Размер шрифта
Цвет фона и шрифта
Изображения
Озвучивание текста
Обычная версия сайта
Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон
  • ДАР БОРАИ КУМИТА
  • МАРКАЗИ МАТБУОТӢ
  • ТЕНДЕРҲО
  • ТАМОС
  • ...
    "/>
    Русский English
    Тоҷикӣ
    Сармоягузорӣ
    • Сармоягузории давлатӣ
    • Имкониятҳои сармоягузорӣ
    • Роҳнамои сармоягузор
    • Заминаи меъерӣ-ҳуқуқӣ
    • Харитаи сармоягузорӣ
    Соҳибкорӣ
    • Дастгирии давлатии соҳибкорӣ
    • Нишондиҳандаҳои рушди фаъолияти соҳибкорӣ
    • Механизмҳои ҳамкорӣ
    • Санҷиши фаъолият
    • Раёсати иҷозатномадиҳӣ
    • Рейтингҳо
    • Соҳибкории занон
    • Заминаи меъерӣ-ҳуқуқӣ
    Моликияти давлатӣ
    • Идораи моликияти давлатӣ
    • Таҷдид ва хусусигардонӣ
    • Сохторҳои идораи амволи давлатӣ
    • Заминаи меъерӣ-ҳуқуқӣ
    Чаро Тоҷикистон?

      • Тоҷикӣ
        • Забон
        • Тоҷикӣ
        • Русский
        • English
      • +992 (37) 221-86-59
      • Ҷумҳурии Тоҷикистон, 734000, ш. Душанбе, Шоҳтемур 27.
      • info@investcom.tj
      • Соатҳои корӣ аз 8:00 то 17:00

      Баргузории вохурии маҷозӣ бо аҳли намояндагии тиҷоратии Иёлоти Муттаҳидаи Амрико

      Асосӣ
      —
      Хабарҳо
      —
      Бойгонии хабарҳо
      21.02.2022
      203

      Бо мақсади муаррифии Кодекси андози Ҷумҳурии Тоҷикистон дар таҳрири нав ба соҳибкорону сармоягузорон санаи 21 январи соли ҷорӣ бо ташабусси Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатӣ дар ҳамбастагӣ бо Вазорати молия, Кумитаи андоз, Сафорати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Иёлоти Муттаҳидаи Амрико ва Шӯрои тиҷоратии ИМА ва Тоҷикистон вохурӣ бо аҳли намояндагии зиёда аз понздаҳ ширкати амрикоӣ дар шакли маҷозӣ баргузор карда шуд.

      Вохурӣ бо суханони ифтитоҳии муовини раиси Кумита – Хуршедаи Қодир, Сафири фавқулода ва Мухтор дар Иёлоти Муттаҳидаи Амрико – Ҳамрализода Фаррух Маҳмуд ва директори иҷроияи Шӯрои тиҷоратии ИМА ва Тоҷикистон (USTJBC) Елена Сон ҳусни оғоз гирифта, дар робита ба ҳолати муносибати ҳамкории кишварҳо ва рушди густурдаи минбаъдаи онҳо табодули афкор анҷом дода шуд.

      Қайд карда шуд, ки аз 1 январи соли 2022 дар ҷумҳурӣ Кодекси андоз дар таҳрири нав мавриди амал қарор гирифт, ки дар таҳияи он коршиносони маҳаллию байналмилалӣ, аз ҷумла Бонки Умумиҷаҳонӣ, Хазинаи Байнамилалии Асъор, Бонки Осиёгии Рушд ва Бонки Аврупоии Таҷдид ва Рушд ва дигар шарикони тиҷоратӣ ҷалб гардида, дар заминаи омӯзиши таҷрибаи давлатҳои ҳамсоя тарҳрезӣ гардида, таклифу пешниҳодҳои намояндагони бахши хусусӣ, ассотсиатсияҳои соҳибкорӣ ва ташкилотҳои молиявӣ ба инобат гирифта шудааст.

      Инчунин изҳор гардид, ки ҳадаф аз таҳия ва қабули санад ин ба равандҳои рушди иқтисодиёти ҷаҳонӣ дар самти рақамикунонии иқтисодиёт ҷавобгӯ намудани низоми андозбандии кишвар, содда ва оммафаҳм намудани муқаррароти он, муносибгардонии меъёрҳои андоз ва пешбинӣ гардидани имтиёзҳои иловагӣ барои бахши хусусӣ, ки дар маҷмуъ мувозинатро  миёни сиёсати фискалӣ ва ҳавасмандгардонии сармоягузорию бахши хусусӣ таъмин мекунад, маҳсуб меёбад.

      Зимнан, барои соҳибкорону сармоягузорони амрикоӣ намояндагони Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатӣ, Кумитаи андоз ва  Сафорати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ИМА оид ба муқаррароти маъмурикунонии расмиёти андоз,  меъёрҳои андозӣ ва амалигардонии сиёсати раводиди Ҷумҳурии Тоҷикистон рӯнамо манзур намуданд.

      Дар ҷамъбаст қайд карда шуд, ки дар шароити имрӯза баргузор намудани чунин чорабиниҳо муҳим арзёбӣ мегардад ва дар назар аст, ки дар ояндаи наздик силсилавохуриҳои маҷозӣ аз рӯи соҳаҳо байни бахши хусусии ду кишвар ташкил карда шаванд.

      Саҳифаи асосӣ


      Сармоягузорӣ
      Сармоягузории давлатӣ
      Имкониятҳои сармоягузорӣ
      Роҳнамои сармоягузор
      Заминаи меъерӣ-ҳуқуқӣ
      Харитаи сармоягузорӣ
      Соҳибкорӣ
      Дастгирии давлатии соҳибкорӣ
      Нишондиҳандаҳои рушди фаъолияти соҳибкорӣ
      Механизмҳои ҳамкорӣ
      Санҷиши фаъолият
      Раёсати иҷозатномадиҳӣ
      Рейтингҳо
      Соҳибкории занон
      Заминаи меъерӣ-ҳуқуқӣ
      Моликияти давлатӣ
      Идораи моликияти давлатӣ
      Таҷдид ва хусусигардонӣ
      Сохторҳои идораи амволи давлатӣ
      Заминаи меъерӣ-ҳуқуқӣ
      Чаро Тоҷикистон?
      2024 © Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон
      Яндекс.Метрика
      ТАМОС БО МО