Муҳтарам Ҷаноби Олӣ, Ҳозирини гиромӣ,
Бароям боиси ифтихор аст, ки дар форуми имрўза иштирок ва суханронӣ намуда истодаам.
Пеш аз ҳама мехоҳам ба Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон барои фароҳам овардани имконият ҷиҳати иштирок намудан дар ин Форум миннатдории самимии худро баён намоям.
Аз замони таъсисёбӣ, дар муддати 40 соли фаъолият, ширкати Сеул Машинери дар соҳаи нафт, газ ва энергияи барқароршаванда, дар арсаи байналмилалӣ нақши муҳим гузоштааст.
Ҳамчун муассиси ин ширкат, ман ифтихор аз он дорам, ки технологияҳои олӣ ва таҷрибаи ғании ширкати мо дар хориҷи кишвар васеъ истифода бурда мешавад.
Ширкати Сеул Машинери дорои иқтидори кофӣ буда, омода аст, ки саъю кӯшишҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистонро ҷиҳати рушди тамоми соҳаҳо ва дар маҷмўъ рушди иқтисодиёти кишвар дастгирӣ намояд.
Аз рӯзи ташриф оварданам ба Тоҷикистон ба ман муяссар шуд, ки бо як қатор ширкатҳои маҳаллӣ ҷиҳати ба роҳ мондани ҳамкориҳои муштарак як қатор вохурҳо анҷом диҳам.
Қайд намудан зарур аст, ки соҳибкорони маҳаллӣ барои пешрафти минбаъда ва хоҳиши ҳамкорӣ намуданро дар соҳаҳои мухталиф иродаи устувор доранд.
Мавриди тазаккур аст, ки Ҳукумати Тоҷикистон тадбирҳои гуногуни ташвиқотию ҳавасмандгардониро ҷиҳати ҷалби сармоягузории мустақими хориҷӣ амалӣ намудааст.
Форуми имрӯза ба мо имкон дод, ки аз шароитҳои мусоиди сармоягузорӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ва ҳавасмандгардониҳои гуногун иттилоъ пайдо намоем. Бояд қайд кард, ки ҳадаф аз сармоягузориҳо ба Тоҷикистон дар баробари саҳмгузорӣ дар рушди кишвар, инчунин ба манфати ширкат низ мебошад.
Ширкати Сеул Машинери тамоми кӯшишҳои худро барои дарёфти роҳҳои ҳарчи беҳтари ҳамкориҳои мутақобилан судманд равона хоҳад кард.
Ба ҳамаи Шумо барори кор орзумандам.