Размер шрифта
Цвет фона и шрифта
Изображения
Озвучивание текста
Обычная версия сайта
Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон
  • ДАР БОРАИ КУМИТА
  • МАРКАЗИ МАТБУОТӢ
  • ТЕНДЕРҲО
  • ТАМОС
  • ...
    "/>
    Русский English
    Тоҷикӣ
    Сармоягузорӣ
    • Сармоягузории давлатӣ
    • Имкониятҳои сармоягузорӣ
    • Роҳнамои сармоягузор
    • Заминаи меъерӣ-ҳуқуқӣ
    • Харитаи сармоягузорӣ
    Соҳибкорӣ
    • Дастгирии давлатии соҳибкорӣ
    • Нишондиҳандаҳои рушди фаъолияти соҳибкорӣ
    • Механизмҳои ҳамкорӣ
    • Санҷиши фаъолият
    • Раёсати иҷозатномадиҳӣ
    • Рейтингҳо
    • Соҳибкории занон
    • Заминаи меъерӣ-ҳуқуқӣ
    Моликияти давлатӣ
    • Идораи моликияти давлатӣ
    • Таҷдид ва хусусигардонӣ
    • Сохторҳои идораи амволи давлатӣ
    • Заминаи меъерӣ-ҳуқуқӣ
    Чаро Тоҷикистон?

      • Тоҷикӣ
        • Забон
        • Тоҷикӣ
        • Русский
        • English
      • +992 (37) 221-86-59
      • Ҷумҳурии Тоҷикистон, 734000, ш. Душанбе, Шоҳтемур 27.
      • info@investcom.tj
      • Соатҳои корӣ аз 8:00 то 17:00

      Баргузории ҷаласаи васеи ҳайати мушовара оид ба ҷамъбасти натиҷаҳои фаъолият дар семоҳаи якум ва вазифаҳо барои семоҳаи дуюми соли 2022

      Асосӣ
      —
      Хабарҳо
      —
      Бойгонии хабарҳо
      11.04.2022
      171

      Санаи 11 апрели соли 2022 дар Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлати ҷаласаи васеи ҳайати мушовара оид ба ҷамъбасти натиҷаҳои фаъолият дар семоҳаи якум ва вазифаҳо барои семоҳаи дуюми соли 2022 бо иштироки масъулини дастгоҳи марказӣ ва ташкилотҳои зертобеъ, сардорони раёсатҳои сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатии мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии Вилояти Мухтори Куҳистони Бадахшон, вилоятҳои Суғду Хатлон ва шаҳри Душанбе баргузор гардид.

      Дар ҷаласа маърӯзаи муовини якуми раиси Кумита оид ба натиҷаи фаъолияти Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатӣ дар семоҳаи якум ва вазифаҳо барои семоҳаи дуюми соли 2022, иҷрои вазифаҳое, ки дар Паёми Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон 21 декабри соли 2021 зикр гардидаанд, дастуру супоришҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, нақшаи чорабиниҳо аз натиҷаи сафарҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба шаҳру ноҳияҳои ҷумҳурӣ ва дигар тадбирҳои амалигардида шунида шуд.

      Инчунин, ҳисоботи сардорони раёсатҳои сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатии мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии Вилояти Мухтори Куҳистони Бадахшон, вилоятҳои Хатлону Суғд, шаҳри Душанбе ва ташкилотҳои зертобеъи Кумита шунида шуд.

               Бо натиҷагирӣ аз мушкилоти ҷойдошта дар фаъолияти раёсату бахшҳои сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатӣ дар маҳалҳо вобаста ба роҳҳои ҳалли онҳо ба масъулин дастуру супоришҳои мушаххас дода шуд.

      Таъқид гардид, ки ҷиҳати тақвияти фаъолият дар самти ҷалби сармояи мустақими хориҷӣ, тарғиби имкониятҳои сармоягузории кишвар, баланд бардоштани маърифати ҳуқуқӣ ва иқтисодии соҳибкорон мунтазам чораандешӣ намуда, корҳои фаҳмондадиҳӣ оид ба муқаррароти Кодекси андоз дар таҳрири нав, Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи авф бинобар қонунигардонии дороиҳо ва маблағҳои шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон» ва фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи эълон намудани мораторий ба ҳама намуди санҷишҳои фаъолияти субъектҳои соҳибкорӣ” тавсеа бахшида шаванд.


      Саҳифаи асосӣ


      Сармоягузорӣ
      Сармоягузории давлатӣ
      Имкониятҳои сармоягузорӣ
      Роҳнамои сармоягузор
      Заминаи меъерӣ-ҳуқуқӣ
      Харитаи сармоягузорӣ
      Соҳибкорӣ
      Дастгирии давлатии соҳибкорӣ
      Нишондиҳандаҳои рушди фаъолияти соҳибкорӣ
      Механизмҳои ҳамкорӣ
      Санҷиши фаъолият
      Раёсати иҷозатномадиҳӣ
      Рейтингҳо
      Соҳибкории занон
      Заминаи меъерӣ-ҳуқуқӣ
      Моликияти давлатӣ
      Идораи моликияти давлатӣ
      Таҷдид ва хусусигардонӣ
      Сохторҳои идораи амволи давлатӣ
      Заминаи меъерӣ-ҳуқуқӣ
      Чаро Тоҷикистон?
      2024 © Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон
      Яндекс.Метрика
      ТАМОС БО МО