Размер шрифта
Цвет фона и шрифта
Изображения
Озвучивание текста
Обычная версия сайта
Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон
  • ДАР БОРАИ КУМИТА
  • МАРКАЗИ МАТБУОТӢ
  • ТЕНДЕРҲО
  • ТАМОС
  • ...
    "/>
    Русский English
    Тоҷикӣ
    Сармоягузорӣ
    • Сармоягузории давлатӣ
    • Имкониятҳои сармоягузорӣ
    • Роҳнамои сармоягузор
    • Заминаи меъерӣ-ҳуқуқӣ
    • Харитаи сармоягузорӣ
    Соҳибкорӣ
    • Дастгирии давлатии соҳибкорӣ
    • Нишондиҳандаҳои рушди фаъолияти соҳибкорӣ
    • Механизмҳои ҳамкорӣ
    • Санҷиши фаъолият
    • Раёсати иҷозатномадиҳӣ
    • Рейтингҳо
    • Соҳибкории занон
    • Заминаи меъерӣ-ҳуқуқӣ
    Моликияти давлатӣ
    • Идораи моликияти давлатӣ
    • Таҷдид ва хусусигардонӣ
    • Сохторҳои идораи амволи давлатӣ
    • Заминаи меъерӣ-ҳуқуқӣ
    Чаро Тоҷикистон?

      • Тоҷикӣ
        • Забон
        • Тоҷикӣ
        • Русский
        • English
      • +992 (37) 221-86-59
      • Ҷумҳурии Тоҷикистон, 734000, ш. Душанбе, Шоҳтемур 27.
      • info@investcom.tj
      • Соатҳои корӣ аз 8:00 то 17:00

      Ҷаласа оид ба натиҷагирӣ аз рафти табиқи лоиҳаҳои калонҳаҷму афзалиятноки сармоягузории тибқи созишномаи сармоягузорӣ амалишаванда

      Асосӣ
      —
      Хабарҳо
      —
      Бойгонии хабарҳо
      15.01.2019
      1 056

      Санаи 15 январи соли 2019 дар Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо иштироки масъулини вазорату идораҳои ҷумҳурӣ ва ширкатҳои ба иқтисодиёти Ҷумҳурии Тоҷикистон сармоягузор ҷаласа оид ба натиҷагирӣ аз рафти табиқи лоиҳаҳои калонҳаҷму афзалиятноки сармоягузории тибқи созишномаи сармоягузорӣ амалишаванда баргузор гардид.


      Дар ҷаласа гузориш доир ба рафти татбиқи лоиҳаҳои калонҳаҷму афзалиятноки сармоягузории тибқи созишномаи сармоягузорӣ амалишаванда, натиҷаҳои бадастомада ва камбудию норасогиҳои дар доираи лоиҳаҳо ҷойдошта шунида шуд.


      Зикр гардид, ки давоми солҳои 2014-2018 дар доираи қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи созишномаи сармоягузорӣ” 10 созишномаи сармоягузорӣ ба имзо расонида шудааст, ки бо татбиқи босамари онҳо 16 корхонаи нави истеҳсолӣ бунёд ва зиёда аз 5 ҳазор ҷойи нави корӣ муҳайё гардида, наздики 1,5 млрд. доллари амрикоӣ сармояи мустақим ба иқтисодиёти ҷумҳурӣ ҷалб карда хоҳад шуд.


      Дар доираи созишномаҳои сармоягузории татбиқшаванда 16 корхонаи саноатӣ, аз ҷумла 2 корхонаи коркарди нафт, 4 корхона дар самти истифодабарии қаъри замин, 1 корхонаи металлургӣ, 3 корхонаи истеҳсоли семент, 1 корхонаи истеҳсоли гаҷкартон, 1 корхонаи истеҳсоли халтаҳои саноатӣ, 1 корхонаи истеҳсоли нушокиҳои ташнашикан, 2 корхонаи истеҳсоли нуриҳои минералӣ ва 1 корхонаи истеҳсоли моддаҳои таркандаи саноатӣ сохта ба истифода дода мешавад.


      Инчунин тибқи Созишнома байни Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҳукумати Давлати Қатар оид ба ҳавасмандкунӣ ва кафолати сармоягузорӣ аз соли 2011 дар шаҳри Душанбе лоиҳаҳои “Диёри Душанбе” ва “Масҷиди калон дар шаҳри Душанбе” ки ҳаҷми умумии сармоягузории онҳо 384,5 млн. доллари ИМА-ро ташкил медиҳад.

      То ин давра корхонаи истеҳсоли нӯшокиҳои ташнашикани ҶДММ “Кока Кола Нӯшокиҳои Тоҷикистон”, фабрикаи бойгардонӣ ва корхонаи металлургии ҶДММ “Ширкати куҳӣ саноатии Тоҷикистону Хитой”, корхонаи истеҳсоли сементи ҶДММ “Хуаксин Ғаюр Семент”, корхонаи истеҳсоли семент ва халтаи ҶДММ “Ширкати байналмилалии истеҳсолии Чжунгсай Моҳир Семент”, Корхонаи металлҳои ранга ва корхонаи ғанигардонии маъдани «Покрӯд» аз ҷониби ҶДММ “Пакрут” ва корхонаи истеҳсоли моддаҳои эмулсиолнии таркандаи саноатӣ аз ҷониби Ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуди “КМ Муосир” дар ноҳияи Данғараи вилояти Халон аллакай сохта ба истифода дода шудааст.

      Дар соли ҷорӣ корхонаи коркарди нафти ҶДММ “ТК Ойл” дар Минтақаи озоди иқтисодии Данғара мавриди истифодадиҳӣ қарор дода хоҳад шуд.

      Инчунин то охири соли ҷорӣ сохта ба истифода додани Корхонаи истеҳсоли воситаҳои нақлиёти мусофирбари ҷамъиятию боркаш ва ба роҳ мондани маркази хизматрасонии техникӣ аз ҷониби Ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуди «АВЕСТО ГУРУҲ» ва Ширкати «ULASIM IC VE DIS TICARET ANONIM SIRKETI»-и Ҷумҳурии Туркия дар шаҳри Душанбе пешбинӣ гардидааст.


      Дар доираи ҷаласа “Созишномаи сармоягузорӣ байни Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуди “Фабрикаи қаннодии Амирӣ” оид ба таҷдид, рушд, сохтмон, ба истифода додан ва фаъолияти корхонаҳои истеҳсоли маҳсулоти қаннодӣ, хока ва шираи нишоста ва маҳсулоти ордӣ”   ба имзо расонида шуд.


      Ҳаҷми сармоягузорӣ барои татбиқи лоиҳа беш аз 23 млн. доллари ИМА-ро ташкил медиҳад.

      Лоиҳа аз се марҳила иборат буда, дар марҳилаи аввали татбиқи он иқтидори истеҳсолии коргоҳи мавҷуда ва бунёдшаванда ба на камтар аз 27 ҳазор тонна маҳсулоти қаннодӣ дар як сол расонида шуда,  марҳилаи дуюми Лоиҳа бунёди корхонаи нави истеҳсоли маҳсулоти хокаи нишоста ва шираи онро ба иқтидори на камтар аз 8 ҳазор тонна дар як сол дар бар мегирад ва марҳилаи сеюми Лоиҳа бошад ба бунёди корхонаи нави истеҳсоли орд ва маҳсулоти ордӣ равона карда шуда, иқтидори истеҳсолии он на камтар аз ҳазор тонна дар як солро дар бар мегирад.


      Дар фарҷоми ҷаласа аз ҷониби Раиси Кумита муҳтарам Ҳамрализода Фаррух Маҳмуд Ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуди “Ширкати куҳӣ – саноатии Тоҷикистону Хитой”, ҶДММ “Кока Кола Нӯшокиҳои Тоҷикистон” ва ҶДММ “Ширкати байналмилалии истеҳсолии Чжунгтсай Моҳир Семент” барои саҳмгузорӣ дар рушди иҷтимоию иқтисодӣ ва татбиқи босамари лоиҳаи афзалиятноки сармоягузорӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон бо Ифтихорнома сарфароз гардонида шуданд.


      Саҳифаи асосӣ


      Сармоягузорӣ
      Сармоягузории давлатӣ
      Имкониятҳои сармоягузорӣ
      Роҳнамои сармоягузор
      Заминаи меъерӣ-ҳуқуқӣ
      Харитаи сармоягузорӣ
      Соҳибкорӣ
      Дастгирии давлатии соҳибкорӣ
      Нишондиҳандаҳои рушди фаъолияти соҳибкорӣ
      Механизмҳои ҳамкорӣ
      Санҷиши фаъолият
      Раёсати иҷозатномадиҳӣ
      Рейтингҳо
      Соҳибкории занон
      Заминаи меъерӣ-ҳуқуқӣ
      Моликияти давлатӣ
      Идораи моликияти давлатӣ
      Таҷдид ва хусусигардонӣ
      Сохторҳои идораи амволи давлатӣ
      Заминаи меъерӣ-ҳуқуқӣ
      Чаро Тоҷикистон?
      2024 © Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон
      Яндекс.Метрика
      ТАМОС БО МО