Размер шрифта
Цвет фона и шрифта
Изображения
Озвучивание текста
Обычная версия сайта
State Committee on Investments and State property management
of the Republic of Tajikistan
  • ABOUT THE COMMITTEE
  • PRESS CENTER
  • TENDERS
  • CONTACTS
  • ...
    "/>
    Тоҷикӣ Русский
    English
    Investments
    • Public investments
    • Investment opportunities
    • Investor's Guide
    • Regulatory framework
    • Investment map
    Entrepreneurship
    • State support for entrepreneurship
    • Business development indicators
    • Cooperation mechanisms
    • Checking the activity
    • Licensing system
    • Ratings
    • Women's entrepreneurship
    • Regulatory framework
    State property
    • State Property Management
    • Restructuring and privatization
    • Structure of state property management
    • Regulatory framework
    Why Tajikistan?

      • English
        • Language
        • English
        • Тоҷикӣ
        • Русский
      • +992 (37) 221-86-59
      • The Republic of Tajikistan, 734000, Dushanbe, Shootemur str. 27.
      • info@investcom.tj
      • Opening hours from 8:00 to 17:00

      Чорабинии идона бахшида ба Рӯзи модарон

      Home
      —
      News
      —
      News archive
      05.03.2022
      226

      Имрӯз бо иштироки роҳбарияти Кумита, кормандони дастгоҳи марказӣ ва ташкилотҳои системаи Кумита ба муносибати Рӯзи модарон ҷаласаи тантанавӣ баргузор гардид.

      Чорабиниро муовини раиси Кумита Зуҳурзода Саид ҳусни оғоз бахшида қайд намуд, ки дар оғози фасли баҳори нозанин ва шукуфоии табиат ҷашнгирии Рӯзи модарон - 8 март рамзӣ буда, он ба мардуми башар аз баҳорандомию назокати занону модарони арҷманд муждаи гуворо мерасонад. 

      Эҳтироми зан, шинохту қадр ва манзалати модар қарз ва рисолати ҳар фарди худогоҳ буда, мо дар сурате онро адо карда метавонем, ки ба қадри заҳмату ранҷ, шири ҷонбахши модар, меҳру самимият ва ғамхории пайвастаи модарон ва хоҳарони боиффату ҳаётофари худ арҷи шоиста гузошта тавонем. 

      Ҳамчунин таъкид гардид, ки Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар шинохт ва эҳтироми зан-модар қайд менамоянд: «Ҷомеае, ки ба зан-модар ғамхорӣ менамояд, ба ояндаи худаш ғамхорӣ мекунад. Давлате, ки нисбат ба зан – модар – сарчашмаи ҳаёт ва бақои насли инсонӣ бепарво мебошад, ояндаи худро аз даст медиҳад». 

      Воқеан, миллати соҳибфарҳангу тамаддунсози тоҷик дар тӯли асрҳои зиёд доир ба одоби оиладорӣ, муносибатҳои хонаводагӣ ва таълиму тарбияи фарзанд суннату меъёрҳое эҷод кардааст, ки онҳо маҳз тавассути занону модарони арҷманди мо барои наслҳои имрӯзу фардо низ чун мактаби беҳтарини зиндагӣ хизмат мекунанд.

      Ба ин маънӣ, занону модарони мо нигоҳдорандаву давомдиҳандаи беҳтарин анъанаҳо ва ойинҳои асилу деринаи халқамон, хусусан, дар тарбия кардану ба камол расонидани фарзандони баодобу соҳибмаърифат ва ватандӯсту далер мебошанд.

      Дар рафти ҷаласа Зуҳурзода Саид аз номи роҳбарияти Кумита занон ва бонувони Кумитаро ба муносибати ҷашни Рӯзи модар ва барои фаъолияти пурсамари меҳнатӣ  бо “Ифтихорнома”-и Кумита қадрдонӣ намуд.

      Дар охир муовини раиси Кумита бори дигар ҳамаи модарону бонувонро ба ифтихори ҷашни фархундаи Рӯзи модар табрик намуда, ба онҳо тани сиҳат, иқболи баланд, осоишу оромӣ ва хушбахтиву файзу баракати рӯзгорро таманно намуд.



      Main page


      Investments
      Public investments
      Investment opportunities
      Investor's Guide
      Regulatory framework
      Investment map
      Entrepreneurship
      State support for entrepreneurship
      Business development indicators
      Cooperation mechanisms
      Checking the activity
      Licensing system
      Ratings
      Women's entrepreneurship
      Regulatory framework
      State property
      State Property Management
      Restructuring and privatization
      Structure of state property management
      Regulatory framework
      Why Tajikistan?
      2026 © State Committee on Investments and State property management of the Republic of Tajikistan
      Яндекс.Метрика Сайты Таджикистана. Единый каталог сайтов
      CONTACT US