Размер шрифта
Цвет фона и шрифта
Изображения
Озвучивание текста
Обычная версия сайта
Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон
  • ДАР БОРАИ КУМИТА
  • МАРКАЗИ МАТБУОТӢ
  • ТЕНДЕРҲО
  • ТАМОС
  • ...
    "/>
    Русский English
    Тоҷикӣ
    Сармоягузорӣ
    • Сармоягузории давлатӣ
    • Имкониятҳои сармоягузорӣ
    • Роҳнамои сармоягузор
    • Заминаи меъерӣ-ҳуқуқӣ
    • Харитаи сармоягузорӣ
    Соҳибкорӣ
    • Дастгирии давлатии соҳибкорӣ
    • Нишондиҳандаҳои рушди фаъолияти соҳибкорӣ
    • Механизмҳои ҳамкорӣ
    • Санҷиши фаъолият
    • Раёсати иҷозатномадиҳӣ
    • Рейтингҳо
    • Соҳибкории занон
    • Заминаи меъерӣ-ҳуқуқӣ
    Моликияти давлатӣ
    • Идораи моликияти давлатӣ
    • Таҷдид ва хусусигардонӣ
    • Сохторҳои идораи амволи давлатӣ
    • Заминаи меъерӣ-ҳуқуқӣ
    Чаро Тоҷикистон?

      • Тоҷикӣ
        • Забон
        • Тоҷикӣ
        • Русский
        • English
      • +992 (37) 221-86-59
      • Ҷумҳурии Тоҷикистон, 734000, ш. Душанбе, Шоҳтемур 27.
      • info@investcom.tj
      • Соатҳои корӣ аз 8:00 то 17:00

      Форуми соҳибкорӣ оид ба рушди ҳамкориҳои тиҷоратӣ-иқтисодӣ ва сармоягузории Тоҷикистону Чин

      Асосӣ
      —
      Хабарҳо
      —
      Бойгонии хабарҳо
      11.03.2022
      181

      Санаи 11 марти соли 2022 дар арафаи 30 солагии муносибатҳои дипломатӣ байни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Мардумии Чин дар толори Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатӣ Форуми соҳибкорӣ оид ба рушди ҳамкориҳои тиҷоратӣ-иқтисодӣ ва сармоягузории Тоҷикистону Чин тариқи маҷозӣ баргузор гардид.

       Дар Форуми мазкур беш аз 150 нафар иштирокчӣ тариқи маҷозӣ ва ҳузурӣ аз ҳарду ҷониб, аз ҷумла намояндагони вазорату идораҳо, соҳибкорони ватанӣ ва намояндагони ширкату корхонаҳои соҳаҳои гуногуни фаъолияти хоҷагидории Тоҷикистону Чин  дар соҳаҳои саноат, нақлиёт, хӯрокворӣ, тандурустӣ ва дигар соҳаҳо иштирок намуданд.

      Чорабинии мазкурро бо сухани ифтитоҳӣ муовини раиси Кумита – Хуршедаи Қодир, Сафири Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Чин - Саидзода Зоҳир, намояндаи Кумитаи давлатии Чин оид ба ислоҳот ва рушд ва раиси Ассотсиатсияи рушди корхонаҳои чинӣ дар хориҷа – Хэ Чжэньвэя вобаста ба муносибатҳои дипломатии  ҳарду кишвар ва инчунин ҷиҳати ҷалби сармояи хориҷӣ ба соҳаҳои гуногуни иқтисодиёти мамлакат ҳусни оғоз бахшиданд.

      Дар доираи Форум ба иштирокчиён фазо ва имкониятҳои сармоягузорӣ дар соҳаҳои, саноат, хӯрокворӣ, тандурустӣ ва дигар соҳаҳо муаррифӣ карда шуда, лоиҳаҳои муштараки ҳамкорӣ мавриди баррасӣ қарор гирифт.

      Дар фарҷоми чорабинӣ, иштирокчиёни Форуми соҳибкории Тоҷикистону Чин ба рушди муносибатҳои дуҷониба, ки фарогири ҳамаи соҳаҳои ҳамкориҳои иқтисодӣ мебошанд, баҳои баланд дода, тарафҳо ба ифоқа расиданд, ки чунин ҳамоишҳои соҳибкоронро мунтазам баргузор хоҳанд намуд.

      Саҳифаи асосӣ


      Сармоягузорӣ
      Сармоягузории давлатӣ
      Имкониятҳои сармоягузорӣ
      Роҳнамои сармоягузор
      Заминаи меъерӣ-ҳуқуқӣ
      Харитаи сармоягузорӣ
      Соҳибкорӣ
      Дастгирии давлатии соҳибкорӣ
      Нишондиҳандаҳои рушди фаъолияти соҳибкорӣ
      Механизмҳои ҳамкорӣ
      Санҷиши фаъолият
      Раёсати иҷозатномадиҳӣ
      Рейтингҳо
      Соҳибкории занон
      Заминаи меъерӣ-ҳуқуқӣ
      Моликияти давлатӣ
      Идораи моликияти давлатӣ
      Таҷдид ва хусусигардонӣ
      Сохторҳои идораи амволи давлатӣ
      Заминаи меъерӣ-ҳуқуқӣ
      Чаро Тоҷикистон?
      2024 © Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон
      Яндекс.Метрика
      ТАМОС БО МО