Размер шрифта
Цвет фона и шрифта
Изображения
Озвучивание текста
Обычная версия сайта
Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон
  • ДАР БОРАИ КУМИТА
  • МАРКАЗИ МАТБУОТӢ
  • ТЕНДЕРҲО
  • ТАМОС
  • ...
    "/>
    Русский English
    Тоҷикӣ
    Сармоягузорӣ
    • Сармоягузории давлатӣ
    • Имкониятҳои сармоягузорӣ
    • Роҳнамои сармоягузор
    • Заминаи меъерӣ-ҳуқуқӣ
    • Харитаи сармоягузорӣ
    Соҳибкорӣ
    • Дастгирии давлатии соҳибкорӣ
    • Нишондиҳандаҳои рушди фаъолияти соҳибкорӣ
    • Механизмҳои ҳамкорӣ
    • Санҷиши фаъолият
    • Раёсати иҷозатномадиҳӣ
    • Рейтингҳо
    • Соҳибкории занон
    • Заминаи меъерӣ-ҳуқуқӣ
    Моликияти давлатӣ
    • Идораи моликияти давлатӣ
    • Таҷдид ва хусусигардонӣ
    • Сохторҳои идораи амволи давлатӣ
    • Заминаи меъерӣ-ҳуқуқӣ
    Чаро Тоҷикистон?

      • Тоҷикӣ
        • Забон
        • Тоҷикӣ
        • Русский
        • English
      • +992 (37) 221-86-59
      • Ҷумҳурии Тоҷикистон, 734000, ш. Душанбе, Шоҳтемур 27.
      • info@investcom.tj
      • Соатҳои корӣ аз 8:00 то 17:00

      Вохӯрӣ бо ассотсиатсияҳо ва иттиҳодияҳои соҳибкорон

      Асосӣ
      —
      Хабарҳо
      —
      Бойгонии хабарҳо
      18.04.2022
      179

      Санаи 18 апрели соли 2022 дар бинои Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо мақсади баррасии масъалаҳои марбут ба тақвият бахшидан ба рушди бахши хусусӣ дар соҳаи саноат ва муайян намудани мушкилоти соҳа ва ҷамъоварии таклифу пешниҳодҳо ҷиҳати рушди самти мазкур, вохӯрии масъулини Кумита бо намояндагони ассотсиатсияҳо ва иттиҳодияҳои соҳибкорон баргузор гардид.

      Боиси қайд аст, ки соҳаи саноат дар рушди минбаъдаи мамлакат, ҳалли масъалаҳои иҷтимоиву иқтисодӣ ва таъмин намудани иҷрои ҳадафҳои стратегии миллӣ аҳамияти бузург дорад.

      Дар паёми худ Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи самтҳои асосии сиёсати дохилӣ ва хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон», ки санаи 21 декабри соли 2021 зимни ироаи паёми хеш ба Маҷлиси Олӣ, солҳои 2022-2026 –ро «Солҳои рушди саноат» эълон намуданд. 

      Мутобиқи рӯзномаи вохӯрии мазкур баромадҳо аз ҷониби Забирзода Некрӯй – сардори Раёсати дастгирии соҳибкории Кумита, Халифазода Маҳмадризо - сардори Раёсати назорати иҷрои қонунгузорӣ оид ба андоз, ҳимоя ва дастгирии давлатии соҳибкории Прокуратураи генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Исматуллоев Ҷамшед - роҳбари шуъбаи тадқиқотии Ассотсиатсияи таблиғотии Тоҷикистон ва Муҳаммадиев Абдулло – сардори Раёсати самти нассоҷиву дузандагии Иттифоқи рушди бахши хусусии Ҷумҳурии Тоҷикистон вобаста ба баланд бардоштани гуногунсамтиву рақобатнокии иқтисоди миллӣ, густариши раванди рақамикунонии иқтисод, имтиёзҳо оиди Кодекси андози Ҷумҳурии Тоҷикистон дар таҳрири нав, саноатикунонии босуръат, истифодаи технологияҳои инноватсионӣ, рушди неруи инсонӣ ва заминаи устувору сифатноки иқтисоди миллӣ бо тариқи таблиғот ҷиҳати ташвиқоти истеҳсолот пешкаши ҳозирин гардид. 


      Ҳамзамон, масъалаҳо вобаста ба гузаронидани таҳлили вазъи соҳибкорӣ дар соҳаҳои гуногун, баланд бардоштани иқтидорҳои ассотсиатсияҳои соҳибкорӣ, баррасии лоиҳаҳои санадҳои меъёрии ҳуқуқии дар самти танзими фаъолияти соҳибкорӣ ва дар якҷоягӣ баргузор намудани вохӯриҳо ва семинарҳои омӯзишӣ барои соҳибкорон мавриди баррасӣ қарор гирифт.

      Дар фарҷоми вохӯрӣ, ҷиҳати дар амал татбиқ намудани ҳадафҳо ва ҳалли масъалаҳои марбут ба рушди бахши хусусӣ дар соҳаи саноат саволу ҷавоб ва таклифу пешниҳодҳо аз ҷониби ҳозирин пешниҳод гардиданд.

      Инчунин, бо назардошти масъалаҳои матраҳшаванда, вохӯрии мазкур ба қарор омад, ки гузаронидани таҳлили вазъи соҳибкорӣ дар соҳаҳои гуногун ва омода намудани таклифҳо ҷиҳати беҳтар намудани фазои соҳибкорӣ дар кишвар, баланд бардоштани иқтидорҳои асотсиатсиҳои соҳибкорӣ, ҷалби ассотсиатсияҳо дар рафти таҳияи барномаҳои рушди соҳибкорӣ дар мамлакат ва дар якҷоягӣ баргузор намудани вохӯриҳо ва семинарҳои омӯзишӣ барои соҳибкорон мунтазам амалӣ хоҳад гардид.

      Саҳифаи асосӣ


      Сармоягузорӣ
      Сармоягузории давлатӣ
      Имкониятҳои сармоягузорӣ
      Роҳнамои сармоягузор
      Заминаи меъерӣ-ҳуқуқӣ
      Харитаи сармоягузорӣ
      Соҳибкорӣ
      Дастгирии давлатии соҳибкорӣ
      Нишондиҳандаҳои рушди фаъолияти соҳибкорӣ
      Механизмҳои ҳамкорӣ
      Санҷиши фаъолият
      Раёсати иҷозатномадиҳӣ
      Рейтингҳо
      Соҳибкории занон
      Заминаи меъерӣ-ҳуқуқӣ
      Моликияти давлатӣ
      Идораи моликияти давлатӣ
      Таҷдид ва хусусигардонӣ
      Сохторҳои идораи амволи давлатӣ
      Заминаи меъерӣ-ҳуқуқӣ
      Чаро Тоҷикистон?
      2024 © Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон
      Яндекс.Метрика
      ТАМОС БО МО