ТАМОС БО МО
5 ноябри соли 2018 дар толори маҷлисгоҳи хурди Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо ҳайати намояндагони ширкати аграрии “Делта Аграр”-и Сербия вохӯрӣ баргузор гардид.
Бояд қайд намуд, ки ҳайати намояндагони ширкати аграрии “Делта Аграр”-и Сербия, Милош Текич роҳбари лоиҳаҳо дар давлатҳои Осиё, Денис Иванович иҷрокунандаи вазифаи директори ширкат дар Белгия ва Никола Милесевич директори ширкати аграрии “Делта Аграр” дар Сербия ҷиҳати омӯзиши соҳаи кишоварзии мамлакат ва ба роҳ мондани ҳамкориҳо бо мақсади сармоягузорӣ намудан дар ин соҳаи муҳими иқтисодиёт аз 5 то 10 ноябри соли ҷорӣ ба Ҷумҳурии Тоҷикистон ташриф овардаанд.
Дар рафти вохӯрӣ оид ба нишондиҳандаҳои макроиқтисодии мамлакат, имкониятҳои сармоягузорӣ дар соҳаи кишоварзӣ, имтиёзҳои андозиву гумрукӣ барои сармоягузорон ва минтақаҳои озоди иқтисодии мамлакат маълумот дода шуд. Қайд карда шуд, ки дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои соҳибкорону сармоягузорон 97 имтиёзу сабукиҳо пешбинӣ гардида, субъектҳои Минтақаҳои озоди иқтисодӣ аз ҳама намуд андозҳо озод мебошанд, ба истиснои андози иҷтимоӣ. Соҳаи кишоварзӣ яке аз соҳаҳои стратегии иқтисодиёти ҷумҳурӣ ба шумор рафта, 70 фоизи аҳолии мамлакат дар ин соҳа фаъолият менамоянд. Саҳми соҳаи кишоварзӣ дар Маҷмӯи маҳсулоти дохилии кишвар сол аз сол кам гардида, саҳми соҳаи саноат бошад зиёд гардидаистодааст, ки ин аз зиёд гардидани истеҳсоли маҳсулотҳои бо арзиши иловашуда шаҳодат медиҳад. Ҷумҳурии Тоҷикистон ба ширкатҳои Сербия имкон медиҳад, ки ба бозорҳои Осиё роҳ ёбанд. Ҳамзамон Ҷумҳурии Сербия низ ба мо имконият медиҳад, ки ба бозори Иттиҳоди Аврупо роҳ ёбем.
Сипас аз ҷониби ҳайати намояндагони ширкати аграрии “Делта Аграр”-и Сербия оид ба самти фаъолияти ширкат ва нақшаҳои сармоягузорӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон маълумот дода шуд. Қайд гардид, ки ширкати “Делта Аграр” ҳамчун аъзои ширкати холдингии “Delta Holding” соли 1993 таъсис ёфта, яке аз ширкатҳои пешқадам дар соҳаи истеҳсоли маҳсулотҳои кишоварзӣ ба шумор меравад. Ширкати “Делта Аграр” дар бозорҳои Иттиҳоди Аврупо, Руссия ва Швейтсария пурсамар фаъолият намуда истодааст. Соҳаи кишоварзии Тоҷикистон, аз ҷумла самти истеҳсоли меваҷоту сабзавот қобили таваҷӯҳ буда, ширкат мақсад дорад, ки дар ин самт сармоягузорӣ намояд.
Дар фарҷоми вохӯрӣ ба ҳайати намояндагони ширкати аграрии “Делта Аграр”-и Сербия маводҳои иттилоотӣ оид ба имкониятҳои сармоягузории Тоҷикистон тақдим карда шуда, аз ҳайати намояндагони ширкат даъват ба амал оварда шуд, ки онҳо барои аз наздик шинос гардидан бо Минтақаҳои озоди иқтисодӣ ва амалӣ намудани лоиҳаи сармоягузорӣ бори дигар ба Ҷумҳурии Тоҷикистон ташриф оваранд.