ТАМОС БО МО
Дар меҳмонхонаи “Ҳаят Реҷенсӣ”, пойтахти Ҷумҳурии Тоҷикистон-шаҳри Душанбе, 22 августи соли 2018 намоиши маҳсулоти занҳои ҳунарманд, чорабинии омӯзишӣ (мастер класс) барои нимфиналистони озмун дар мавзуи “Ман зан” ва инчунин нишасти комиссияи экспертӣ барои муайян намудани ғолибони номинатсияҳо ва Шоҳҷоиза баргузор гардид.
Озмуни “Бонуи соҳибкори сол” Ҷоизаи “Фараҳ-2018” солҳои охир дар байни занони соҳибкори Тоҷикистон эътибори хоса пайдо намудааст ва иштирок намудан дар ин озмун барои онҳо нишонаи шаъну шараф гардидааст. Аз оғози гузаронидани озмуни “Фараҳ” то имрӯз, яъне соли 2012 то 2018. Дар ин озмуни ҷумҳуриявӣ 1288 нафар соҳибкорзанон аз тамоми гӯшаву канори кишвар иштирок варзиданд.

Боиси қайд аст, ки дар давоми озмун, аз моҳи марти соли ҷорӣ, дар тамоми шаҳру ноҳияҳои кишвар 21 мизи мудаввар ва 4 ҷаласаи экспертӣ гузаронида шуд, ки дар ин чорабиниҳо ҳамаи масъалаҳо оид ба рушди соҳибкории занон муҳокима гардиданд. Барои иштирокчиён ва нимфиналистони озмун, бо дастгирии Бонки рушди Осиё, 7 тренинги омузишӣ оиди технологияҳои иттилоотии муосир гузаронида шуд. Рӯзи ҷамъбасти озмун аз тарафи мушовир-тренери дараҷаи байналхалқӣ Фируза Носирова мастер-класси махсус барои нимфиналистони озмун гузаронида шуд. Дар чорабиниҳои омӯзишӣ ва мастер-классҳо муҳокимаи масъалаҳои соҳибкории занон, баррасии муаммоҳо ва монеаҳодар рушди соҳибкории занон, таъсир ва натиҷаҳои озмун барои занони соҳибкор, дурнамову нақшаҳои ояндаи рушди соҳибкорӣ пешкаш гардидаанд. Дар ин чорабиниҳо барои занони соҳибкор маводҳои муфид оиди хислатҳои сарварӣ, мақсадгузорӣ, идоракунӣ, гузаронидани гуфтушунидҳо, нигоҳдории мизон байни оила ва фаъолияти соҳибкорӣ ва дигар маводи омузишӣ пешниҳод карда шуд.

Санавбар Шарипова аз номи муассисаи озмуни “Фараҳ”, яъне Гулбаҳор Махкамова, ба ҳамаи ҳозирини чорабинии мазкур дуруди бепоён изҳор карда, ба иштирокчиёни озмун бурдбориҳо таманно намуд.
Ғолибони наминатсияҳо:
Соҳаи истеҳсолот-Мамадкаримова Лутфия, шаҳри Хоруғ, ВМКБ, истеҳсоли шириниҳо ва чормағз;
Соҳаи хизматрасонӣ ва хӯроки умумӣ-Раъно Маҳмудова, шаҳри Исфара, вилояти Суғд, коргоҳи таълимӣ-дӯзандагии “Пайванд”;
Соҳаи кишоварзӣ-Зулайхо Тиллоевна, ноҳияи Ёвон, вилояти Хатлон, хоҷагии деҳқонии “Зулайхо-2015”;
Соҳаи ҳунармандӣ-Каромат Ашурматова, шаҳри Хуҷанд, вилояти Суғд, сехи дӯзандагӣ;
Соҳаи хизматрасонии тиббӣ ва таълимӣ-Гадойбоева Умеда, шаҳри Хуҷанд, вилояти Суғд, роҳбари гурӯҳи омӯзишии “Аркон”;
Соҳаи оғози тиҷорати нав-Ҷумъаева Мавҷуда, ноҳияи Шаҳритуз, вилояти Хатлон, сехи дӯзандагии “Мавҷуда”.

Сипас, Муовини Раиси Маҷлиси Намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Юсуфӣ Хайриниссо номи ғолиби Шоҳҷоизаро эълон намуд.
Ғолиби Шоҳҷоиза ва соҳиби 100 000 сомонӣ, ғолиби номинатсияи хоҷагии қишлоқ, сарвари хоҷагии деҳқонии “Зулайхо-2015”-и ноҳияи Ёвон, Тиллоева Зулайхо гардид. Дар асоси Низомномаи озмун маблағи Шоҳҷоиза 100 00 сомонӣ барои рушд ва инкишофи соҳибкорӣ равона хоҳад шуд.