӣ, роҳбарони ташкилотҳои зертобеъ ва масъулини раёсату шуъбаҳои сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатӣ дар маҳалҳо вобаста ба иҷрои саривақтии санадҳои меъёрии ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон, таҳлили мунтазами натиҷаи фаъолият, таъмини иҷрои босифати корҳо дар татбиқи лоиҳаҳои сармоягузорӣ, анҷом додани иқдомоти зарурӣ барои беҳтар намудани фазои соҳибкорӣ ва ҷалби бештари сармоягузорӣ ба соҳаҳои афзалиятнок, иҷрои нақшаи чорабиниҳо ва қарорҳои ҳайати мушовараи Кумита дар семоҳаи якуми соли 2022 супоришҳои мушаххас доданд.
Сипас, ҷаласа бо назардошти натиҷаҳои фаъолияти Кумита дар соли 2021 ва муҳокимаи масъалаҳои баррасигашта, такмили лоиҳаи қарори ҳайати мушовара ва пешниҳоди он ҷиҳати тасдиқ ба раиси Кумита ҷамъбаст гардид.