Ҷаноби Президент, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон,
Вазирон ва ҳозирини гиромӣ,
Ҷаноби Президент, мехостам миннатдории худро ба шумо барои имконияти сухан кардан дар форуми миллии соҳибкорӣ ва сармоягузорӣ изҳор намоям. Вохурии мо дар ҳоле сурат мегирад, ки тағйиротҳои зиёди муносиб барои рушд дар сатҳи минтақа ҷой доранд. Аз он ҷумла ҳамкориҳо барои рушди тиҷорат ва қарорҳои дохилӣ вобаста ба рушди соҳаи энергетика, ки ба содирот равона карда шудааст, инчунин диверсификатсияи иқтисодиёт ва дигар иқдомот, барои Тоҷикистон имконияти нодирро барои табдил додани иқтисодиёти худ ва васеъ намудани бахши хусусӣ ва зиёд намудани ҷойҳои корӣ, шароит фароҳам меоварад. Ғайр аз ин, мавзӯъи имрӯзаи мо мувофиқи панҷ ҳадафи Стратегияи Милии Рушд ва якчанд ҳадафҳои рушди устувор то соли 2030 мебошад ва бояд хотиррасон кард, ки барои ба ҳадафҳои соли 2030 расидан, мо факат 12 сол ё 4370 рӯз дорем.
Маъмул аст, ки аксарияти ҷойҳои корӣ аз ҷониби соҳибкории хурд ташкил карда мешаванд ва сармоягузорӣ ба сохибкорӣ, на танҳо ба табдил додани ҷавонони бекор ва занони бекор ба корфармоҳои калон кӯмак мерасонанд, балки дар пешбурди инноватсияҳо ва бартараф намудани монеаҳои рушд, хусусан дар деҳот, низ мусоидат мекунад.
Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон иқдомоти муҳимро барои пешбурди соҳибкорӣ, рушди малакаҳо бо таваҷҷуҳи махсус ба занон ва љавонон ба анҷом расонидааст. Масалан, Фонди дастгирии соҳибкорӣ, ки бо ташаббуси Президент ташкил шудааст, ки дар рушди соҳибкории хурду миёна тавассути пешниҳоди карзҳои дастрас ба соҳибкорон саҳмгузорӣ мекунад. Дар баробари ин ислоҳоти низоми созишҳои таъминшуда татбиқ шуда истодааст, ки метавонад аксари мушкилотҳои ҷойдоштаро вобаста ба дастрасии қарз ва дигар мушкилотҳое, ки соҳибкорон рӯ ба рӯ мешаванд, бартараф созад.
Бахши хусусӣ дар Точикистон қариб 1.5 миллион нафар аз шумораи умумии 2.3 миллион нафари синну солашон коршоями қарор доранд, фаро мегирад, аз ҷумла дар бахши ғайрирасмӣ, вале то ҳануз имкониятҳои васеи зиёд кардани шумораи корхонаҳо ва сатҳи шуғл барои баробар кардан ба дигар кишварҳои бо сатҳи даромадашон монанд, мављуд мебошанд. Мо кушишҳое, ки Ҳукумат барои беҳтар намудани фазои соҳибкорӣ дар Тоҷикистон, таъмини фазои муносиб барои бахши хусусӣ ба харҷ медиҳад ва тибқи СМР барои давраи то соли 2030 идомаи онҳо пешбинӣ шудааст, баланд арзёбӣ менамоем. , Хусусан мо ислоҳоти минбаъдае, ки ба андозбандии мусоид ва қоидаҳои санҷиш зарур аст; рақобати одилона, дастрасӣ ба молҳои дастрас, судҳои одилона ва волоияти қонун, ҳавасмандии мусбӣ ва инчунин ҳамаи санадҳои иҷроия, ба монанди фармонҳои президент, қонунҳо, қарорҳои ҳукумат ва қоидаҳо ба осонӣ ба тиҷорат ва сармоягузор дастрасӣ бояду шояд нигаронида шудаанд, хеле зиёд пазироӣ менамоем.
Сатҳи баланди муҳоҷирати меҳнати миёни мардон маънои онро дорад, ки занон нақши ба даст овардани даромад ва идоракунии тиҷорат, махсусан дар деҳот пайдо мекунанд. Хушбахтона дар қонунгузории мусоид дар кишвар, ҳуқуқҳои баробарро ба монанди ҳуқуқи баробар ба замин, моликият ва дастрасии қарзҳои бонкӣ барои занон таъмин менамояд. Аммо дар асл ҳиссаи хеле ками занон соҳибони заминҳои ба қайд гирифташуда буда, ба қарзҳои бонкӣ мароқ зоҳир намудаанд, зеро ки онҳо ҳуқуқҳо ва имкониятҳои васеи худро дарк намекунанд, то аз дузандагӣ ба дигар намудҳои соҳибкории самарабахш ҷалб шаванд. Аз ин рў, ташаббусҳои пешгирифтаи Ҳукумати љумҳурӣ оид ба рушди саводнокии занон ва малакаву маҳорати соҳибкории ба масоили гендери ҷавобгӯ барои такмил додан ва бартараф намудани монеаҳо дар самти такмили сармояи инсонӣ то ҳаддӣ 50% дар кишвар зарур шуморида мешаванд.
Бо 70% аҳолии ҷавони кишвар, экосистемаи ба соҳибкории ҷавонон мусоидаткунанда зарурат дорад, ки дар навбати худ, реформаи соҳаи маориф ва таҳсилоти касбиро дар бар гирифта, аз тарафи дигар, имкон медиҳад, ки системаҳои "шурӯи тиҷорат" мусоидат ба рушди иқтисодӣ ва шуғли аҳолӣ мусоидат гардонад, масалан Ҳукумат метавонад грант / қарзҳо дар якҷоягӣ бо хизматрасонии рушди тиҷоратиро ба ширкатҳои идораи бахши хусусӣ дар асоси рақобатпазирӣ баррасӣ кунад. Ин усул дар бисёр кишварҳои рӯ ба тараққӣ ва минтақавӣ муваффақ шудааст. Масалан, Фонди Дастгирии Соҳибкории Африқои Ҷанубӣ, аз ҳисоби маблағгузории ҷамъиятӣ ва хусусӣ маблағгузорӣ мешавад. Ин фонд маблағҳоро барои рушди соҳибкории хурду миёна равона карда, маблағгузорӣ барои лоиҳаҳои рушд ҷиҳати пешбурди ҳалли бозор ё ташвиқоти ҳавасмандгардонӣ дар соҳаи кишоварзӣ, агротехникӣ, хизматрасонии маблағгузории деҳот, энергияи барқароршаванда ва ғайра равона карда мешавад.
Дар бисёре аз кишварҳо, сармояи венчурӣ ба рушди малакаи соҳибкории хурду миёна барои маблағгузории хусусии дохилии ватанӣ мусоидат мекунад. Дар Тоҷикистон соҳибкорони хурду миёнае, ки ба ҷавонон таваҷҷӯҳ медиҳанд, дар сурати таъмини дастрасӣ ба сармоя ва рушди малакаҳои идоракунӣ ё донишҳои маркетингӣ метавонанад ба рушди соҳибкорӣ ва таъсиси ҷойҳои корӣ барои ҷавонон саҳм гузоранд, Тоҷикистон инчунин метавонад барномаи бомуваффақияти маблағгузории венчурии соҳибкории хурду миёнаро барои таъмин намудани капитализатсияи сармоя, ва дастгирӣ дар шакли додани қарз якҷоя бо кӯмаки техникӣ барои рушди соҳибкорӣ равона гардонад, аммо ин, тағйироти заруриро дар муҳити танзимотӣ талаб мекунад, ки он барои сармоягузорӣ шароити мусоид фароҳам орад.
Намояндагиҳои СММ дар якҷоягӣ бо ташкилотҳои байналмилалии молиявӣ ва як қатор шарикони рушд ҳукуматро барои амалӣ гардонидани ислоҳот, озмоиши баъзе фаъолиятҳо, рушди малакаҳо, махсусан занон ва ҷавонон ва ғайраҳо дастгирӣ мекунанд. Мо боварӣ дорем, ки Тоҷикистон кӯшишҳои худро тавассути иқдомоти ҳамаҷонибаи ҳадафманд, ҳамоҳангшуда ва замонавӣ барои рушди соҳибкорӣ ва фазои сармоягузорӣ тақвият медиҳад. Созмони Милали Муттаҳид омодааст, ки бо таҷрибаҳои беҳтарини ҷаҳон ва дигар кӯмакҳои имконпазир дастгирӣ намояд.
Ташаккур!