ТАМОС БО МО
Рӯзи 8 ноябри соли 2018 дар толори маҷлисгоҳи хурди Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо миссияи Корпоратсияи байналмилалии молиявӣ оид ба инфрасохтор дар ҳайати Валид Саид Сарафа – коршиноси калони КБМ оид ба масъалаҳои сармоягузорӣ дар Осиёи Марказӣ ва Небожа Арсеньевика – ҳамоҳангсози барномаҳои машваратии Департаменти энергетика ва самаранокии захираҳои КБМ вохӯрӣ баргузор гардид. Дар вохӯрӣ роҳбари намояндагии Корпоратсияи байналмилалии молиявӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон Манижа Мамаднабиева низ иштирок доштанд.

Қайд карда шуд, ки Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатӣ дар ҳамкорӣ бо Корпоратсияи байналмилалии молиявӣ ҷиҳати беҳтар намудани фазои соҳибкорию сармоягузорӣ ва рушди бахши хусусӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон корҳои зиёдеро ба анҷом расонидааст. Бо кумаки техникии КБМ ҷиҳати беҳтар намудани фазои соҳибкорию сармоягузорӣ ислоҳотҳои назаррас анҷом дода шудааст, аз ҷумла дар самтҳои санҷиши фаъолияти субъектҳои хоҷагидор, низоми иҷозатдиҳию иҷозатномадиҳӣ, шарикии давлат ва бахши хусусӣ. Дар натиҷаи ислоҳотҳои гузаронидашуда фазои соҳибкорию сармоягузорӣ дар ҷумҳурӣ баланд гардида, воридоти сармояи мустақими хориҷӣ ба иқтисодиёти мамлакат зиёд шуд. Суръати рушди иқтисодиёти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар минтақаи Осиёи Марказӣ аз ҳама баланд буда, маҷмӯи маҳсулоти дохилии солонаи кишвар 7 фоизро ташкил медиҳад. Дар даврони истиқлолӣ Ҷумҳурии Тоҷикистон тавонист ба яке аз ҳадафҳои стратегии худ, яъне баромадан аз бунбасти коммунитаксионӣ расад. Бо кумаки шарикони рушд дар ҷумҳурӣ инфрасохтори нақлиётӣ таҷдид гардида, роҳҳои автомобилгард, пулҳо ва роҳи оҳан сохта ба истифода дода шудаанд. Дар рӯзҳои наздик бо баистифода додани агрегати нахустини НБО “Роғун” Ҷумҳурии Тоҷикистон метавонад ба дигар ҳадафи стратегии худ, яъне ба даст овардани истиқлолияти энергетикӣ низ расад.

Дар фарҷоми вохӯрӣ изҳори ҳавасмандӣ карда шуд, ки ҷиҳати амалӣ намудани лоиҳаҳои инфрасохторӣ дар соҳаи энергетика тариқи механизми шарикии давлат ва бахши хусусӣ, инчунин дастгирии бахши хусусии соҳаи кишоварзӣ тариқи таъмин намудани онҳо бо яхдонҳо бо КБМ ҳамкорӣ намоем.