ТАМОС БО МО
Рӯзи 26 октябри соли 2018 дар толори маҷлисгоҳи хурди Кумита вохӯрии муовини Раиси Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатӣ муҳтарам Нигина Анварӣ бо ҳайати намояндагони Ташкилоти дастгирии корхонаҳои хурду миёнаи Ҷопон (SMRJ) Коичиро Йоко – роҳбари Департаменти дастгирии маркетингӣ, Рей Кушида корманди Шуъбаи дастгирии тиҷорати байналмилалӣ ва Йури Мито – мушовири тиҷорати байналмилалӣ баргузор гардид. Ҳайати намояндагони Ташкилоти мазкур бо мақсади омӯзиши вазъи кунунии рушди соҳибкории хурду миёна дар Тоҷикистон ва баррасии имкониятҳои ба роҳ мондани ҳамкорӣ дар ин самт аз 24 то 26 октбяри соли 2018 ба Ҷумҳурии Тоҷикистон ташриф оварданд.
Ҳамчунин дар вохурии мазкур намояндагони Агентии ҳамкории байналмилалии Ҷопон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон (JICA) низ иштирок намуданд. Вохурии мазкур бо дастгирии Агентии ҳамкории байналмилалии Ҷопон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон (JICA) баргузор гардид.
Қайд гардид, ки Ташкилоти дастгирии корхонаҳои хурду миёнаи Ҷопон (SMRJ) бо мақсади дастгирии корхонаҳои хурду миёна соли 2004 таъсис дода шудааст ва он нақши муҳимро дар татбиқи сиёсати рушди корхонаҳои хурду миёнаи Ҷопон мебозад. Ташкилот барои рушди корхонаҳои хурду миёна дар ҳамкорӣ бо мақомоти маҳалӣ, идораҳои давлатӣ, институтҳои молиявию тадқиқотӣ ва дигар ташкилотҳои дастгирикунандаи соҳибкорӣ, тадбирҳои гуногуни дастгириро равона менамояд. Корхонаҳои хурду миёна 99,7 фоизи субъектҳои соҳибкории Ҷопонро (3 млн 809 ҳазор) ташкил дода, онҳо муҳаррики иқтисодиёти мамлакат мебошанд. Корхонаҳои хурду миёна дар ҳама марҳилаи фаъолият шӯруъ аз марҳалаи оғози фаъолият то ба сатҳи камолот расидан аз хизматрасониҳои ташкилот бархурдор мегарданд. Ташкилоти мазкур ба корхонаҳои хурду миёна хизматрасониҳои зеринро пешкаш менамояд: хизматрасониҳои инкубатсионӣ (хизматрасониҳо ба стартапҳо, хизматрасониҳои машваратӣ, иҷораи макони корӣ, дарёфти сармоягузорон ва коршарикон), мусоидат ба истифодабарии захираҳои минтақавӣ, ҳамкории бахши кишоварзӣ ва тиҷорат, дарёфти бозорҳои нави савдо тариқи баргузории намоишгоҳҳо, мулоқотҳои соҳибкорон, пайдо намудани коршарикон тариқи платформаи интернетӣ, пешниҳоди хизматрасониҳо барои рушди тиҷорат дар хориҷи кишвар ва пешниҳоди маблағгузорӣ ба корхонаҳои хурду миёна барои рушди фаъолияти тиҷоратӣ.
Ҳамзамон қайд гардид, ки хурокҳои Ҷопонӣ дар бозорҳои Иттиҳоди Аврупо хело зиёд машҳур гардидааст, аммо бо сабаби масофаи дур ва зиёд будани хароҷоти нақлиётӣ молҳои ҷопонӣ рақобатнопазир мегарданд. Бинобарин ширкатҳои Ҷопонӣ стратегияи тиҷорати худро дигаргун намудаанд, онҳо корхонаи истеҳсолиро дар давлати хориҷа кушода маҳсулотро бо технологияи Ҷопонӣ истеҳсол ва ба фурӯш мебароранд. Мақсади ташрифи ҳайати намояндагони Ташкилоти дастгирии корхонаҳои хурду миёнаи Ҷопон (SMRJ) низ омӯзиши имконияти ворид гардидани ширкатҳои хурду миёнаи Ҷопонӣ ба бозори давлатҳои Осиёи Марказӣ, аз ҷумла Тоҷикистон мебошад. Инчунин зикр гардид, ки ширкатҳои Ҷопонӣ оид ба имкониятҳои пешбурди тиҷорат дар ин минтақа маълумоти нокифоя доранд. Натиҷаи тадқиқоти мазкур тариқи нашриёт ба саҳми корхонаҳои хурду миёнаи Ҷопон расонида мешавад, ки ин ба ворид шудани ширкатҳои ҷопонӣ ба бозори минтақаи Осиёи Марказӣ мусоидат хоҳад намуд.
Баъдан аз ҷониби муовини Раиси Кумита Нигина Анварӣ маълумот оид ба вазъи соҳибкории хурду миёна, ислоҳотҳои дар ин самт гузаронидашуда, имкониятҳои соҳибкорию сармоягузорӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон маълумоти мухтасар пешниҳод карда шуд. Қайд карда шуд, ки дар Ҷумҳурии Тоҷикистон шароити мусоиди соҳибкорию сармоягузорӣ барои ширкатҳои Ҷопонӣ муҳайё карда шудааст. Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатӣ ҷиҳати рушди соҳибкорӣ ва баланд бардоштани фазои сармоягузорӣ омодааст бо ҷониби Ҷопон ҳамкорӣ намояд. Ҷиҳати рушди соҳибкорӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон таъсис додани бизнес инкубаторҳо дар асоси таҷрибаи Ҷопон дар назар дошта шудааст ва дар ин самт ҳамкориҳо бо Намояндагии Агентии Япония оид ба ҳамкориҳои байналмилалӣ (JICA) дар Тоҷикистон ба роҳ монда шудааст.
Дар анҷоми чорабинӣ ба роҳбари ҳайати намояндагони Ташкилоти дастгирии корхонаҳои хурду миёнаи Ҷопон (SMRJ) Коичиро Йоко маҷаллаи имкониятҳои сармоягузории Тоҷикистон тақдим карда шуда, ташрифи ширкатҳои Ҷопонӣ ба Ҷумҳурии Тоҷикистон даъват карда шуд.