ТАМОС БО МО
Санаи 8 январи соли 2019 дар бинои Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатӣ таҳти раисии Муовини якуми Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Давлаталӣ Саид ҷаласа оид ба натиҷагирӣ аз рафти татбиқи лоиҳаҳои сармоягузории давлатӣ дар соли 2018 баргузор шуд.
Дар ҷаласаи мазкур роҳбарони вазорату идораҳои дахлдори кишвар, агентиҳои иҷроия ва татбиқкунандаи лоиҳаҳои сармоягузории давлатӣ иштирок намуданд.
Дар ҷаласа гузориши муовини якуми Раиси Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатӣ А. Муминзод доир ба рафти татбиқ ва азхудкунии маблағҳои лоиҳаҳои сармоягузории давлатӣ дар соли 2018, натиҷаҳои ноилгардида ва камбудию норасогиҳои дар доираи лоиҳаҳо ҷойдошта, шунида шуд.
Қайд гардид, ки айни замон дар мамлакат 69 лоиҳаи сармоягузории давлатӣ ба маблағи умумии 30,5 млрд сомонӣ ё баробар ба 3,23 млрд. доллари ИМА мавриди татбиқ қарор дошта, онҳо аз 23 лоиҳаи грантӣ, 12 лоиҳаи қарзӣ ва 34 лоиҳа дар ҳаммаблағгузории қарзу грант иборат мебошанд. Дар доираи татбиқи лоиҳаҳои амалкунанда (аз аввали татбиқ то ба 1 январи соли 2019) 15,5 млрд. сомонӣ ё 1,64 млрд. доллари амрикоӣ азхуд карда шудааст, ки ин 50,7%-и маблағи умумиро ташкил медиҳад.
Азхудкунии маблағҳо дар доираи лоиҳаҳои сармоягузории давлатии амалкунанда дар соли 2018-ум 3,9 млрд. сомонӣ (418,6 млн. доллари ИМА) - ро ташкил додааст, ки ин дар маҷмӯъ ба 96%-и нақшаи соли 2018 баробар мебошад.
Дар гузориши муовини якуми Раиси Кумита қайд карда шуд, ки гарчанде сатҳи иҷрои нақшаи азхудкунии маблағҳо дар соли 2018 дар доираи лоиҳаҳо дар маҷмӯъ қаноатбахш бошад ҳам, аммо дар баъзе аз соҳаҳои алоҳида, аз ҷумла хоҷагии манзилию коммуналӣ, муҳити зист ва ҳолатҳои фавқулодда, молия, ирригатсия/обёрӣ ва нақлиёт иҷрои нақшаи молиявии солона таъмин карда нашуд.
Ҳамчунин, доир ба мушкилот ва монеаҳо, камбудию норасогиҳои дар доираи татбиқи лоиҳаҳо ҷойдошта, ки барои азхудкунии саривақтӣ ва самараноки маблағҳои ҷудогардида монеа эҷод менамоянд, маълумоти муфассал манзур карда шуд.
Инчунин, дар ҷаласаи мазкур ҳисоботи роҳбарони агентиҳои иҷроия ва татбиқкунандаи лоиҳаҳо доир ба рафти амалисозӣ ва азхудкунии маблағҳои лоиҳаҳо шунида шуд.Дар охир аз ҷониби Муовини якуми Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Давлаталӣ Саид ҷиҳати ҳалли масъалаҳои ба миён омада ва бартараф намудани камбудию норасогиҳои ҷойдошта ба масъулин дастуру супоришҳои мушаххас дода шуданд.