Муҳтарам Президент, меҳмонони олиқадр!
Боиси ифтихор аст, ки дар Форуми байналмилалии соҳибкории Душанбе – 2018 ширкат дорам. Аз он хушҳолем, ки имрӯз дар ҳамоиши мазкур сармоягузорони зиёд ва дар байни онҳо муштариёни мо низ ҳузур доранд ва ҳоло имконият аст, ки собиқаи мусбати сармоягузорӣ дар кишвар ва имкониятҳои назарраси онро баррасӣ намоем.
Ба сифати яке аз сармоягузорони калидӣ дар Тоҷикистон, мо бо камоли майл метавонем якчанд лоиҳаи бомуваффақиятро мисол орем. БАТР ҷонибдори фаъолияти худ дар Тоҷикистон буда, дар бахшҳои давлатӣ ва хусусӣ сармоягузорӣ мекунад ва лоиҳаҳоро дар доираи барномаи Дастгирии соҳибкории хурд амалӣ мегардонад. Дар давоми солҳои сипаришуда, мо 122 лоиҳаро ба маблағи умумии 645 миллион Евро сармоягузорӣ намудем. Тақрибан нисфи (48%) сармоягузориҳои мо ба бахши хусусӣ равона шудаанд. Қисми зиёди сармоягузориҳои Бонк ба бахшҳои энергетика (47%) ва инфрасохтор (27%) рост меоянд. Сандуқи лоиҳаҳои мо низ устувор арзёбӣ мегардад.
Инчунин мо ислоҳотро ҷиҳати беҳтар намудани фазои сармоягузорӣ, тақвиятдиҳии бахши энергетика, низоми бонкӣ, дастгирии занҳои соҳибкор ва ғайра истиқбол ва дасгирӣ мекунем. Яке аз лоиҳаҳои калидӣ дар кишвар дастгирии дарозмуддати Котиботи шӯрои машваратии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба беҳтар намудани фазои сармоягузорӣ маҳсуб меёбад. Шӯро майдонест барои соҳибкорон ва ҳамкорони байналмилалӣ ҷиҳати баргузор намудани муҳокимаҳои созанда перомуни масъалаҳои асосие, ки ба фазои сармоягузорӣ дар кишвар таъсир мерасонанд ва бо дастгирии Котибот роҳҳои ҳалли онҳо дар якҷоягӣ пайдо карда мешаванд. Форуми мазкур низ аз фаъолияти хуби Котибот, ки имрӯз дар ташкил ва ҷамъовардани ҳамаи мо мусоидат намудааст, манфиат мебарад. Пӯшида нест, ки фаъолияти Котибот аз ин ҳам фаротар буда, таҳияву пешниҳоди тавсияҳои марбут ба ислоҳотро ҷиҳати беҳтар намудани фазои соҳибкорӣ дар бар мегирад. Кори Котибот дар якҷоягӣ бо Гуруҳи мақсаднок оид ба соҳибкории занон яке аз мисолҳоест, ки боиси таҳсин аст.
Аз ин имконият истифода бурда, мехоҳам комёбиҳоеро, ки дар якҷоягӣ бо Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба қарибӣ ба даст овардем, қайд намоям. Тавассути расонаҳои хабарӣ ҳамаи шумо шоҳиди ифтитоҳи чорсӯи нақлиётии замонавӣ дар кишвар будед. Ин аввалин роҳи нақлиётии сесатҳа дар кишвар мебошад ва мутобиқ бо меъёрҳои баландтарини байналмилалӣ бунёд шуда, дар беҳтар намудани идоракунии нақлиёт мусоидат мекунад. Лоиҳаи мазкур аз ҷониби БАТР маблағгузорӣ гардид ва мо аз шарикӣ бо Ҳукумати Тоҷикистон ифтихор дорему миннатдорем ҷиҳати фароҳам овардани имконот баҳри ноил гардидан ба муваффақиятҳо. Бо дастгирии саховатмандонаи донорҳо тавассути Хазинаи кишварҳои дар марҳилаи гузариш ба иқтисоди бозорӣ қарордошта, ки аз ҷоними БАТР идора карда мешавад ва аз ҳисоби маблағи грантӣ, ки барои гузаронидани корҳои лоиҳакашии сохтмон, амалисозӣ ва назорат ҷудо гардид, татбиқи лоиҳа имконпазир гашт.
Зарфияти сармоягузории Тоҷикистон хеле васеъ ва гуногунҷанба мебошад ва амалӣ нашудани баъзе аз имкониятҳо танҳо як камбудист. Дарки Тоҷикистон ба сифати як кишвари сармоягузорӣ ҳадафест, ки ҳамаи мо баҳри расидан ба он кӯшиш дорем ва Форуми мазкур дар ин робита як марҳилаи муҳим арзёбӣ мегардад. Бо вуҷуди ин, чунин фаҳмишро наметавон дар як шабонарӯз тағйир дод. Бояд дар самти беҳсозии замина ва тақвиятдиҳии таҷрибаҳои муҳими амалисозӣ қадамҳои устувор ниҳод. Аз рӯи таҷрибаи мо, баланд бардоштани ҷаззобияти сармоягузорӣ на танҳо аз ҷалби сармоягузорони нав иборат аст, он дар навбати аввал нигоҳ доштани муносибатҳои мутақобилан судманд бо сармоягузорони мавҷударо тақозо мекунад. Барои кишвар беҳтарин сафирони сармоягузорӣ он сармоягузороне мебошанд, ки шоҳиди рушду нумӯи лоиҳаҳои худ мегарданд. Таъмини самаранокии идоракунии андоз яке аз самтҳоест, ки тақвиятдиҳии иқтидор ва таҷрибаҳои амалисозӣ метавонанд дар ин робита натиҷаҳои назаррас диҳанд. Мо омодаем, то раванди ислоҳот ва татбиқи қобили қабули онро дар ин ва дигар самтҳои ҳамкорӣ дастгирӣ намоем.
Боварӣ дорам, ки бисёре аз шахсони дар ин толор ҳузурдошта низ дар баробари мо кӯшиш доранд ҳар чӣ бештар дар рушди кишвар саҳмгузор бошанд. Риояи интизоми пардохт омили муҳим барои вусъатдиҳии татбиқи лоиҳаҳо дар бахши давлатӣ мебошад. Дар бахши хусусӣ бошад, фароҳам овардани шароитҳои беҳтари корӣ барои соҳибкорон муҳим хоҳад буд.
Бори дигар мехостем ба Ҳукумати кишвар ва ҳамёрони байналмилалӣ ва донорҳо барои муносибатҳои ҳасана ва ҳамкории судманд миннатдории худро баён намоем. Умед аст, ки дар оянда комёбиҳои муштаракро дар якҷоягӣ таҷлил хоҳем кард.
Барои диққататон ташаккур, баргузор намудани анҷумани бомуваффақият ва пурмаҳсулро ба шумо орзу дорем.