ТАМОС БО МО
17 cентябри соли 2018, дар ноҳияи Сангвор, ҷаласаи панҷуми Шӯрои машваратӣ оид ба беҳтар намудани фазои сармоягузорӣ ва соҳибкорӣ дар водии Рашт баргузор гардид.
Ҷаласаро роҳбари Котиботи Шӯрои машваратии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба беҳтар намудани фазои сармоягузорӣ Шерализода Шараф оғоз намуд.
Тибқи рӯзномаи ҷаласа нахуст гузориши котиби Шӯро - Зафар Ҳисориев оид ба мониторинги натиҷаҳои иҷрои қарорҳои Шӯрои машваратӣ оид ба беҳтар намудани фазои сармоягузорӣ ва соҳибкорӣ дар водии Рашт шунида шуд. Қайд карда шуд, ки бо мақсади иҷрои дастуру супоришҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва тибқи супоришҳои протоколии ҷаласаҳои Шӯро, аз ҷониби мақомоти маҳаллии ҳокимияти давлатии ноҳияҳои водии Рашт, соҳибкорони минтақа ва шарикони рушд як зумра корҳои назаррас амалӣ гардидаанд. Аз ҷумла, тайи солҳои охир дар водӣ корхонаҳои хурди истеҳсолӣ, бо фарогирии ҷойҳои нави корӣ таъсис ва бунёд гардидаанд, ки аз ояндаи дурахшони минтақа дарак медиҳад.
Вобаста ба масъалаи дуюм - иҷрои супоришҳо қарорҳо дар бораи таъсис ва таҳкими фаъолияти Шӯроҳои машваратӣ оид ба беҳтар намудани фазои сармоягузорӣ ва соҳибкорӣ дар ноҳияҳои водии Рашт, ҳамраисони Шӯро, Раиси ноҳияи Нуробод - Ҳасан Дӯстзода, Раиси ноҳияи Лахш – Файзулло Баротзода, Раиси ноҳияи Сангвор – Зарифхуҷа Шоҳиён, муовини якуми Раиси ноҳияи Тоҷикобод –Зулфиқор Рамазонзода ва муовини Раиси ноҳияи Рашт - Ҳамдулло Шарифзода баромад карданд.
Роҳбари Котиботи Шӯрои машваратӣ зикр намуд, ки масъалаҳои таҳкими раванди муколамаи давлат ва бахши хусусӣ, аз ҷумла тавассути таъсис ва фаъолияти Шӯроҳои машваратии соҳибкорию сармоягузории сатҳи ҷумҳуриявӣ ва минтақавию маҳаллӣ, ҳамчун воситаи муҳими ноил гардидан ба рушди самтҳои зикршуда ва дар маҷмӯъ иқтисодиёти мамлакат мавриди таваҷҷӯҳи пайвастаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон қарор дорад ва таъмини иҷрои супоришҳо дар ин самт ба бештар фаъол гардидани нақши бахши хусусӣ дар баррасӣ ва ҳалли масъалаҳои соҳибкорию сармоягузорӣ мусоидат хоҳад кард.
Нисбат ба масъалаи сеюми рӯзномаи ҷаласа узви Шӯро, директори ҶДММ “Меҳрубон” Шомуддин Алиев маълумот дода, масъалаи “Имкониятҳои рушди соҳибкории соҳаи коркарди маҳсулот дар водии Рашт”-ро ба баррасии ҷаласаи ояндаи Шӯро пешниҳод кард, ки аз ҷониби ҳамаи аъзоёни Шӯрои машваратӣ дастгирӣ ёфт.
Оид ба масъалаҳои дар ҷаласа баррасишуда ҳамраисони Шӯро, намояндагони бахши хусусӣ, ташкилотҳои ҷамъиятӣ ва созмонҳои байналмилалӣ дар баромадҳои худ оид ба масъалаҳои марбут ба рушди соҳибкорӣ, мушкилоти соҳа ва роҳи ҳалли онҳо дар минтақа суханронӣ намуданд.
Шерализода Шараф - роҳбари Котиботи Шӯрои машваратии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба беҳтар намудани фазои сармоягузорӣ ҷаласаро ҷамъбаст намуда, зарурияти иҷрои қарорҳои ҷаласа, таҳким бахшидани фаъолияти Шӯроҳои машваратии ноҳиявӣ ва водии Рашт оид ба беҳтар намудани фазои сармоягузорӣ ва соҳибкорӣ, инчунин дар сатҳи зарурӣ таҷлил чорабиниҳо дар доираи таҷлили чорумин солгарди “Рӯзи соҳибкорон” ва омодагиҳо ба Форуми байналмилалиро таъкид намуд.
Изҳори итминон карда шуд, ки ҳамкориҳои мутақобилаи бахши хусусӣ ва давлатӣ, таклифу пешниҳоди соҳибкорони водӣ барои рушди соҳибкорӣ ва сармоягузории минтақа ва дар маҷмуъ мамлакат мусоидат хоҳад намуд.