Размер шрифта
Цвет фона и шрифта
Изображения
Озвучивание текста
Обычная версия сайта
State Committee on Investments and State property management
of the Republic of Tajikistan
  • ABOUT THE COMMITTEE
  • PRESS CENTER
  • TENDERS
  • CONTACTS
  • ...
    "/>
    Тоҷикӣ Русский
    English
    Investments
    • Public investments
    • Investment opportunities
    • Investor's Guide
    • Regulatory framework
    • Investment map
    Entrepreneurship
    • State support for entrepreneurship
    • Business development indicators
    • Cooperation mechanisms
    • Checking the activity
    • Licensing system
    • Ratings
    • Women's entrepreneurship
    • Regulatory framework
    State property
    • State Property Management
    • Restructuring and privatization
    • Structure of state property management
    • Regulatory framework
    Why Tajikistan?

      • English
        • Language
        • English
        • Тоҷикӣ
        • Русский
      • +992 (37) 221-86-59
      • The Republic of Tajikistan, 734000, Dushanbe, Shootemur str. 27.
      • info@investcom.tj
      • Opening hours from 8:00 to 17:00

      Баимзорасонии Созишномаи сармоягузорӣ байни Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, Ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуди «АВЕСТО ГУРУҲ» ва Ширкати «ULASIM IC VE DIS TICARET ANONIM SIRKETI»-и Ҷумҳурии Туркия

      Home
      —
      News
      —
      News archive
      09.08.2018
      2 929
      Санаи 9 августи соли 2018 дар Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон маросими баимзорасии “Созишномаи сармоягузорӣ байни Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, Ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуди «АВЕСТО ГУРУҲ» ва Ширкати «ULASIM IC VE DIS TICARET ANONIM SIRKETI»-и Ҷумҳурии Туркия оид ба сохтмони Корхонаи истеҳсоли воситаҳои нақлиёти мусофирбари ҷамъиятию боркаш ва ба роҳ мондани маркази хизматрасонии техникӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон” доир гардид.


      Созишномаи мазкурро аз номи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Ҳамрализода Фаррух Маҳмуд -Раиси Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон, аз номи Ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуди “Авесто Гуруҳ”, директори генералӣ – Мирзо Муҳаммад Файзуллозода ва аз номи  ва ширкати «ULASIM IC VE DIS TICARET ANONIM SIRKETI»-и Ҷумҳурии Туркия – менеҷери генералии ширкат Ремзи Бака ба имзо расониданд.


      Қобили қайд аст, ки бо мақсади навсозии парки техникии шаҳри Душанбе барои харидории 100 автобуси тамғаи “AKIA” бо дарназардошти бандубасти он дар ҳудуди Ҷумҳурии Тоҷикистон байни Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе ва Ширкати туркии «AKIA» шартномаи ҳамкорӣ ба имзо расонида шудааст.

      Моҳи феврали соли ҷорӣ Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо фаъолияти корхонаи муштараки “AKIA AVESTO”, ки бори аввал дар мамлакат бандубасти автобусҳои тамғаи «AKIA»-ро ба роҳ мондааст, шинос шуда, амалӣ кардани иқдоми мазкурро дар пешрафт ва баланд гардидани сатҳу сифати хизматрасонӣ дар соҳаи мусофиркашонии шаҳри Душанбе муҳиму саривақтӣ арзёбӣ намуданд.


      Дар мавриди ба фаъолият оғоз намудани корхонаи  нав иқтидори истеҳсоли автобусҳо дар як сол аз 250 то 300 ададро ташкил дода, шумораи кормандон аз ҳисоби мутахассисони маҳаллӣ на кам аз 200 нафар хоҳад шуд. 

      Корхонаи мазкур дар муҳлати як сол сохта ба истифода дода шуда, дар оянда ташкили марказҳои хизматрасонӣ дар дигар шаҳру навоҳии ҷумҳурӣ ба нақша гирифта шудааст.


      Сохтмони корхонаи истеҳсоли воситаҳои нақлиёти мусофирбарии ҷамъиятию боркаш ва ба роҳ мондани маркази хизматрасонии техникӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон дар заминаи Ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуд «Акиа Авесто Автоматив Индастри» ва Ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуди «Сити Сервис Лтд» амалӣ хоҳад гашт.

      Main page


      Investments
      Public investments
      Investment opportunities
      Investor's Guide
      Regulatory framework
      Investment map
      Entrepreneurship
      State support for entrepreneurship
      Business development indicators
      Cooperation mechanisms
      Checking the activity
      Licensing system
      Ratings
      Women's entrepreneurship
      Regulatory framework
      State property
      State Property Management
      Restructuring and privatization
      Structure of state property management
      Regulatory framework
      Why Tajikistan?
      2026 © State Committee on Investments and State property management of the Republic of Tajikistan
      Яндекс.Метрика Сайты Таджикистана. Единый каталог сайтов
      CONTACT US