ТАМОС БО МО
Имрӯз (15 октябри соли 2018) дар шаҳри Душанбе (Муассисаи давлатии “Кохи Борбад”) ба ифтихори таҷлили чорумин солгарди ҷашни “Рӯзи соҳибкорон” таҳти сарпарастии бевоситаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон Форуми байналмилалии соҳибкории Душанбе - 2018 таҳти унвони «Рушди соҳибкорию сармоягузорӣ ва равандҳои муосири иқтисодӣ» баргузор гардид.
Қабл аз оғози форуми мазкур “Намоишгоҳи молу маҳсулоти соҳибкорони ватанӣ” баргузор гардид, ки дар он зиёда аз 50 истеҳсолкунандаи молу маҳсулоти худро маърази тамошои иштирокчиён гардониданд.
Дар форум намояндагони мақомоти қонунгузории кишвар, аъзои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, роҳбарони марказҳои татбиқи лоиҳаҳои сармоягузорӣ, намояндагони воломақоми созмонҳои байналмилалии молиявӣ, корпусҳои дипломатӣ, шарикони рушди муқими Тоҷикистон, соҳибкорони бурунмарзӣ (диаспораҳо) сармоягузорони ватаниву хориҷӣ, намояндагони ширкатҳо аз 21 кишвари олам ва соҳибкорони ватанӣ, маҷмуан зиёда аз 2000 нафар иштирок намуданд.
Маросими расмии форум бо сухани ифтитоҳии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон оғоз гардида, дар он ҷанбаҳои муҳимтарини соҳаи иқтисодиёти кишвар аз ҷумла, рушди соҳибкорию сармоягузорӣ ва равандҳои муосири иқтисодӣ дар марҳилаи ҷаҳонишавии иқтисодиёт, рушди иқтисодиёти рақамӣ бо истифодаи технологияҳои иттилоотию инноватсионӣ, зарурати саъю кӯшишҳои бештари якҷояи ҷомеаи ҷаҳонӣ баҳри истифодаи оқилонаи имконият ва захираҳои мавҷуда, нақши равандҳои муосири иқтисодӣ дар баланд бардоштани самаранокии натиҷаҳои фаъолият тавассути таъмини шаффофият, сифат ва тавсеаи номгӯи молу хизматрасониҳо ва дар маҷмуъ рушди устувори иқтисодиёти миллӣ матраҳ карда шуданд. Инчунин дар бахщи ифтитоҳии форум хонум Пратибҳа Меҳта Нил ҳамоҳангсози доимии Намояндагии Созмони Милали Муттаҳид дар Тоҷикистон, ҷаноби Нил Маккейн директори минтақавии Бонки Аврупоии таҷдид ва рушд дар Тоҷикистон, хонум Кассандра Колберт директори минтақавии Корпоратсияи байналмилалии молиявӣ дар Тоҷикистон, Президенти ширкати кореягии “Сеул Машинери” ҷаноби Ким Вон Хик ва ноиби Президенти ширкати фаронсавии “Файвс Груп” ҷаноби Жан Франсуа Легран баромад намудаанд.
Изҳори итминон карда шуд, ки натиҷаҳои форум, мувофиқаҳои бадастомада ва созишномаҳои дар доираи он баимзорасида ба таҳкими заминаҳои асосии муносибатҳои мутақобилан судманди иқтисодию тиҷоратӣ, таъмини рушди иқтисодӣ ва баланд бардоштани сатҳи некӯаҳволии мардуми Тоҷикистон ва минтақа, инчунин қавӣ гардонидани иродаи ҳамбастагӣ дар самти истифодаи якҷоя ва самараноки имкониятҳоямон мусоидат хоҳад кард.
Дар фарҷом, Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон таҷлили чорумин солгарди “Рӯзи соҳибкорон”- ро барои соҳибкорон муборакбод гуфта, ба аҳли нишаст фаъолияти пурсамар ва барору комёбиҳо орзӯ намуданд.
Сипас кори Форуми байналмилалии соҳибкорӣ дар Муассисаи давлатии “Китобхонаи миллӣ” дар 6 панели алоҳида, дар мавзуъҳои “Баланд бардоштани рақобат дар соҳибкорӣ бо истифодаи технологияи муосир: «Старт-ап»-ҳо («Start-up») ҳамчун роҳи нави рушди соҳибкорӣ дар байни ҷавонон”, “Дурнамои рушди сайёҳӣ дар шароити муосир ва масъалаҳои ҳунармандӣ”, “Молия ва нақши низоми бонкӣ дар рушди соҳибкорӣ ва сармоягузорӣ: вазъи кунунӣ ва дурнамо”, “Рушди соҳибкории инноватсионӣ дар бахши саноат: дурнамо ва имкониятҳои ҳамкорӣ”, “Рушди соҳибкории инноватсионӣ дар бахши кишоварзӣ: дурнамо ва имкониятҳои ҳамкорӣ” ва “Сармоягузорӣ ба навовариҳо барои рушди инфрасохтор” идома дода шуда, байни соҳибкорону сармоягузорон мубодилаи афкор сурат гирифт.
Дар доираи чорабинӣ суҳбату вохӯриҳои соҳибкорону сармоягузорони ватанию хориҷӣ дар шакли B2B ва роҳбарияти вазорату идораҳо ва дигар мақомоти давлатӣ бо соҳибкорону сармоягузорон дар формати B2G баргузор гардид.
Дар фарҷоми Форум, гузориши модераторони панелҳо оид ба кори гурӯҳҳо шунида шуд. Муовини якуми Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон Давлаталӣ Саид аз кори панелҳо ва дар маҷмӯъ баргузории форум натиҷагирӣ намуда, изҳороти Форум қабул карда шуд.
Дар натиҷаи форуми мазкур 13 санадҳои ҳамкорӣ байни соҳибкорону сармоягузорон ба имзо расонида шуд.
Мавриди қайд аст, ки Форуми байналмилалии соҳибкорӣ дар Тоҷикистон ҳамасола баргузор гардида, он сармоягузорону соҳибкорони зиёдеро аз тамоми гӯшаю канори олам ба ҳам меорад ва дар рушду тавсеаи ҳамкориҳои иқтисодию тиҷоратӣ, муаррифии шоистаи молу маҳсулоти ватанӣ дар бозори ҷаҳонӣ ва ҷалби сармояи хориҷӣ ба иқтисодиёти кишвар заминаи мустаҳкам мегузорад.