Размер шрифта
Цвет фона и шрифта
Изображения
Озвучивание текста
Обычная версия сайта
Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон
  • ДАР БОРАИ КУМИТА
  • МАРКАЗИ МАТБУОТӢ
  • ТЕНДЕРҲО
  • ТАМОС
  • ...
    "/>
    Русский English
    Тоҷикӣ
    Сармоягузорӣ
    • Сармоягузории давлатӣ
    • Имкониятҳои сармоягузорӣ
    • Роҳнамои сармоягузор
    • Заминаи меъерӣ-ҳуқуқӣ
    • Харитаи сармоягузорӣ
    Соҳибкорӣ
    • Дастгирии давлатии соҳибкорӣ
    • Нишондиҳандаҳои рушди фаъолияти соҳибкорӣ
    • Механизмҳои ҳамкорӣ
    • Санҷиши фаъолият
    • Раёсати иҷозатномадиҳӣ
    • Рейтингҳо
    • Соҳибкории занон
    • Заминаи меъерӣ-ҳуқуқӣ
    Моликияти давлатӣ
    • Идораи моликияти давлатӣ
    • Таҷдид ва хусусигардонӣ
    • Сохторҳои идораи амволи давлатӣ
    • Заминаи меъерӣ-ҳуқуқӣ
    Чаро Тоҷикистон?

      • Тоҷикӣ
        • Забон
        • Тоҷикӣ
        • Русский
        • English
      • +992 (37) 221-86-59
      • Ҷумҳурии Тоҷикистон, 734000, ш. Душанбе, Шоҳтемур 27.
      • info@investcom.tj
      • Соатҳои корӣ аз 8:00 то 17:00

      Форуми байналмилалии соҳибкорӣ таҳти унвони «Рушди соҳибкорию сармоягузорӣ ва равандҳои муосири иқтисодӣ»

      Асосӣ
      —
      Хабарҳо
      —
      Бойгонии хабарҳо
      12.10.2018
      1 150
      Рӯзи 15-уми октябри соли 2018 дар шаҳри Душанбе, бо иштироки Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон Форуми байналмилалии соҳибкорӣ таҳти унвони «Рушди соҳибкорию сармоягузорӣ ва равандҳои муосири иқтисодӣ» баргузор мегардад.


      Дар форуми мазкур намояндагони воломақоми созмонҳои байналмилалии молиявӣ, корпусҳои дипломатӣ, сармоягузорон ва намояндагони ширкатҳои зиёда аз 32 кишвари олам ва соҳибкорони ватанӣ ширкат меварзанд.

      Кори Форуми байналмилалии соҳибкорӣ дар 6 панели алоҳида, дар мавзуъҳои “Баланд бардоштани рақобат дар соҳибкорӣ бо истифодаи технологияи муосир: «Старт-ап»-ҳо («Start-up») ҳамчун роҳи нави рушди соҳибкорӣ дар байни ҷавонон”, “Дурнамои рушди сайёҳӣ дар шароити муосир ва масъалаҳои ҳунармандӣ”, “Молия ва нақши низоми бонкӣ дар рушди соҳибкорӣ ва сармоягузорӣ: вазъи кунунӣ ва дурнамо”, “Рушди соҳибкории инноватсионӣ дар бахши саноат: дурнамо ва имкониятҳои ҳамкорӣ”, “Рушди соҳибкории инноватсионӣ дар бахши кишоварзӣ: дурнамо ва имкониятҳои ҳамкорӣ” ва “Сармоягузорӣ ба навовариҳо барои рушди инфрасохтор” сурат мегирад.

      Дар доираи Форуми байналмилалии соҳибкорӣ таҳти унвони «Рушди соҳибкорию сармоягузорӣ  ва равандҳои муосири иқтисодӣ» инчунин суҳбату  вохӯриҳои соҳибкорону сармоягузорони ватанию хориҷӣ дар шакли B2B ва роҳбарияти вазорату идораҳо ва дигар мақомоти давлатӣ бо соҳибкорону сармоягузорон дар формати B2G сурат хоҳанд гирифт.

      Дар натиҷаи форуми мазкур баимзорасонии санадҳои ҳамкорӣ миёни ширкатҳои ватанию хориҷӣ низ дар назар аст.

      Ёдовар мешавем, ки Форуми байналмилалии соҳибкорӣ дар Тоҷикистон ҳамасола баргузор гардида, он сармоягузорону соҳибкорони зиёдеро аз тамоми гӯшаю канори олам ба ҳам меорад ва дар рушду тавсеаи ҳамкориҳои иқтисодию тиҷоратӣ, муаррифии шоистаи молу маҳсулоти ватанӣ дар бозори ҷаҳонӣ ва ҷалби сармояи хориҷӣ ба иқтисодиёти кишвар заминаи мустаҳкам мегузорад.
      Саҳифаи асосӣ


      Сармоягузорӣ
      Сармоягузории давлатӣ
      Имкониятҳои сармоягузорӣ
      Роҳнамои сармоягузор
      Заминаи меъерӣ-ҳуқуқӣ
      Харитаи сармоягузорӣ
      Соҳибкорӣ
      Дастгирии давлатии соҳибкорӣ
      Нишондиҳандаҳои рушди фаъолияти соҳибкорӣ
      Механизмҳои ҳамкорӣ
      Санҷиши фаъолият
      Раёсати иҷозатномадиҳӣ
      Рейтингҳо
      Соҳибкории занон
      Заминаи меъерӣ-ҳуқуқӣ
      Моликияти давлатӣ
      Идораи моликияти давлатӣ
      Таҷдид ва хусусигардонӣ
      Сохторҳои идораи амволи давлатӣ
      Заминаи меъерӣ-ҳуқуқӣ
      Чаро Тоҷикистон?
      2024 © Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон
      Яндекс.Метрика
      ТАМОС БО МО