Размер шрифта
Цвет фона и шрифта
Изображения
Озвучивание текста
Обычная версия сайта
Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон
  • ДАР БОРАИ КУМИТА
  • МАРКАЗИ МАТБУОТӢ
  • ТЕНДЕРҲО
  • ТАМОС
  • ...
    "/>
    Русский English
    Тоҷикӣ
    Сармоягузорӣ
    • Сармоягузории давлатӣ
    • Имкониятҳои сармоягузорӣ
    • Роҳнамои сармоягузор
    • Заминаи меъерӣ-ҳуқуқӣ
    • Харитаи сармоягузорӣ
    Соҳибкорӣ
    • Дастгирии давлатии соҳибкорӣ
    • Нишондиҳандаҳои рушди фаъолияти соҳибкорӣ
    • Механизмҳои ҳамкорӣ
    • Санҷиши фаъолият
    • Раёсати иҷозатномадиҳӣ
    • Рейтингҳо
    • Соҳибкории занон
    • Заминаи меъерӣ-ҳуқуқӣ
    Моликияти давлатӣ
    • Идораи моликияти давлатӣ
    • Таҷдид ва хусусигардонӣ
    • Сохторҳои идораи амволи давлатӣ
    • Заминаи меъерӣ-ҳуқуқӣ
    Чаро Тоҷикистон?

      • Тоҷикӣ
        • Забон
        • Тоҷикӣ
        • Русский
        • English
      • +992 (37) 221-86-59
      • Ҷумҳурии Тоҷикистон, 734000, ш. Душанбе, Шоҳтемур 27.
      • info@investcom.tj
      • Соатҳои корӣ аз 8:00 то 17:00

      Мулоқот бо Сафири Фавқулодда ва Мухтори Амороти Муттаҳидаи Араб

      Асосӣ
      —
      Хабарҳо
      —
      Бойгонии хабарҳо
      01.11.2018
      1 012
      Санаи 1 ноябри соли 2018 дар Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон мулоқоти Раиси Кумита муҳтарам Ҳамрализода Фаррух Маҳмуд бо Сафири Фавқулодда ва Мухтори Амороти Муттаҳидаи Араб дар Ҷумҳурии Тоҷикистон бо қароргоҳ дар шаҳри Остона  доктор Муҳаммад Аҳмад ал-Ҷобир ва ҳайати ҳамроҳи он доир гардид.
      Зимни мулоқот маҷмӯи масъалаҳои марбут ба дурнамои рушди ҳамкорӣ бо Амороти Муттаҳидаи Араб дар соҳаҳои иқтисод, сармоягузорӣ, тиҷорат, илму маориф, фарҳанг, саноат, энергетика, алоқаи ҳавоӣ, кишоварзӣ ва тақвият бахшидани заминаи шартномавӣ ҳуқуқии ду кишвар мавриди баррасӣ қарор гирифт.
      Дар рафти мулоқот аз ҷониби Раиси Кумита муҳтарам Ҳамрализода Фаррух Маҳмуд ба ҷониби Амороти Муттаҳидаи Араб пешниҳодҳо ҷиҳати ба роҳ мондани боркашонии ҳавоиӣ (КАРГО) байни Амороти Муттаҳидаи Араб ва Ҷумҳурии Тоҷикистон, татбиқи лоиҳаҳои сармоягузорӣ, аз ҷумла азхудкунии канданиҳои фоиданоки Тоҷикистон ва сохтмони инфрасохтори сайёҳӣ, кушодани намояндагии бонкҳои тиҷоратии Амороти Муттаҳидаи Араб дар Тоҷикистон, бунёди инфрасохтори зарурӣ оид ба нигоҳдорӣ, коркард ва интиқоли маҳсулоти кишоварзӣ, оби ошомиданӣ аз Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Амороти Муттаҳидаи Араб манзур гардид.
      Аз ҷониби Сафири Фавқулодда ва Мухтори Амороти Муттаҳидаи Араб дар Ҷумҳурии Тоҷикистон бо қароргоҳ дар шаҳри Остона доктор Муҳаммад Аҳмад ал-Ҷобир пешниҳодҳо дар мавриди ба роҳ мондани ҳамкорӣ бо ширкатҳои Амороти Муттаҳидаи Араб, аз ҷумла ширкати Заҳир дар самти коркарди меваю сабзавот ва интиқоли минбаъдаи он ба Амороти Муттаҳидаи Араб, ширкати Масдар дар самти нерӯи барқароршавандаи энергия ва ширкати Футейм дар самти сохтмон ва истифодабарии марказҳои тиҷоратӣ манзур гардид.
      Ҷонибҳо инчунин баҳри татбиқи амалии мувофиқаҳое, ки зимни баргузории ҷаласаи сеюми Комиссияи байниҳукуматии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Амороти Муттаҳидаи Араб оид ба ҳамкории иқтисодӣ, тиҷоратӣ ва техникӣ  ҳосил гардиданд, таъкид намуданд.
      Дар фарҷоми мулоқот аз ҷониби Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатӣ ба ҳайати Амороти Муттаҳидаи Араб бастаи лоиҳаҳои сармоягузорӣ ва қонунгузорӣ оид ба сармоягузорӣ барои баррасӣ ва омӯзиш манзур гардид.
      Саҳифаи асосӣ


      Сармоягузорӣ
      Сармоягузории давлатӣ
      Имкониятҳои сармоягузорӣ
      Роҳнамои сармоягузор
      Заминаи меъерӣ-ҳуқуқӣ
      Харитаи сармоягузорӣ
      Соҳибкорӣ
      Дастгирии давлатии соҳибкорӣ
      Нишондиҳандаҳои рушди фаъолияти соҳибкорӣ
      Механизмҳои ҳамкорӣ
      Санҷиши фаъолият
      Раёсати иҷозатномадиҳӣ
      Рейтингҳо
      Соҳибкории занон
      Заминаи меъерӣ-ҳуқуқӣ
      Моликияти давлатӣ
      Идораи моликияти давлатӣ
      Таҷдид ва хусусигардонӣ
      Сохторҳои идораи амволи давлатӣ
      Заминаи меъерӣ-ҳуқуқӣ
      Чаро Тоҷикистон?
      2024 © Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон
      Яндекс.Метрика
      ТАМОС БО МО