Размер шрифта
Цвет фона и шрифта
Изображения
Озвучивание текста
Обычная версия сайта
Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон
  • ДАР БОРАИ КУМИТА
  • МАРКАЗИ МАТБУОТӢ
  • ТЕНДЕРҲО
  • ТАМОС
  • ...
    "/>
    Русский English
    Тоҷикӣ
    Сармоягузорӣ
    • Сармоягузории давлатӣ
    • Имкониятҳои сармоягузорӣ
    • Роҳнамои сармоягузор
    • Заминаи меъерӣ-ҳуқуқӣ
    • Харитаи сармоягузорӣ
    Соҳибкорӣ
    • Дастгирии давлатии соҳибкорӣ
    • Нишондиҳандаҳои рушди фаъолияти соҳибкорӣ
    • Механизмҳои ҳамкорӣ
    • Санҷиши фаъолият
    • Раёсати иҷозатномадиҳӣ
    • Рейтингҳо
    • Соҳибкории занон
    • Заминаи меъерӣ-ҳуқуқӣ
    Моликияти давлатӣ
    • Идораи моликияти давлатӣ
    • Таҷдид ва хусусигардонӣ
    • Сохторҳои идораи амволи давлатӣ
    • Заминаи меъерӣ-ҳуқуқӣ
    Чаро Тоҷикистон?

      • Тоҷикӣ
        • Забон
        • Тоҷикӣ
        • Русский
        • English
      • +992 (37) 221-86-59
      • Ҷумҳурии Тоҷикистон, 734000, ш. Душанбе, Шоҳтемур 27.
      • info@investcom.tj
      • Соатҳои корӣ аз 8:00 то 17:00

      Форуми сеҷонибаи соҳибкорони Тоҷикистон, Ӯзбекистон ва Корея

      Асосӣ
      —
      Хабарҳо
      —
      Бойгонии хабарҳо
      11.10.2018
      1 253
      Дар доираи дастуру супоришҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва Президенти Ҷумҳурии Ӯзбекистон муҳтарам Мирзиёев Шавкат Мирамонович санаи 10 октябри соли 2018 дар шаҳри Душанбе Форуми сеҷонибаи соҳибкорони Тоҷикистон, Ӯзбекистон ва Корея баргузор гардид.


      Форуми соҳибкоронро намояндаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон Ҳамрализода Фаррух Маҳмуд, инчунин Вазири савдои берунаи Ҷумҳурии Ӯзбекистон Хоҷаев Ҷамшед ва Ваколатдор оид ба корҳои Ҷумҳурии Корея дар Ҷумҳурии Тоҷикистон Ли Вучёл бо сухани ифтитоҳӣ оғоз намуданд. 
       
      Қайд гардид, ки форуми сеҷонибаи соҳибкорон маротибаи аввал дар Осиёи Миёна буда, диққати соҳибкорони давлатҳои гуногунро ба худ ҷалб менамояд, зеро барои кушодани имкониятҳои фароҳи ҳамкорӣ байни соҳибкорону сармоягузорон ва ба роҳ мондани муносибатҳои иқтисодии мутақобилан судманди Тоҷикистону Ӯзбекистон ва Корея мусоидат менамоянд. 


      Дар чорабинӣ намояндагони зиёда аз 200 ширкату корхонаҳои Тоҷикистону Ӯзбекистон ва Корея дар соҳаҳои гуногуни фаъолияти хоҷагидорӣ, аз ҷумла истеҳсолкунандагони маҳсулоти саноати бофандагӣ, мошинсозӣ, сохтмон ва меъморӣ, нақлиёт ва коммуникатсия, саноати техникӣ, кишоварзӣ, тандурустӣ, хизматрасониҳои молиявӣ ва сайёҳӣ, инчунин Сафири Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Корея – Шарифзода Юсуф, роҳбарони вазоратҳои рушди иқтисод ва савдо, саноат ва технологияҳои нав, корҳои хориҷӣ, энергетика ва захираҳои об, кишоварзӣ, Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатӣ, кумитаи андоз ва хадамоти гумрук, кумитаи рушди сайёҳӣ, Котиботи Шӯрои машваратии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба беҳтар намудани фазои сармоягузорӣ, КВД “Роҳи Оҳани Тоҷикистон”, КВД “Ширкати Алюминии Тоҷик”, КВД “Тоҷинвест”, Палатаи савдо ва саноат ва дигар корхонаҳои давлатӣ, инчунин намояндагони вазорату идораҳои Ҷумҳурии Ӯзбекистон низ иштирок намуданд. 

      Дар чорабинӣ Мушовири Девони вазирони Ҷумҳурии Ӯзбекистон, Раиси ширкати «Evergreen Motors» - Ким Чанг Кеон, Раиси Ассотсиатсияи соҳибкории хурду миёнаи Корея, раиси ширкати «Shindong Resources» - Ким Ёнг Гу ва Раиси Палатаи савдо ва саноати шаҳри Хвасонги Корея - Пак Сунг Квэна оид ба рушди савдо, саноат ва муносибатҳои сеҷонибаи тиҷоратӣ сухан намуданд.

      Имкониятҳои сармоягузории Ҷумҳурии Ӯзбекистон ва Ҷумҳурии Тоҷикистон аз ҷониби Раиси Палатаи савдо ва саноати Ҷумҳурии Ӯзбекистон Икромов Адҳам Илҳомивич ва Директори генералии “КВД Тоҷинвест” – и назди Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон Ҷавоҳирлал Музаффарӣ тавассути рӯнамо ба ҳозирин муаррифӣ карда шуданд.

       
      Инчунин дар чорабинӣ фаъолияти пурсамар ва лоиҳаҳои сармоягузории Корхонаи воҳиди давлатии Ширкати Алюминийи Тоҷик (ГУП «ТАЛКО»), лоиҳаҳои сармоягузории ҶДММ “Авесто Гуруҳ” ва Ширкати «Dongho Cosmo Co., Ltd.»-и Корея тавассути рунамоҳо пешниҳоди иштирокчиёни форум гардиданд. Баъдан вохӯрии дуҷонибаи соҳибкорони Тоҷикистон, Ӯзбекистон ва Корея дар формати “Соҳибкор бо соҳибкор” (B2B) баргузор гардида, масъалаҳои тиҷоратӣ байни намояндагони бахши хусусии ҷонибҳо матраҳ карда шуданд.


      Дар анҷоми чорабинӣ маҷмуан 11 санади ҳамкории тиҷоратию иқтисодӣ ба маблағи 32,5 млн доллари ИМА ба имзо расонида шуданд.

      Дар доираи форуми мазкур соҳибкорону сармоягузорон ба корхонаи воҳиди давлатии «Алюминии Тоҷик», ҶСК «Ноқили Талко», хоҷагии деҳқонии “Боғи Сомон”-и шаҳри Турсунзода ва корхонаҳои соҳаи нассоҷи ташриф оварда, ба раванди фаъолияти онҳо шинос шуданд.



       
      Иштирокчиёни Форуми соҳибкорони Тоҷикистону Ӯзбекистон ва Корея ба рушди муносибатҳои сеҷониба, ки ба имзорасонии созишномаҳо ва шартномаҳо равона гардида, фарогири ҳамаи соҳаҳои ҳамкориҳои иқтисодӣ мебошанд, баҳои баланд доданд. Тарафҳо ба ифоқа омаданд, ки мунтазам чунин ҳамоишҳои соҳибкоронро баргузор менамоянд.
      Саҳифаи асосӣ


      Сармоягузорӣ
      Сармоягузории давлатӣ
      Имкониятҳои сармоягузорӣ
      Роҳнамои сармоягузор
      Заминаи меъерӣ-ҳуқуқӣ
      Харитаи сармоягузорӣ
      Соҳибкорӣ
      Дастгирии давлатии соҳибкорӣ
      Нишондиҳандаҳои рушди фаъолияти соҳибкорӣ
      Механизмҳои ҳамкорӣ
      Санҷиши фаъолият
      Раёсати иҷозатномадиҳӣ
      Рейтингҳо
      Соҳибкории занон
      Заминаи меъерӣ-ҳуқуқӣ
      Моликияти давлатӣ
      Идораи моликияти давлатӣ
      Таҷдид ва хусусигардонӣ
      Сохторҳои идораи амволи давлатӣ
      Заминаи меъерӣ-ҳуқуқӣ
      Чаро Тоҷикистон?
      2024 © Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон
      Яндекс.Метрика
      ТАМОС БО МО