Размер шрифта
Цвет фона и шрифта
Изображения
Озвучивание текста
Обычная версия сайта
Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон
  • ДАР БОРАИ КУМИТА
  • МАРКАЗИ МАТБУОТӢ
  • ТЕНДЕРҲО
  • ТАМОС
  • ...
    "/>
    Русский English
    Тоҷикӣ
    Сармоягузорӣ
    • Сармоягузории давлатӣ
    • Имкониятҳои сармоягузорӣ
    • Роҳнамои сармоягузор
    • Заминаи меъерӣ-ҳуқуқӣ
    • Харитаи сармоягузорӣ
    Соҳибкорӣ
    • Дастгирии давлатии соҳибкорӣ
    • Нишондиҳандаҳои рушди фаъолияти соҳибкорӣ
    • Механизмҳои ҳамкорӣ
    • Санҷиши фаъолият
    • Раёсати иҷозатномадиҳӣ
    • Рейтингҳо
    • Соҳибкории занон
    • Заминаи меъерӣ-ҳуқуқӣ
    Моликияти давлатӣ
    • Идораи моликияти давлатӣ
    • Таҷдид ва хусусигардонӣ
    • Сохторҳои идораи амволи давлатӣ
    • Заминаи меъерӣ-ҳуқуқӣ
    Чаро Тоҷикистон?

      • Тоҷикӣ
        • Забон
        • Тоҷикӣ
        • Русский
        • English
      • +992 (37) 221-86-59
      • Ҷумҳурии Тоҷикистон, 734000, ш. Душанбе, Шоҳтемур 27.
      • info@investcom.tj
      • Соатҳои корӣ аз 8:00 то 17:00

      Вохӯрии муовини раиси Кумитаи давлатии сармоягузорӣ бо Намояндаи доимии Бонки Ҷаҳонӣ дар Тоҷикистон

      Асосӣ
      —
      Хабарҳо
      —
      Бойгонии хабарҳо
      20.12.2018
      972
      20 декабри соли ҷорӣ дар Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон вохӯрии  муовини раиси Кумита Нигина Анварӣ бо Намояндаи доимии Бонки Ҷаҳонӣ дар Тоҷикистон Ян-Петер Олтерс баргузор шуд.
      Зимни мулоқот ҷонибҳо аз натиҷаи ҳамкориҳои судманди Кумитаи давлатии сармоягузорӣ бо Бонки Ҷаҳонӣ изҳори қаноатмандӣ намуда, оид ба беҳтар намудани мавқеи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар раддабандии ҳисоботи “Пешбурди соҳибкорӣ”-и Бонки Ҷаҳонӣ (Doing business rating) ибрози назар намуданд.
      Зикр гардид, ки аз ҷониби Кумитаи сармоягузорӣ рӯйхати нави соҳибкорони ватанӣ ҷиҳати анҷом додани пурсиш ба Бонки Ҷаҳонӣ пешниҳод гардидааст.
      Ҳамзамон, оид ба ташрифи гурӯҳи назоратии пешбурди соҳибкории Бонки Ҷаҳонӣ (verification mission of doing business team) ба Тоҷикистон дар моҳи июни соли 2019 ба мувофиқа расиданд.
      Муовини раиси Кумита Нигина Анварӣ оид ба таъсиси Муассисаи давлатии “Бизнес инкубатор”-и Тоҷикистон ҷиҳати хизматрасонӣ ба соҳибкорону сармоягузорон маълумот дод, ки аз ҷониби ҷаноби Олтерс бо хушнудӣ пазируфта шуд. Роҳбари дафтари Бонки Ҷаҳонӣ дар Тоҷикистон қайд кард, ки ин як падида нав ва боз як қадами устувор дар самти рушди соҳибкорию тиҷорат дар Тоҷикистон хоҳад буд.
      Ян-Петер Олтерс иброз дошт, ки Бонки Ҷаҳонӣ дар соли 2019 низ ҷиҳати анҷом додании чорабиниҳои мухталиф дар самти беҳтар намудани мавқеи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар раддабандии пешбурди соҳибкорӣ ва гузаронидани ислоҳот кӯмаки худро мерасонад.
      Оид ба беҳтар намудани мавқеи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар раддабандии ҳисоботи “Пешбурди соҳибкорӣ”-и Бонки Ҷаҳонӣ (Doing business rating)  ҷонибҳо истифодаи таҷрибаи кишварҳои дигар ба мисоли Гурҷистон ва Македонияро, ки айниҳол дар раддабандии ҳисоботи “Пешбурди соҳибкорӣ” дар даҳгонаи аввал қарор доранд, қобили дастгирӣ шумориданд.
      Ҷиҳати таҳкими “Низоми идоракунии  иттилоотии лоиҳаҳои сармоягузорӣ”, ки дар он маълумот оид ба лоиҳаҳои сармоягузорӣ,  кӯмакҳои шарикони рушд, рафти тадбиқ ва санҷиши онҳо ҷойгир карда мешавад, ҷониби Бонки Ҷаҳонӣ омодагии худро ҷиҳати расонидани кӯмаки техникӣ иброз доштанд.
      Дар фарчоми вохӯрӣ чонибҳо ҷиҳати вусъат додани тадбирҳои муштарак дар соли 2019 дар самти рушди иқтисоди рақобатнок барои расидан ба мақсадҳои стратегӣ ба мувофиқа расиданд.
      Саҳифаи асосӣ


      Сармоягузорӣ
      Сармоягузории давлатӣ
      Имкониятҳои сармоягузорӣ
      Роҳнамои сармоягузор
      Заминаи меъерӣ-ҳуқуқӣ
      Харитаи сармоягузорӣ
      Соҳибкорӣ
      Дастгирии давлатии соҳибкорӣ
      Нишондиҳандаҳои рушди фаъолияти соҳибкорӣ
      Механизмҳои ҳамкорӣ
      Санҷиши фаъолият
      Раёсати иҷозатномадиҳӣ
      Рейтингҳо
      Соҳибкории занон
      Заминаи меъерӣ-ҳуқуқӣ
      Моликияти давлатӣ
      Идораи моликияти давлатӣ
      Таҷдид ва хусусигардонӣ
      Сохторҳои идораи амволи давлатӣ
      Заминаи меъерӣ-ҳуқуқӣ
      Чаро Тоҷикистон?
      2024 © Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон
      Яндекс.Метрика
      ТАМОС БО МО