Санаи 6 январи соли 2021 дар толори хурди Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷаласаи навбатии Гурӯҳи кории доимоамалкунанда оид ба тақвият бахшидан ба рушди соҳибкорӣ байни ҷавонон, занон ва шахсони имконияташон маҳдуд баргузор гардид.
Дар ҷаласа аъзои Гурӯҳи корӣ аз ҳисоби намояндагони вазорату идораҳо, бахши хусусӣ, шарикони рушд ва ассотсиатсияҳои соҳибкорӣ иштирок намуданд.
Тибқи рӯзномаи ҷаласа, аз ҷониби коршиносон муҳтавои таҳлил оид ба арзёбии заминавии рушди фаъолияти соҳибкории занон дар Тоҷикистон муаррифӣ гардид. Дар рафти муаррифӣ, вобаста ба заминаҳои фаъолияти соҳибкории занон, саҳми занону духтарон дар соҳаҳои гунонуи иҷтимоии ҷомеа, муҳимияти фарогирии молиявӣ, дастрасӣ ба захираҳои молиявӣ, баланд бардоштани малакаи андозсупории занону духтарон, муҳимияти такмили қонунгузорӣ дар самти мазкур ва тавсияҳои мушаххас ибрози назар карда шуд.
Аз рӯи масаъалаи сеюми рӯзнома, муаррифнома доир ба рафти иҷрои бандҳои нақшаи кории Гурӯҳи корӣ дар соли 2021 манзур гардид. Дар рафти муаррифнома маълумоти мушаххас оид ба иҷрои бандҳои нақшаи корӣ, саҳми вазорату идораҳои дахлдор, шарикони рушд ва ассотсиатсияи соҳибкорӣ дар татбиқи чораҳои зарурӣ бо мақсади дастгирии занону духтарон ва ҷавонон дар пешбурди фаъолияти соҳибкорӣ, баргузории як қатор чорабиниҳо ҷиҳати тарғибу ташвиқи фаъолияти соҳибкории бонувон, дастовардҳо дар самтҳои кишоварзӣ, саноати сабук ва ғайра пешниҳод гардид.
Тибқи масаъали охирони рӯзномаи ҷаласа, намояндагони вазорату идораҳои дахлдор, аз ҷумла Кумитаи андози назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, Кумитаи кор бо занон ва оилаи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, Бонки миллии Тоҷикистон, Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Маркази миллии қонунгузорӣ, намояндагони шарикони рушд, бахши хусусӣ ва ассотсиатсияҳои соҳибкорӣ фаъолона мубодилаи афкор намуданд.