Размер шрифта
Цвет фона и шрифта
Изображения
Озвучивание текста
Обычная версия сайта
Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон
  • ДАР БОРАИ КУМИТА
  • МАРКАЗИ МАТБУОТӢ
  • ТЕНДЕРҲО
  • ТАМОС
  • ...
    "/>
    Русский English
    Тоҷикӣ
    Сармоягузорӣ
    • Сармоягузории давлатӣ
    • Имкониятҳои сармоягузорӣ
    • Роҳнамои сармоягузор
    • Заминаи меъерӣ-ҳуқуқӣ
    • Харитаи сармоягузорӣ
    Соҳибкорӣ
    • Дастгирии давлатии соҳибкорӣ
    • Нишондиҳандаҳои рушди фаъолияти соҳибкорӣ
    • Механизмҳои ҳамкорӣ
    • Санҷиши фаъолият
    • Раёсати иҷозатномадиҳӣ
    • Рейтингҳо
    • Соҳибкории занон
    • Заминаи меъерӣ-ҳуқуқӣ
    Моликияти давлатӣ
    • Идораи моликияти давлатӣ
    • Таҷдид ва хусусигардонӣ
    • Сохторҳои идораи амволи давлатӣ
    • Заминаи меъерӣ-ҳуқуқӣ
    Чаро Тоҷикистон?

      • Тоҷикӣ
        • Забон
        • Тоҷикӣ
        • Русский
        • English
      • +992 (37) 221-86-59
      • Ҷумҳурии Тоҷикистон, 734000, ш. Душанбе, Шоҳтемур 27.
      • info@investcom.tj
      • Соатҳои корӣ аз 8:00 то 17:00

      Саммити Экосистемаи Стартапҳо таҳти унвони “Ҳамкории минтақавӣ баҳри рушди соҳибкории технологӣ”

      Асосӣ
      —
      Хабарҳо
      —
      Бойгонии хабарҳо
      14.11.2018
      820
      Имрӯз 14-уми ноябри соли 2018 дар шаҳри Душанбе,  меҳмонхонаи “Ҳаят Реҷенсӣ” бо иштироки ҳайатҳои соҳибкорону коршиносон ва масъулини воломақоми бахши хусусӣ аз кишварҳои Россия, Гурҷистон, Қазоқистон, Ӯзбекистон, Қирғизистон ва Тоҷикистон нишасти коршиносони “Саммити Экосистемаи Стартапҳо” ба кори худ оғоз бахшид.
      Чорабинии мазкур бо ташаббуси Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуди “Машварати иноватсионӣ” ва бахши хусусию шарикони рушд баргузор гардид. 
      Дар нишасти мазкур ҷонибҳо аслан сари 4 мавзуи меҳварӣ табодули назар намуданд:
      1. Стартап-экосистемаи Осиёи Марказӣ: танзими фазои соҳибкорӣ.
      2. Асосҳо барои рушди систематикии стартапҳо.
      3. Сармоя ва зарфиятҳои молӣ барои стартапҳо.
      4. IT-стартапҳо ҳамчун заминаи аслии иқтисоди рақамӣ.
      Мақсад аз баргузории чорабинии мазкур ин баланд бардоштани нерӯ ва сафарбар намудани ҷавонон ба фаъолияти соҳибкорию сармоягузорӣ, баланд бардоштани рақобат бо истифодаи технологияҳои муосир, ҷалби бештари ҷавонон ба соҳибкорӣ ба воситаи муҳайё кардани шароит ҷиҳати рушди “стартап”-ҳо, баррасии имкониятҳои ҳамкории минтақавӣ миёни намояндагони бахши хусусии кишварҳои Осиёи Марказӣ ва ҳамчунин пешбинии амалисозии лоиҳаҳои муштараки тиҷоратӣ миёни соҳибкорони минтақа мебошад.
      Барои натиҷагирии фарогир аз чорабинии мазкур, иштироки фаъоли намояндагони мақомоти давлатӣ аз вазорату идораҳои дахлдор, бахши хусусӣ ва шарикони рушд даъват ва таъмин шудааст. 
      Дар назар аст, ки ҳамчун натиҷаи ҷамъбастии ин нишаст, қарордод дар хусуси ҳамкориҳои минбаъдаи намояндагони бахши хусусии минтақаи Осиёи Марказӣ дар самти соҳибкории технологӣ қабул карда шавад.
      Ташаббускорони ин нишаст интизорӣ доранд, ки чорабинии мазкур хусусияти анъанавӣ пайдо карда, ҳамасола дар кишварҳои гуногуни минтақаи Осиёи Марказӣ баргузор хоҳад шуд.

      Саҳифаи асосӣ


      Сармоягузорӣ
      Сармоягузории давлатӣ
      Имкониятҳои сармоягузорӣ
      Роҳнамои сармоягузор
      Заминаи меъерӣ-ҳуқуқӣ
      Харитаи сармоягузорӣ
      Соҳибкорӣ
      Дастгирии давлатии соҳибкорӣ
      Нишондиҳандаҳои рушди фаъолияти соҳибкорӣ
      Механизмҳои ҳамкорӣ
      Санҷиши фаъолият
      Раёсати иҷозатномадиҳӣ
      Рейтингҳо
      Соҳибкории занон
      Заминаи меъерӣ-ҳуқуқӣ
      Моликияти давлатӣ
      Идораи моликияти давлатӣ
      Таҷдид ва хусусигардонӣ
      Сохторҳои идораи амволи давлатӣ
      Заминаи меъерӣ-ҳуқуқӣ
      Чаро Тоҷикистон?
      2024 © Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон
      Яндекс.Метрика
      ТАМОС БО МО