Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатӣ ҷиҳати иҷрои саривақтии фармонҳо ва дастуру супоришҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, қарору фармоишҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, супоришҳои Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ва санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ мунтазам чораҳои мушаххас андешида истодааст.
Дар ин давра, аз ҷониби Кумита зиёда аз 80 лоиҳаҳои санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ таҳия карда шуд, ки беш аз 50 фоизи онҳо қабул гардидаанд.
Ба ҳолати 1 январи соли 2022 дар ҷумҳурӣ беш аз 78 адад лоиҳаҳои давлатии сармоягузорӣ ба маблағи зиёда аз 42,0 млрд. сомонӣ мавриди татбиқ қарор дорад, ки дар доираи онҳо дар соли 2021 беш аз 5,0 млрд. сомонӣ азхуд гардидааст.
Дар соли 2021 барои татбиқи лоиҳаҳои афзалиятноки кишвар бо шарикони рушд созишномаҳои қарзию грантӣ ва кумаки техникӣ ба маблағи беш аз 6,0 млрд. сомонӣ ба имзо расонида шуд, ки аз он зиёда аз 88,0 фоизашро маблағҳои грантӣ ташкил медиҳад.
Тавассути лоиҳаҳои нави сармоягузории баимзорасида, корҳои зерин аз қабили зиёда аз 50 км роҳ дар ҳудуди вилояти Суғд, таҷдиди зиёда аз 100 км роҳ ва сохтмони нақб ва пулҳо дар ҳудуди вилояти Мухтори Куҳистони Бадахшон, беҳсозии системаи оби нушокӣ ва неруи барқ, сохтмони сардхонаҳо ва ғайраҳо дар ҳудуди шаҳру ноҳияҳои кишвар пешбинӣ шудааст.
Новобаста аз он, ки коҳишёбии сатҳи ҷаҳонии сармояи мустақими хориҷӣ дар соли 2020 мушоҳида гардид, дар натиҷаи андешидани тадбирҳои саривақтӣ, тамоюли мусбии ҷалби сармояи хориҷӣ дар соли 2021 таъмин карда шуд.
Кумита бо мақсади ҷалби сармояи ватанию хориҷӣ, 25 ҳамоишу форумҳои соҳибкорию сармоягузорӣ бо доираҳои тиҷоратии кишварҳои хориҷӣ, Форуми байналмилалии Душанбе – Инвест-2021, инчунин бори нахуст форумҳои минтақавии соҳибкорию сармоягузориро дар вилоятҳои Суғду Хатлон ва минтақаи Рашт доир намуд, ки дар доираи онҳо беш аз 50 санадҳои ҳамкорӣ, аз ҷумла барои бунёди корхонаҳои нави саноатӣ ба мувофиқа расонида шуд.
Дар соли 2021 ба ҷумҳурӣ беш аз 700,0 млн. доллари амрикоӣ сармояи хориҷӣ ворид гардидааст, ки аз он дар доираи 340,0 млн. долларро сармояи мустақим ва 370,0 млн. долларро дигар намуди сармояҳо ташкил медиҳад.
Воридоти сармояи хориҷӣ нисбат ба соли 2020 тамоюли афзоишдошта, дар маҷмӯъ зиёдшавӣ ба маблағи беш аз 280 млн. доллар (ё 1,7 маротиба), аз ҷумла сармояи мустақим 179,7 млн. доллар (ё 2,1 маротиба) ва дигар намуди сармояҳо бошад 110,6 млн. доллар (ё 1,4 маротиба) баробар мебошад.
Сармояи мустақим дар ин давра ба ҷумҳурӣ асосан аз Ҷумҳурии Халқии Хитой дар ҳаҷми наздики 210,0 млн. доллар, Туркия 25,0 млн. доллар, Швейтсария 21,0 млн. доллар, Фаронса 19,0 млн. доллар, Кипр 10,0 млн. доллар, Британияи Кабир 6,0 млн. доллар ва дигар давлатҳо ворид гардидааст.
Сармояҳои мустақим маҷмуан ба соҳаҳои истихроҷи маъдан (56,9 фоиз), саноати коркард (9,9 фоиз), сохтмон (2,1 фоиз) ва ба дигар соҳаҳо (31,1 фоиз) равона карда шудаанд.
Қобили зикр аст, ки бо мақсади рушди соҳаҳои истеҳсолӣ ва расидан ба ҳадафи чоруми миллӣ - саноатикунонии босуръати кишвар, дар соли 2021 чор созишномаи сармоягузорӣ ба маблағи беш аз 160 млн. доллари амрикоӣ дар самти истеҳсоли таҷҳизоти барқӣ, таъсиси гармхонаҳои инноватсионӣ барои истеҳсоли сабзавот, истеҳсоли гӯшти чорво ва таъсиси корхонаи коркарди маъдан ба имзо расонида шуд.
Дар ин раванд, ҷиҳати татбиқи дигар лоиҳаи сармоягузорӣ (6 адад) барои бунёди корхонаҳои нави истеҳсолӣ дар самти нӯриҳои минералӣ, нассоҷӣ ва масолеҳи сохтмонӣ бо ширкатҳои ватанию хориҷӣ ҳамкориҳо ба роҳ монда шуданд.
Бо мавриди татбиқ қарор гирифтани лоиҳаҳои мазкур ташкил шудани беш аз 3500 ҷойҳои кории нав пешбинӣ гардида истодааст.
Бо таваҷҷуҳ ба эълон гардидани солҳои 2022–2026 «Солҳои рушди саноат», ки аз паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Кумита ҷиҳати ҷалби сармояи мустақим бо доираҳои сармоягузории ҷумҳуриҳои Туркия, Узбекистон, Корея дар самти энергетика, нассоҷӣ ва хизматрасонӣ, ташкили парки инноватсионию технологӣ, бунёди корхонаҳои истеҳсолӣ корбарӣ рафта истодааст.
Дар самти дастгирии соҳибкорӣ, пешбурди низоми иҷозатдиҳӣ ва мониторинги санҷишҳо дар соли 2021 як қатор корҳои мушаххас амалӣ шуданд.
Аз 1 январи соли 2022, Кодекси андоз дар таҳрири нав мавриди амал қарор гирифт, ки баҳри боз ҳам мусоид гардидани фазои соҳибкорӣ ва сармоягузорӣ, гузариш ба технологияи рақамӣ ва ташкили ҷойҳои корӣ замина мегузорад.
Ҷиҳати таъмини фаъолияти рақобатпазири соҳаҳои иқтисоди миллӣ, фароҳам овардани фазои мусоиди сармоягузорӣ, таъмини шаффофияти фаъолияти субъектҳои хоҷагидорӣ, ҳамоҳанг намудани меъёри андозҳо бо давлатҳои ҳамсоя ва шарикони асосии тиҷоратии кишвар, меъёри андозҳо бознигарӣ ва такмил дода шуданд.
Тибқи маълумоти Агентии омори назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон тариқи «Равзанаи ягона» то 1 январи соли 2022 дар миқёси ҷумҳурӣ зиёда аз 335 ҳазор адад субъектҳои хоҷагидор фаъолият мекунанд, ки ин нишондод дар муқоиса нисбат ба соли 2020-ум 3508 адад зиёд мебошад.
Аз шумораи умумии субъектҳои хоҷагидор, соҳибкорони инфиродӣ дар миқёси ҷумҳурӣ зиёда аз 307 ҳазор адад ба қайд гирифта шудааст, ки ин нишондиҳанда дар муқоиса ба солҳои қаблӣ тамоюли зиёдшавӣ дорад.
Тибқи маълумоти Бонки миллии Тоҷикистон дар соли 2021 аз ҷониби ташкилотҳои қарзӣ беш аз 8 млрд. сомонӣ ба соҳибкорон дастрас шудааст, ки нисбат ба ҳамин давраи соли 2021-ум 26 фоиз зиёд мебошад.
Бо мақсади баланд бардоштани маърифати иқтисодию ҳуқуқии соҳибкорон, дар назди Кумита Муассисаи давлатии «Ташаккул ва рушди соҳибкории Тоҷикистон» ва шуъбаҳои он дар шаҳрҳои Бохтар, Кулоб, Хуҷанд ва Хоруғ, инчунин Маркази навтаъсиси омӯзишӣ дар назди КВД “Тоҷинвест” фаъолият намуда истода, дар соли 2021 зиёда аз 150 чорабиниҳои омӯзишӣ барои соҳибкорон доир намуд.
Ҳамзамон, ҷиҳати дастрасӣ ба маълумотҳо оид ба фаъолияти соҳибкорию сармоягузорӣ, заминаи мобилии “Соҳибкор” таҳия ва бо се забон (тоҷикӣ, русӣ ва англисӣ) дар шабакаи интернет роҳандозӣ гардид.
Кумита бо мақсади истифодаи васеи хизматрасониҳои электронӣ дар раванди амалӣ намудани хизматрасониҳои давлатӣ корбариро ҷиҳати таъсиси Марказҳои хизматрасонӣ ба соҳибкорон ва сармоягузорон идома дода истодааст.
Ҳадаф аз ташкили чунин Марказҳо дар кишвар, ин таъмини хизматрасониҳои босифати давлатӣ ба соҳибкорону сармоягузорон, инчунин истифодаи технологияҳо ва усулҳои муосири инноватсионӣ дар ташкили хизматрасониҳои мақомоти давлатӣ мебошад.
Бо мақсади ҳаллу фасли бевоситаи мушкилоту масъалаҳои соҳибкорону сармоягузорон ва андешидани тадбирҳои саривақтӣ, Шӯрои машваратии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба беҳтар намудани фазои сармоягузорӣ фаъолият намуда истодааст, ки масъалаҳои муҳими соҳибкориву сармоягузориро мавриди баррасӣ қарор дода, доир ба ҳалли онҳо чораҷӯӣ менамояд.
Дар соли 2021 ҷаласаи 21-юми фосилавии Шӯрои машваратии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба беҳтар кардани фазои сармоягузорӣ ва ҷаласаи 3-юми фосилавии Шуро, инчунин як қатор форуму ҳамоишҳо ва конфронсу семинарҳо баргузор гардиданд.
Дар доираи фаъолияти Шуро, як қатор ислоҳотҳо ва таҳлилҳо дар самтҳои рушди саноат ва баланд бардоштани иқтидорҳои истеҳсолӣ, муосиргардонии хизматрасониҳои электронӣ ба соҳибкорону сармоягузорон, рушди тиҷорати электронӣ, роҳҳои баланд бардоштани соҳибкорӣ миёни занон ва дигар самтҳо гузаронида шуда, тавсияҳо омода карда шуданд.
Дар заминаи тавсияҳои таҳиякардашуда, лоиҳаи Нақшаи чорабиниҳо оид ба беҳтар намудани фазои сармоягузорӣ дар соҳаи саноат барои солҳои 2021-2023 таҳия гардида, бо қарори Ҳукумати мамлакат аз 2 сентябри 2021, №361 тасдиқ гардид.
Дар баробари ин, лоиҳаи қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи паркҳои технологӣ” дар таҳрири нав ва “Дар бораи тиҷоратикунонии натичаҳои фаъолияти илмӣ ва илмию техникӣ” низ таҳия карда шуданд.
Бо мақсади татбиқи босамари санадҳои меъёрии ҳуқуқии соҳаи санҷиши фаъолияти субъектҳои хоҷагидор аз соли 2017 ҳамасола нақшаҳои солонаи гузаронидани санҷишҳои нақшавии мақомоти санҷишӣ дар мувофиқа бо Шӯрои ҳамоҳангсозии фаъолияти мақомоти санҷишӣ тасдиқ гардида, дар сомонаҳои расмии Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатӣ, мақомоти санҷишӣ ва воситаҳои ахбори омма барои шиносоии субъектҳои хоҷагидор ҷойгир карда мешаванд.
Бо мақсади боз ҳам беҳтар гардонидани фазои сармоягузорӣ ва рушди соҳибкорӣ дар самти дастрасии маълумот оид ба додани тамоми хизматрасониҳои давлатӣ, ки хусусияти иҷозатдиҳӣ доранд, Феҳристи хизматрасониҳои давлатӣ ба соҳибкорон омода карда шуда, ҷиҳати пурра ва саҳеҳ ҷойгир намудани тамоми маълумотҳо вобаста ба номгӯи хизматрасониҳои давлатӣ ба субъектҳои соҳибкорӣ дар феҳрист бо мақомоту сохторҳои давлатӣ корбарӣ гардида истодааст.
Кумита бо мақсади татбиқи сиёсати Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар самти хусусигардонӣ, истифодаи самараноки моликияти давлатӣ ва такмили санадҳои меъёрии ҳуқуқии соҳаи идораи амволи давлатӣ як қатор корҳои мушаххасро ба анҷом расонидааст.
Дар давраи ҳисоботӣ баҳри ҳалли масъалаҳои истифодаи самараноки моликияти давлатӣ корҳои зарурӣ анҷом дода шуда, 40 санади меъёрии ҳуқуқӣ таҳия гардидааст.
Дар соли 2021 аз ҳисоби хусусигардонӣ ва истифодаи моликияти ҷумҳуриявӣ беш аз 47,0 млн. сомонӣ ба буҷети давлатӣ ворид гардидаст.
Бояд қайд намуд, ки тамоми маълумоти зарурӣ оид ба лоиҳаҳои сармоягузории давлатӣ, дастгирии соҳибкорӣ, имтиёзҳои аз ҷониби давлату ҳукумат пешниҳодгардида, қонунгузорӣ дар самти соҳибкорию фаъолияти сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатӣ, низоми иҷозатдиҳӣ, инчунин хабару рӯйдодҳо, харитаи сармоягузорӣ, соҳаҳои афзалиятноки сармоягузории Тоҷикистон ва эълону дигар маълумотҳоро метавон аз сомонаи расмии Кумита бо суроғаи www.investcom.tj дастрас намуд.
Ҳамзамон, портали амволи давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар суроғаи электронии www.molikiyat.tj, сомонаи КВД оид ба ташкили фурӯши амволи давлатӣ www.muzoyada-kvd.tj, сомонаи Котиботи Шӯрои машваратии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба беҳтар намудани фазои сармоягузорӣ www.investmentcouncil.tj, сомонаи муассисаи давлатии «Маркази татбиқи лоиҳаҳои шарикии давлат ва бахши хусусӣ» www.ppp.tj, сомонаи муассисаи давалатии “Ташаккул ва рушди соҳибкорӣ дар Тоҷикистон” www.bizincubator.tj , сомонаи КВД «Тоҷинвест» www.tajinvest.tj ва портали интерактивии “Соҳибкор бо соҳибкор” www.b2b.tj фаъол мебошанд, ки дар онҳо маълумоти зарурӣ доир ба ислоҳоти анҷомдодашуда, пешбурди соҳибкорию сармоягузорӣ ва ҳамкориҳои давлат ва бахши хусусӣ, ҷараёни фурӯш ва ба иҷора супоридани амволи давлатӣ ва дигар ахбору навид ҷойгир мебошанд.