Дар Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳти раёсати муовини якуми Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон – Раиси Шӯро оид ба шарикии давлат ва бахши хусусӣ Давлаталӣ Саид ҷаласаи даҳуми Шӯро оид ба шарикии давлат ва бахши хусусӣ баргузор гардид.
Дар ҷаласаи мазкур аъзои Шӯро — вазирони рушди иқтисод ва савдо, молия, адлия, раисони кумитаҳои давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатӣ, идораи замин ва геодезӣ, кумитаи меъморӣ ва сохтмон ва котиби Шӯро- Директори Муассисаи давлатии «Маркази татбиқи лоиҳаҳои шарикии давлат ва бахши хусусӣ» иштирок намуданд.
Ҷаласаро Раиси Шӯро оид ба шарикии давлат ва бахши хусусӣ Давлаталӣ Саид ифтитоҳ намуда, гуфт: «Механизми шарикии давлат ва бахши хусусӣ яке аз роҳҳои муосири ҷалби сармоя ба ҳисоб рафта, давлат метавонад барои иҷрои уҳдадориҳои худ дар амалишавии лоиҳаҳои самти хизматрасонии иҷтимоӣ ва инфрасохтор тибқи Созишнома дар доираи талаботи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи шарикии давлат ва бахши хусусӣ» шарикони хусусиро ҷалб намояд».
Котиби Шӯро — Директори Муассисаи давлатии «Маркази татбиқи лоиҳаҳои шарикии давлат ва бахши хусусӣ» Исфандиёр Усмонзода оид ба иҷрои супоришҳои протоколи ҷаласаи нуҳуми Шӯро ҳисобот манзур намуд.
Зикр шуд, ки зимни ҷаласаи нуҳуми Шӯро оид ба шарикии давлат ва бахши хусусӣ лоиҳаи «Низоми пардохти электронии роҳкиро ва назорати он дар нақлиёти мусофирбари автомобилии истифодаи умуми шаҳри Душанбе» — («City card») муаррифӣ гардида, қарори дахлдор қабул гардида буд.
-Айни замон тавассути механизми шарикии давлат дар асоси Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи шарикии давлат ва бахши хусусӣ» табқи қарорҳои Шӯро чор лоиҳа амалӣ гардида истодаанд,- гуфт Исфандиёр Усмонзода ва илова намуд, ки инҳо лоиҳаҳои «Таҷдид ва идоранамоии кӯдакистони №133 ш. Душанбе», «Сохтмони хатти интиқоли барқ ба Минтақаи озоди иқтисодии «Данғара», «Таъсиси Маркази мубориза бар зидди гепатитҳои вирусӣ» ва «Низоми пардохти электронии роҳкиро ва назорати он дар нақлиёти мусофирбари автомобилии истифодаи умуми шаҳри Душанбе» мебошанд.
Дар ҷаласа лоиҳаи «Таъмин намудани аҳолии Ҷамоати деҳоти Исфисори ноҳияи Бобоҷон Ғафуров бо оби нӯшокии тоза» мавриди муҳокима ва баррасии аъзои Шӯро қарор гирифта, вобаста ба амалигардии он бо роҳҳои механизми шарикии давлат ва бахши хусусӣ қарори дахлдор қабул гардид.
Муовини якуми Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон – Раиси Шӯро оид ба шарикии давлат ва бахши хусусӣ Давлаталӣ Саид барои беҳбуди фаъолияти минбаъдаи Шӯро ва Муассисаи давлатии «Маркази татбиқи лоиҳаҳои шарикии давлат ва бахши хусусӣ» дастуру супоришҳои мушаххас дод.