ТАМОС БО МО
14 ноябр дар Қасри миллат Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба ифтихори ба фаъолият оғоз кардани агрегати якуми Нерӯгоҳи барқи обии “Роғун” ба беш аз 100 нафар мутахассисони касбу кори гуногуни арсаи нангу номус мукофотҳои давлатӣ супориданд.
Қабл аз оғози маросими супоридани мукофотҳо Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҳамаи ҳозиринро ба муносибати руйдоди муҳими таърихӣ - ба кор андохтани агрегати аввалини Нерӯгоҳи барқи обии “Роғун” ва сарфароз гардиданашон бо мукофотҳои давлатӣ самимона табрик гуфтанд.
Сарвари давлат таъкид доштанд, ки Нерӯгоҳи барқи обии “Роғун” иншооти муҳиму стратегии кишвар ба ҳисоб меравад, аз ин ру роҳбарияти олии кишвар ҳанӯз аз рӯзҳои аввали ба даст овардани истиқлолияти давлатӣ ба сохтмони иншооти гидроэнергетикӣ таваҷҷуҳи хосса зоҳир намуда, барои бунёди нерӯгоҳҳои хурду бузург дар қаламрави кишварамон ҳамаи захираву имкониятҳоро сафарбар намуд.
Таъкид гардид, ки бунёди пурраи ин кохи нур роҳи асосии ба истиқлолияти комили энергетикӣ ноил шудани Тоҷикистон буда, омили муҳимтарини таконбахши иқтисодиёти миллӣ, афзоиш ёфтани иқтидори содиротии кишвар ва муҳимтар аз ҳама, боиси таъмин намудани сатҳи шоистаи зиндагии сокинони мамлакат мегардад.
Имрӯз дар маросими навбатии супоридани мукофотҳои давлатӣ аз корманди оддӣ сар карда, то экскваторчӣ, васлгару ронанда, нақбкану кафшергар, пармагару барқчӣ, дуредгару муҳандис ва роҳбарони ширкатҳои сохтмонӣ иштирок доштанд, ки дар қитъаҳои гуногуни ҷабҳаи нангу номус бо садоқат ба давлату миллат заҳмат мекашанд.
Бо Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи сарфарозгардонии сохтмончиёни Нерӯгоҳи барқии обии “Роғун”” барои дастовардҳои баланди истеҳсолӣ, фаъолияти самаранок ва саҳми арзанда дар бунёди Нерӯгоҳи барқии обии “Роғун” коргарон бо Ордени “Шараф дараҷаи 2”, Медали “Хизмати шоиста” ва “Ифтихорномаи Ҷумҳурии Тоҷикистон” қадр карда шуданд.
Ҳамин тавр 2 нафар бо Ордени “Шараф дараҷаи 2”, 53 нафар бо Медали “Хизмати шоиста” ва 48 нафар бо “Ифтихорномаи Ҷумҳурии Тоҷикистон” сарфароз гардиданд.
Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон зимни супоридани мукофотҳои давлатӣ хизмати арзандаи ҳар як нафари коргари Ҷамъияти Саҳҳомии Кушодаи Нерӯгоҳи барқи обии “Роғун”, аз ҷумла сардорони раёсатҳои ширкат, васлгарон, ронандагони техникаҳои гуногун, нақбканон, кафшергарони газию барқӣ, таъмиргарони муҳаррик, челонгарон, пармагарон, устоҳои қитъаҳои сохтмонӣ, кормандони озмоишгоҳҳо, барқчиён, дуредгарон, назоратчиҳои қитъаҳои сохтмонӣ, истеҳсолотчиён, инчунин пудратчиён - кормандони даҳҳо адад ҷамъиятҳои дорои масъулияти маҳдудро, ки дар рафти корҳои сохтмонӣ фаъолона иштирок кардаанд, махсус қайд намуданд.
Дар маросими мукофотсупорӣ Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҳамаи нафароне, ки барои фаъолияти пурсамар дар роҳи бунёди Нерӯгоҳи барқи оби “Роғун” аз ҷониби роҳбарияти давлату ҳукумати мамлакат бо мукофотҳои олии давлатӣ қадрдонӣ шуданд, ба ифтихори руйдоди муҳим табрик гуфта, ба онҳо саломативу сарбаландӣ ва барори кор орзу карданд.
Пешвои миллат бори дигар ба ҳамаи коргарон барои хизмати шоиста ва ватандӯстонаву созанда дар назди халқу Ватан миннатдорӣ баён намуда, бо итминон иброз доштанд, ки онҳо минбаъд низ барои ободии кишварамон, пойдории сулҳу субот дар ҷомеа, пешрафти иқтисоди миллиамон ва амалӣ гардидани ҳамаи ҳадафҳои неки давлату ҳукумат бо азму талоши дучанд заҳмат мекашанд.