Размер шрифта
Цвет фона и шрифта
Изображения
Озвучивание текста
Обычная версия сайта
Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон
  • ДАР БОРАИ КУМИТА
  • МАРКАЗИ МАТБУОТӢ
  • ТЕНДЕРҲО
  • ТАМОС
  • ...
    "/>
    Русский English
    Тоҷикӣ
    Сармоягузорӣ
    • Сармоягузории давлатӣ
    • Имкониятҳои сармоягузорӣ
    • Роҳнамои сармоягузор
    • Заминаи меъерӣ-ҳуқуқӣ
    • Харитаи сармоягузорӣ
    Соҳибкорӣ
    • Дастгирии давлатии соҳибкорӣ
    • Нишондиҳандаҳои рушди фаъолияти соҳибкорӣ
    • Механизмҳои ҳамкорӣ
    • Санҷиши фаъолият
    • Раёсати иҷозатномадиҳӣ
    • Рейтингҳо
    • Соҳибкории занон
    • Заминаи меъерӣ-ҳуқуқӣ
    Моликияти давлатӣ
    • Идораи моликияти давлатӣ
    • Таҷдид ва хусусигардонӣ
    • Сохторҳои идораи амволи давлатӣ
    • Заминаи меъерӣ-ҳуқуқӣ
    Чаро Тоҷикистон?

      • Тоҷикӣ
        • Забон
        • Тоҷикӣ
        • Русский
        • English
      • +992 (37) 221-86-59
      • Ҷумҳурии Тоҷикистон, 734000, ш. Душанбе, Шоҳтемур 27.
      • info@investcom.tj
      • Соатҳои корӣ аз 8:00 то 17:00

      Ҷаласаи васеи ҳайати Мушовараи Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон

      Асосӣ
      —
      Хабарҳо
      —
      Бойгонии хабарҳо
      10.01.2019
      1 202

            10 январи соли 2019 дар толори маҷлисгоҳи Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷаласаи васеи ҳайати Мушовара вобаста ба натиҷаи ҷамъбасти фаъолияти Кумита дар соли 2018 баргузор гардид

      Дар кори ҷаласа Сардори Раёсати банақшагирии стратегии Дастгоҳи Иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Маҷидӣ Юсуф Хайрулло, Раиси Кумитаи давлатии сармоягузорӣ Ҳамрализода Фаррух Маҳмуд, муовинони Раиси Кумита, сардорони корхонаҳои системаи Кумита ва дигар кормандон иштирок доштанд.

      Раиси Кумитаи давлатии сармоягузорӣ Фаррух Ҳамрализода ба кори ҷаласа расман оғоз бахшида, аз дастуру ҳидоятҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, ки зимни ироаи Паёми худ ба Маҷлиси Олӣ баён намуданд, ёдовар шуда, қайд карданд, ки мо вазифадорем, то баҳри расидан ба ҳадафҳои миллии стратегии кишвар дастуру ҳидоятҳои Пешвои муаззами миллатро дар амал татбиқ намоем.

      Сипас, оид ба фаъолияи Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатӣ дар соли 2018 Муовини якуми Раис Муминзод Абдулмаҷид Мубин ҳисобот доданд. 

      Дар ҳисобот оид ба рафти татбиқи лоиҳаҳои сармоягузории давлатӣ, лоиҳаҳое, ки дар доираи созишномаҳои сармоягузорӣ фаъолият менамоянд, ҷалби сармояи хориҷӣ, фаъолияти комиссияҳои байниҳукуматӣ, вазъи фаъолияти соҳибкорӣ дар ҷумҳурӣ, механизми татбиқи маратория ва имтиёзҳои мавҷуда барои соҳибкорону молистеҳсолкунандагони ватанӣ, нигаҳдорӣ, ҳифз ва истифодаи самараноки амволи давлатӣ  маълумот дода шуд.

      Сардорони Раёсатҳои сармоягузорӣ ва идораи амвол дар ВМКБ, вилоятҳои Суғду Хатлон низ, оид ба вазъи имрӯзаи соҳибкорию сармоягузорӣ дар маҳалҳо ва мушкилоти ҷойдошта суханронӣ намуданд.

      Раиси Кумитаи давлатии сармоягузорӣ Фаррух Ҳамрализода аз суханронии баромадкунандагон натиҷагирӣ намуда, оид ба рафъи камбудиҳои ҷойдошта ба масъулин дастуру супоришҳои мушаххас дода, қайд намуданд, ки мо дар соли 2018 корҳои зиёдеро ба анҷом расонидем, вале баҳри ноил шудан ба мақсадҳои стратегӣ бояд аз ин бештар заҳмат кашем.

      Чунки, дар раванди ҷаҳонишавӣ рақобат хеле сахту шадид аст ва мо бояд баҳри фароҳам овардани заминаи мусоид барои соҳибкорию сармоягузорӣ, муаррифии дурусти имкониятҳои сармоягузории кишвар, ба роҳ мондани истеҳсоли маҳсулоти воридотивазкунанда ва ба бозорҳои дигар кишварҳо ворид намудани маҳсулоти ватанӣ талош варзем.

      Дар охири ҷаласа сардори Раёсати банақшагирии стратегии Дастгоҳи Иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Юсуф Маҷидӣ суханронӣ намуда, оид ба таҳияи механизми дурусти баҳисобгирии маблағҳои азхудкардашудаи Лоиҳаҳои сармоягузорӣ, ҷамъбасти арзёбии фаъолияти Марказҳои тадбиқи лоиҳаҳо, ҷалби сармояи хориҷӣ ва тарғиби имкониятҳои сармоягузории кишвар андешаронӣ намуданд.

      Дар хотимаи ҷаласа Раиси Кумита Фаррух Ҳамрализода супориш додан, ки бо дарназардошти таклифу пешниҳодот ва супоришҳои мушаххаси дар ҷаласа баёнгардида, Қарори ҳайати мушовараи Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатӣ қабул карда шавад.

      Саҳифаи асосӣ


      Сармоягузорӣ
      Сармоягузории давлатӣ
      Имкониятҳои сармоягузорӣ
      Роҳнамои сармоягузор
      Заминаи меъерӣ-ҳуқуқӣ
      Харитаи сармоягузорӣ
      Соҳибкорӣ
      Дастгирии давлатии соҳибкорӣ
      Нишондиҳандаҳои рушди фаъолияти соҳибкорӣ
      Механизмҳои ҳамкорӣ
      Санҷиши фаъолият
      Раёсати иҷозатномадиҳӣ
      Рейтингҳо
      Соҳибкории занон
      Заминаи меъерӣ-ҳуқуқӣ
      Моликияти давлатӣ
      Идораи моликияти давлатӣ
      Таҷдид ва хусусигардонӣ
      Сохторҳои идораи амволи давлатӣ
      Заминаи меъерӣ-ҳуқуқӣ
      Чаро Тоҷикистон?
      2024 © Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон
      Яндекс.Метрика
      ТАМОС БО МО