Размер шрифта
Цвет фона и шрифта
Изображения
Озвучивание текста
Обычная версия сайта
Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон
  • ДАР БОРАИ КУМИТА
  • МАРКАЗИ МАТБУОТӢ
  • ТЕНДЕРҲО
  • ТАМОС
  • ...
    "/>
    Русский English
    Тоҷикӣ
    Сармоягузорӣ
    • Сармоягузории давлатӣ
    • Имкониятҳои сармоягузорӣ
    • Роҳнамои сармоягузор
    • Заминаи меъерӣ-ҳуқуқӣ
    • Харитаи сармоягузорӣ
    Соҳибкорӣ
    • Дастгирии давлатии соҳибкорӣ
    • Нишондиҳандаҳои рушди фаъолияти соҳибкорӣ
    • Механизмҳои ҳамкорӣ
    • Санҷиши фаъолият
    • Раёсати иҷозатномадиҳӣ
    • Рейтингҳо
    • Соҳибкории занон
    • Заминаи меъерӣ-ҳуқуқӣ
    Моликияти давлатӣ
    • Идораи моликияти давлатӣ
    • Таҷдид ва хусусигардонӣ
    • Сохторҳои идораи амволи давлатӣ
    • Заминаи меъерӣ-ҳуқуқӣ
    Чаро Тоҷикистон?

      • Тоҷикӣ
        • Забон
        • Тоҷикӣ
        • Русский
        • English
      • +992 (37) 221-86-59
      • Ҷумҳурии Тоҷикистон, 734000, ш. Душанбе, Шоҳтемур 27.
      • info@investcom.tj
      • Соатҳои корӣ аз 8:00 то 17:00

      Вобаста ба чорабинии “Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон” ва ифтитоҳи агрегати аввали Нерӯгоҳи барқии обии “Роғун”

      Асосӣ
      —
      Хабарҳо
      —
      Бойгонии хабарҳо
      16.11.2018
      877
      Санаи 16 уми ноябри соли 2018 “Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон” ва ифтитоҳи агрегати аввали Нерӯгоҳи барқии оби “Роғун”, Кохи нури тоҷикон ба ҳам пайваст, ки ин худ нишондиҳандаи соҳибистиқлолӣ ва соҳибихтиёрии мардуми банангу сулҳовари тоҷик мебошад. Мардуми тоҷик ин рӯзи таърихии ояндасозро дер боз интизорӣ доштанд ва бо раҳбарии Пешвои муаззаму бохирадаш ба чунин рӯзҳои нек, оғози ояндаи нек сазовор гаштанд.
      Ҳамзамон, вобаста ба ин чорабинии таърихӣ дар бинои Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон, маърузаро бо сухани ифтитоҳӣ муовини Раиси Кумита Нигина Анварӣ оғоз намуда, аз номи роҳбарияти Кумита тамоми кормандони дастгоҳи марказӣ ва системаи Кумитаро бо “Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон” ва ба ифтихори таҷлили кушодашавии агрегати сохтмони бузурги Нерӯгоҳи барқи обии “Роғун”, ки бо иштироки бевоситаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон шурӯъ гардид, табрик намуд. 
      Қайд намуд, ки ин рӯйдоди муҳими таърихӣ сароғози корномаи навини Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар таърихи даврони соҳибистиқлолии кишварамон бо ҳарфҳои заррин сабт хоҳад гашт ва ин барои насли оянда масъулияти азим ва ҳам ифтихору шарафи бузург аст.
      Ба истифода додани агрегати аввали ин Кохи нур ин ноил шудан ба яке аз ҳадафҳои стратегии миллӣ – таъмин намудани истиқлолияти энергетикии кишвар барои рушди босуботи иқтисодиву иҷтимоӣ ва баланд бардоштани сатҳу сифати зиндагии мардуми кишвар аҳамияти ниҳоят бузург дорад.
      Мо мардуми тоҷик муввазафем ба ин ҳама талошу ободкориҳои ин марди бузург Пешвои миллат бо қадршиносӣ ва эҳтиром бирасем ва ҳар як аз ҷониби худ саҳме дар ҷоддаи ободкорӣ дар Ватан баҳри ояндаи дурахшон гузорем, ифтихор кунем аз пешрафт, шукргузор бошем аз сулҳу амният, осоиши Ватани хеш.
      Баъд аз табрикот ва суханрониҳо ҳозирин дар фазои тантанавӣ ба кор даровардани агрегати аввали бузургтарин ва муҳимтарин иншооти гидроэнергетикии Тоҷикистон Неругоҳи барқии обии “Роғун”-ро, бо як ифтихор ва руҳияи баланди сиёсӣ, ки ин чорабиниро аз тариқи тамоми шабакаҳои телевизионӣ пахш гардид, тамошо намуданд.
      Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатӣ тамоми ҳамватанонро бо ин ду саннаи таърихӣ ҷашни пуршукуҳи нурбахш табрик менамояд.
                                                                                                   
      Роғун адолат аст!
      Роғун асолат аст!
      Бахту саодат аст!
      Афсонае куҷост?
      Роғун ҳақиқат аст.
      Саҳифаи асосӣ


      Сармоягузорӣ
      Сармоягузории давлатӣ
      Имкониятҳои сармоягузорӣ
      Роҳнамои сармоягузор
      Заминаи меъерӣ-ҳуқуқӣ
      Харитаи сармоягузорӣ
      Соҳибкорӣ
      Дастгирии давлатии соҳибкорӣ
      Нишондиҳандаҳои рушди фаъолияти соҳибкорӣ
      Механизмҳои ҳамкорӣ
      Санҷиши фаъолият
      Раёсати иҷозатномадиҳӣ
      Рейтингҳо
      Соҳибкории занон
      Заминаи меъерӣ-ҳуқуқӣ
      Моликияти давлатӣ
      Идораи моликияти давлатӣ
      Таҷдид ва хусусигардонӣ
      Сохторҳои идораи амволи давлатӣ
      Заминаи меъерӣ-ҳуқуқӣ
      Чаро Тоҷикистон?
      2024 © Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон
      Яндекс.Метрика
      ТАМОС БО МО