Размер шрифта
Цвет фона и шрифта
Изображения
Озвучивание текста
Обычная версия сайта
Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон
  • ДАР БОРАИ КУМИТА
  • МАРКАЗИ МАТБУОТӢ
  • ТЕНДЕРҲО
  • ТАМОС
  • ...
    "/>
    Русский English
    Тоҷикӣ
    Сармоягузорӣ
    • Сармоягузории давлатӣ
    • Имкониятҳои сармоягузорӣ
    • Роҳнамои сармоягузор
    • Заминаи меъерӣ-ҳуқуқӣ
    • Харитаи сармоягузорӣ
    Соҳибкорӣ
    • Дастгирии давлатии соҳибкорӣ
    • Нишондиҳандаҳои рушди фаъолияти соҳибкорӣ
    • Механизмҳои ҳамкорӣ
    • Санҷиши фаъолият
    • Раёсати иҷозатномадиҳӣ
    • Рейтингҳо
    • Соҳибкории занон
    • Заминаи меъерӣ-ҳуқуқӣ
    Моликияти давлатӣ
    • Идораи моликияти давлатӣ
    • Таҷдид ва хусусигардонӣ
    • Сохторҳои идораи амволи давлатӣ
    • Заминаи меъерӣ-ҳуқуқӣ
    Чаро Тоҷикистон?

      • Тоҷикӣ
        • Забон
        • Тоҷикӣ
        • Русский
        • English
      • +992 (37) 221-86-59
      • Ҷумҳурии Тоҷикистон, 734000, ш. Душанбе, Шоҳтемур 27.
      • info@investcom.tj
      • Соатҳои корӣ аз 8:00 то 17:00

      Ҷашн гирифтани 27-умин солгарди Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон

      Асосӣ
      —
      Хабарҳо
      —
      Бойгонии хабарҳо
      06.09.2018
      1 496
      Рӯзи 4 сентябри соли 2018 дар бинои Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатӣ ҷаласа оид ба ҷашн гирифтани 27-умин солгарди Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор гардид. Дар ҷаласа сухани ифтитоҳиро Раиси Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатӣ Ҳамрализода Фаррух Маҳмуд оғоз намуда, дар ин доира кормандони дастгоҳи марказӣ ва зерсохторҳои Кумита иштирок доштанд.
      Инчунин дар ҷаласа Солеҳзода Ашурбой Абдувоҳид Ёрдамчии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба масъалаҳои иқтисодӣ ва Ҷуразода Кабирҷон Мушовири бахши Ёрдамчии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба сиёсати иқтисодӣ барои супоридани Ифтихорномаи Ҷумҳурии Тоҷикистон иштирок доштанд.
      Ҳамзамон, бо Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 7 августи соли 2018, №1080 ба кормандони зерини Кумита бо Ифтихорномаи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи сарфарозгардонии кормандони соҳаи илму фарҳанг, истеҳсоли мол ва хизматрасониҳо, мақомоти маҳаллии ҳокимияти давлатӣ, дигар хизматчиёни давлатӣ ва соҳибкорони хусусӣ бо мукофотҳои давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон, барои дастовардҳои баланди истеҳсолию соҳибкорӣ, фаъолияти самаранок дар хизмати давлатӣ ва саҳми арзанда дар рушди илму фарҳанги мамлакат, таҳкими сулҳу дустӣ ва ҳамкорӣ байни халқҳо мутобиқи моддаи 69 Конститутсияи Ҷумҳури Тоҷикистон сарфароз гардонида шуданд.
      Давлатзода Муродалӣ Давлат сардори шуъбаи таъминоти ҳуқуқии Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатӣ ва Ҳақназарзода Комилҷон Сайдулло сардори раёсати пешбурди низоми иҷозатдиҳии Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатӣ.
      Инчунин, аз тарафи Раиси Кумитаи давлатии сармоягузорӣ Ҳамрализода Фаррух Маҳмуд ба сардорону кормандони дастгоҳи марказӣ ва шаҳру ноҳияҳои Кумита Ифтихорномаҳо барои дастовардҳои баланди истеҳсолию соҳибкорӣ, фаъолияти самаранок дар хизмати давлатӣ ва саҳми арзанда дар рушди илму фарҳанги мамлакат, таҳкими сулҳу дустӣ ва ҳамкорӣ байни халқҳо сарфароз намуданд.
      Дар фарҷоми ҷаласа Раиси Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатӣ Ҳамрализода Фаррух Маҳмуд ҳозиринро бо камоли эҳтиром ва самимияти бепоён бо ҷашни 27-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон табрику таҳният гуфта, сиҳадмандӣ, файзу баракати зиндагӣ ва дар фаъолияти масъулиятноки давлатӣ баҳри рушду нумӯ ва ободонии Тоҷикистони соҳибистиқлол комёбиву пирузиҳоро таманно намуданд.
      Саҳифаи асосӣ


      Сармоягузорӣ
      Сармоягузории давлатӣ
      Имкониятҳои сармоягузорӣ
      Роҳнамои сармоягузор
      Заминаи меъерӣ-ҳуқуқӣ
      Харитаи сармоягузорӣ
      Соҳибкорӣ
      Дастгирии давлатии соҳибкорӣ
      Нишондиҳандаҳои рушди фаъолияти соҳибкорӣ
      Механизмҳои ҳамкорӣ
      Санҷиши фаъолият
      Раёсати иҷозатномадиҳӣ
      Рейтингҳо
      Соҳибкории занон
      Заминаи меъерӣ-ҳуқуқӣ
      Моликияти давлатӣ
      Идораи моликияти давлатӣ
      Таҷдид ва хусусигардонӣ
      Сохторҳои идораи амволи давлатӣ
      Заминаи меъерӣ-ҳуқуқӣ
      Чаро Тоҷикистон?
      2024 © Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон
      Яндекс.Метрика
      ТАМОС БО МО