Санаи 28 январи соли 2022 бо иштироки роҳбарият, кормандони дастгоҳи марказӣ ва ташкилотҳои системаи Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатӣ вобаста ба омӯзиш ва шарҳу тавзеҳи нуктаҳои паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон «Дар бораи самтҳои асосии сиёсати дохилӣ ва хориҷии ҷумҳурӣ» ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамоиш баргузор гардид.
Ҳамоишро раиси Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатӣ Қодирзода Саъдӣ Сангинмурод ифтитоҳ карда, баён намуд, ки Паёми Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон самтҳои асосии сиёсати дохилию хориҷии мамлакатро барои давраҳои оянда муайян намуда, дар он пешбурди манфиатбори сиёсати хориҷӣ ва таъмини пешрафти соҳаҳои иқтисоду саноат, энергетика, роҳу нақлиёт, амнияту мудофиа, ҳифзу ҳуқуқу тартибот, илму маориф, тандурустӣ, фарҳанг, ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ, варзиш ва сайёҳӣ вазифагузории мушаххас ба миён гузошта шудааст.
Қайд гардид, ки Паёми навбатии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон барномаи рушди кишвар барои 5 соли оянда буда, он муайянкунандаи ҳадафу афзалиятҳо ва дурнамои нишондиҳандаҳои асосии рушди соҳаҳои иқтисоди миллӣ, аз ҷумла таъмини рушди иқтисодӣ дар сатҳи на кам аз 7 фоиз, ташкили зиёда аз 500 ҳазор ҷойҳои нави корӣ, беш аз 2 баробар зиёд намудани даромади пулии аҳолӣ ва ба 45 фоиз расонидани ҳиссаи табақаи миёнаи аҳолӣ, то 15 фоиз коҳиш додани сатҳи камбизоатӣ мебошад. Бо мақсади расидан ба ин ҳадафҳо солҳои 2022–2026 «Солҳои рушди саноат» эълон карда шуд.
Дар ҳамоиш сардори сарраёсати сармоягузорӣ ва ҳамоҳангсозии кумаки беруна – Иззатулло Нуруллозода бо маъруза баромад намуда, қайд намуд, ки паём - моҳият, мазмун ва мундариҷаи инъикоси ҳаёти воқеии халқи тоҷик буда, дар он шукргузории истиқлолу озодӣ ва соҳибватаниву соҳибдавлатӣ тараннум гардидаанд. Муҳимтарин хусусияти ин Паём дар он аст, ки тарбияи инсон, сармоягузорӣ дар самти камолоти маънавиву маърифатии он, созандагиву бунёдкории инсон дар тамоми бахшҳои ҳаёти иҷтимоиву иқтисодӣ ва фарҳангиву сиёсӣ мавқеи марказиро ишғол менамояд.
Дар ҷамъбаст раиси Кумита Қодирзода Саъдӣ бо таъкид изҳор дошт, ки ҳисси баланди миллӣ, худшиносиву худогоҳӣ, ватандӯстиву ватанпарастӣ ва садоқат ба Ватан, ба миллат ва обу хоки сарзамини аҷдодӣ гарави амнияту осоиши ҷомеа, пешрафти давлат ва ободии имрӯзу фардои Тоҷикистони соҳибистиқлол мебошад.
Баҳри ноил гардидан ба ҳадафҳои аз ҷониби Роҳбари давлат дар назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон гузошташуда аз фаъолияти босамари мо низ вобастагӣ дошта, моро зарур аст, ки ҷиҳати расидан ба ин ҳадафҳо фаъолияти худро дар самти беҳтарсозии фазои соҳибкорию сармоягузорӣ, ҷалби сармоя ба соҳаҳои иқтисодиёт, татбиқи босамари лоиҳаҳои сармоягузории давлатӣ ва идораи амволи давлатӣ тақвият бахшем.
Дар ин раванд, ки ҳамагон пайи амалигардии вазифаҳои гузошташуда, дар самту масъулиятҳои ба дӯшдоштаамон содиқона камари ҳиммат баста, бо ҷонибдорӣ аз сиёсати созандаву бунёдкоронаи Пешвои миллат хизмат намоем.