Ҷаноби олӣ, муҳтарам президент Эмомалӣ Раҳмон, меҳмонони гиромӣ, хонумон ва ҷанобон.
Хушҳолам, ки субҳи имрӯз шуморо дар ин ҷо мебинам. Аз номи Корпоратсияи байналмилалии молиявӣ, ки шомили Гурӯҳи Бонки Умумиҷаҳонист, мехостам бо истифода аз ин имконият, барои ташкили ин форуми муҳими соҳибкорӣ ва даъват барои иштирок дар он ба роҳбарияти Ҷумҳурии Тоҷикистон изҳори миннатдорӣ намоям. Ин чорумин форуми соҳибкорӣ нишонаи он аст, ки Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва ширкатҳо аз ҳисоби бахши хусусӣ рӯзномаи соҳаи рушду инкишофи иқтисодро пеш мебаранд.
КБМ, ки шомили Гурӯҳи Бонки Умумиҷаҳонист, тавассути сармояҳои мустақим ба корхонаҳо ва ҳамчунин бо машваратҳо ба ширкату ҳукуматҳои кишварҳо кумак менамояд. Ҳамчунин КБМ маблағҳои сармоягузорони дигарро низ ҷалб менамояд, ки шояд бештари онҳо барои сармоягузорӣ дар бозорҳои тараққикардаистода худро бидуни иштироки КБМ роҳат ҳис накунанд.
Мо дар КБМ ба шарикӣ ва ҳамкориямон бо Тоҷикистон баҳои баланд медиҳем. Аз соли 1997 КБМ барои дастгирии 42 лоиҳаи бахши хусусӣ дар бахшҳои мухталифи иқтисодиёт бо шумули соҳаи молия, телекоммуникатсия, гидроэнергетика, савдои чакана, сайёҳӣ ва истеҳсолот тақрибан 144 миллион доллари ИМА сармоягузорӣ намудааст.
Барномаи густурдаи чорабиниҳои машваратӣ ба беҳтаргардонии шароити мусоид барои тиҷорат, баланд бардоштани иқтидори бахши хусусӣ, мустаҳкам намудани бахши молиявӣ, дастгирӣ дар рушди тиҷорати аграрӣ (агробизнес) ва таъмини иштироки бахши хусусӣ дар бахшҳои алоҳидаи иқтисод равона гардидаанд. Мо дар якҷоягӣ бо Бонки Умумиҷаҳонӣ минбаъд низ тариқи рафънамоии фосилаҳо дар муқаррароте, ки ба тиҷорату соҳибкорӣ алоқаманданд, ба беҳтаргардонии фазои сармоягузорӣ таваҷҷуҳи хосса зоҳир менамоем.
КБМ дар ҳамкории зич бо Бонки миллӣ ва Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон рушди низоми ҳисоботи қарзӣ, гузаронидани ислоҳоти муомилоти эътимодбахш, танзими таҷрибаи қарздиҳии ватанӣ ва баланд бардоштани маълумотнокии молиявии аҳолиро дастгирӣ менамояд. Мо ба наздикӣ низ барои роҳандозии хизматрасониҳои молиявии инноватсионии рақамӣ дар кишвар корро оғоз намудем.
Барои кумак дар беҳтаргардонии фазои сармоягузорӣ, КБМ ба Ҳукумати Тоҷикистон кӯмак намуд, то меъёрҳои танзим бо ҳамон шакл беҳтар гарданд, ки риояи қонунгузорӣ ба ҳадди аксар расонида шавад ва ин дар навбати худ ба хароҷоти камтарин дар тиҷорат оварда расонида, натиҷаҳои ниҳоиро барои Ҳукумат муносиб мегардонад. Мо барои таҳияи Қонуни нав "Дар бораи санҷиши фаъолияти субъектҳои хоҷагидор" ва гузаронидани ислоҳот дар бахши бозрасии субъектҳои хоҷагидор кӯмак намудем. Барои баланд бардоштани самаранокӣ ва шаффофияти низомҳои иҷозатномадиҳӣ, бо дастгирии КБМ, соли 2016 дар ду вазорати таҷрибавӣ низоми электронии аризадиҳӣ (иҷозатномаи электронӣ) роҳандозӣ гардид. Мо ҳамчунин бо хушҳолӣ эълом медорем, ки мо ба зудӣ лоиҳаи наверо барои афзоиши инкишоф дар занҷираҳои алоҳидаи арзиши иловашуда роҳандозӣ мекунем.
Барои КБМ дар саросари ҷаҳон агробизнес авлавияти стратегӣ аст, ва кишварҳое ҳамчун Тоҷикистон дар ин соҳа барои дурнамои КБМ муҳим мебошанд. Бо дарназардошти ин ки 70 фоизи аҳолӣ даромади рӯзгори худро тавассути хоҷагии қишлоқ мегирад, рушди корхонаҳои тиҷоратии аграрӣ барои таъмини инкишофи фарогир махсусан муҳим аст. Ахиран КБМ барои инкишофи бахши чаканаи кишвар ва тавсеаи дастрасии аҳолӣ ба маҳсулоти хӯрокаи дастрасу босифат ба як ширкати дистрибюторӣ 2 млн. доллари ИМА сармоягузорӣ намуд. Мо омодаем, ки ширкатҳои агросаноатии маҳаллиро дар кишвар боз ҳам дастгирӣ намоем.
Дар оянда низ, мо ба дастгирии ҳамаҷонибаи Тоҷикистон, аз ҷумла дар соҳаҳое мисли агробизнес, бозорҳои молиявӣ, сайёҳӣ, инфрасохтор идома хоҳем дод. Бояд қайд намуд, ки дастгирии мо бо Стратегияи миллии рушди Тоҷикистон то соли 2030 ва Стратегияи шарикӣ бо кишвари Гурӯҳи Бонки Умумиҷаҳонӣ мувофиқа карда шудааст.
Мо чунин мешуморем, ки барои мусоидат ба рушди бахши хусусӣ мувофиқати татбиқи мукаммалу мураттаби қонуну қоидаҳо; гузаронидани ислоҳоти минбаъдаи ҳуқуқиву ниҳодие, ки ба беҳтаргадонии муҳити корӣ нигаронида шудааст ва ба сохтори давлатӣ сармояҳои зарурӣ талаб карда мешаванд.
Дар замони ҳозира аксаран таҷрибаи сангин ба эътимоду муваффақияти сармоягузорон дар пешбурди барномаҳои рушди бахши хусусӣ монеаи ҷиддӣ эҷод мекунад. Чунончӣ дар шарҳи Doing Business («Фаъолияти соҳибкорӣ») қайд гардидааст: барои пайдоиш, ташаккул ва тавсеаи тиҷорат бояд ба таъмини муҳити мусоид ва бехатар тамаркуз намуд.
Ҳарчанд захираҳои дохилии давлатӣ чун пештара барои рушд аҳаммияти ҳалкунанда доранд, аммо маблағҳои хусусӣ ва ҷалби тиҷорати хусусӣ дар раванди рушд барои тавсеа иқтидори бештареро соҳибанд. Бо дарназардошти ин, Гурӯҳи Бонки Умумиҷаҳонӣ талошҳоеро барои кӯмак ба кишварҳо баҳри ба ҳадди аксар расонидани маблағгузорӣ бо мақсади рушд оғоз намудааст. Ин ба маънои тамаркузи талошҳо барои қарорҳои бахши хусусист, ки дар он метавонанд барои расидан ба ҳадафҳои рушд кӯмак намоянд ва маблағҳои маҳдуди давлатиро дар ҷойҳои зарурӣ захира кунанд.
Гурӯҳи Бонки умумиҷаҳонӣ бо ҷалби Ассотсиатсияи байналмилалии рушд-Корпоратсияи байналмилалии молиявӣ-Агентии бисёрҷониба оиди кафолатҳои сармоягузорӣ дар ҳаҷми 2,5 миллиард доллари ИМА Тарҳи «Равзанаи рушди бахши хусусӣ»-ро таҳия намудааст. Ин тарҳ барои таҳрики сармоягузорӣ дар бахши хусусии кишварҳои камдаромад, аз ҷумла Тоҷикистон, омода гардидааст. Тарҳи АБР «Равзанаи рушди бахши хусусӣ» дар сохторҳои густурда ва танзими равобити шарикӣ миёни бахшҳои давлативу хусусӣ ва ҳамчунин дар чунин соҳаҳои стратегӣ монанди агробизнес, тандурустиву маориф, корхонаҳои хурду миёна ва технология истифода хоҳад шуд.
Тарҳи АБР «Равзанаи рушди бахши хусусӣ» тавассути чор механизм такмил ёфта, бо тарҳи КБМ «Ташкили бозорҳо» дастгирӣ мегардад, ки дар чаҳорчӯбаи он фаъолияте маблағгузорӣ хоҳад шуд, ки бозкунанда ва рушддиҳандаи соҳа бошад. Инчунин ширкатҳоро дар баланд бардоштани истеҳсолнокӣ, беҳтаргардонии фаъолияташон ва риояи стандартҳои қатъии КБМ дастгирӣ менамояд.
Дар ин робита барои омӯзиши имкониятҳо дар соҳаҳои афзалиятноки иқтисодиёт ба монанди энергетика, нақлиёт, телекоммуникатсия, ва ҳамчунин соҳаҳои муҳими иҷтимоӣ, хусусан маорифу тандурустӣ мо ҳамкории якҷоя бо Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистонро бесаброна интизорем.
Ҷаноби Президент, иҷоза диҳед бори дигар барои имконияти иштирок дар чунин чорабинии муҳим аз Шумо сипосгузорӣ намоям. Аз номи Корпоратсияи байналмилалии молиявӣ (КБМ), иҷоза диҳед, боз Шуморо бар дастгирии ҳамешагии мо аз Ҷумҳурии Тоҷикистон ва ҳавасмандии мо аз ҳамкории зичу мутақобила бо ҳукумат ва шарикони дигар дар соҳаҳои рушд барои расидани кишвар ба ҳадафҳои худ дар соҳаи рушди иқтисодиву шукуфоӣ муътақид намоям. Мо аз ҷамъбасти кори форуми имрӯза натиҷаҳои сермаҳсулеро бесаброна интизор мешавем.
Аз таваҷҷуҳатон сипосгузорам.