Муҳтарам Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон!
Муҳтарам Вазирон, Муҳтарам Сафирон, Муҳтарам соҳибкорон,
Пеш аз ҳама мехостам ба ташкилотчиёни Форуми мазкур, аз ҷумла Котиботи машваратӣ оид ба беҳтар намудани фазои сармоягузорӣ ва Кумитаи сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон изҳори миннатдорӣ намоям. Мо ташаббуси Шуморо – муҳтарам Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба вусъат бахшидани фаъолияти сармоягузорӣ дар Тоҷикистон баланд баҳогузорӣ менамоем.
Ҳамчунин ба ширкатҳои фаронсавӣ, ки барои иштирок сафари тӯлонӣ намудаанд, сипосгузории худро иброз медорам. Умедворам, ки замоне фаро мерасад, ки хатсайри ҳавоии бевосита байни Фаронса ва Тоҷикистон ташкил карда мешавад. Созишномаи ҳамкорӣ дар соҳаи кушодани хатсайри ҳавоӣ байни кишварҳоямон аллакай дар марҳилаи охирин қарор дорад, ки дар амалигардонии мақсади болозикр ба мо кӯмак хоҳад кард.
Бо боварии комил гуфта метавонам, ки Тоҷикистон барои ҳамкориҳои мутақобила дорои имкониятҳои бузург мебошад. Тоҷикистон дар миёнароҳи стратегии кишварҳо ва минтақаҳои ҷаҳон воқеъ гардида, дар робита ба соҳаҳои энергетика, саноат, кишоварзӣ ва сайёҳӣ имкониятҳои васеъ дорад. Ислоҳоти андозӣ, ки барои тавсеаи соҳаи сармоягузории ин кишвар равона гардидааст, мавриди диққати мо қарор дорад.
Фаронса тасмим гирифтааст, ки дар Тоҷикистон фаъолияти сармоягузориро пеш барад, технологияҳои муосири худро ба он ворид намояд ва тамоми иқтидору имкониятҳои худро ба ин кишвар равона созад. Фаронса омодааст, ки дар амалигардонии тамоми ташаббусҳо Тоҷикистонро ҳамроҳӣ намояд. Кишвари мо омодааст, ки Тоҷикистонро дар самти рушди соҳаҳои фазалиятноки он кӯмаку дастгирӣ намояд. Гурӯҳи Шивер-Ашан, ки тасмим гирифааст ба сохторкунонии самтҳои кишоварзӣ нақши сазовор гузорад, фаъолияти ширкати Трактебел дар сохтмони НОБ-и Роғун ва сохтмони бинои назоратии Фурудгоҳи байналмилалии Душанбе тасдиқи гуфтаҳои боло мебошанд.
Имрӯз намояндагони ширкатҳои бузург дар ин чорабинӣ ҳузур доранд. Онҳо ба ин васила ҳамраъйӣ ва боварии худро ба иқтидори ин кишвар ифода менамоянд. Мехоҳам оиди ширкати Талес, ки яке аз ширкатҳои пешбар дар соҳаи истеҳсоли таҷҳизотҳои электронии баландсифат барои дастгоҳҳои ҳавоӣ, кайҳонӣ, муҳофизатӣ ва нақлиётӣ, қайд намоям.
Инчунин ширкати ФИВро, ки дар самтҳои истеҳсоли алюминий, семент, оҳан, шиша ва соҳаи ҳамлу нақл фаъолият менамояд, ба таваҷҷуҳи шумо расонам. Номи қаблии ширкат Пешиней Уҷин Кулман буд, ки солҳои 1970-уми асри гузашта барои оғози фаъолияти ширкати алюминийи «Талко» нақша арзанда бозидааст.
Ба ғайр аз ин, ширкати Муние масъули сохтмони бинои назоратии Фурудгоҳи байналмилалии Душанбе, ки дар он санъати сохтмонии фаронсавӣ зоҳир шудааст, ном бурдан мумкин аст. Ширкати Идемияро барои технологияҳои навтарин дар соҳаи амнияти ададӣ қайд кардан мумкин аст. Ширкати Нутристар, ки тӯли солҳои зиёд фаъолияти худро дар Тоҷикистон дар соҳаи хӯроки чорво пеш бурда истодааст. Ба инҳо монанд ширкатҳои зиёди дигар, аз ҷумла Итрон ва Алстомро низ ном гирифтан мумкин аст, ки барои ҳамкорӣ бо Тоҷикистон таваҷҷуҳ зоҳир намудаанд.
Муҳтарам Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба саҳми Шумо мерасонам, ки барои ворид намудани ширкатҳои фаронсавӣ ба Тоҷикистон мо ҷидду ҷаҳд хоҳем кард. Умедворем, ки ширкатҳои мо дар Тоҷикистон фаъолияти худро бидуни ягон мамониат пеш мебаранд.
Бори дигар миннатдории худро ба ташкилотчиёни форум иброз медорам. Чорабинии чунин сатҳ барои мубодилаи иттилоот ва ҳамдигарфаҳмии кишварҳо заминаи хуб мебошад. Иттиҳоди Аврупо дар ҷодаи дастгирии рушди иқтисодии Тоҷикистон ва Фаронса ҳавасманд буда, тамоми кӯшиши худро барои Форумҳои Брюсселӣ равона сохтааст, то ки дар амал ташаббусҳо ва лоиҳаҳои навро татбиқ намояд.
Дар охир бо камоли хоса ба таваҷҷуҳи ҳамагон мерасонам, ки дар нимаи охири соли 2019 дар шаҳри Париж дар Осорхонаи санъатҳои Осиёгӣ – ГИМЕ чорабинӣ бахшида ба Тоҷикистон баргузор хоҳад гашт, ки барои муаррифии имкониятҳо ва рушди иқтисодии Тоҷикистон аҳамияти назаррас хоҳад дошт.
Ташаккур ба диққататон!