Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатӣ фаъолияти худро дар соли 2018 ҷиҳати иҷрои саривақтии дастуру супоришҳои Асосгузори сулҳу ваҳдат, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, қарорҳои Ҳукумати мамлакат, супоришҳои Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ва санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ оид ба беҳтар намудани фазои сармоягузорӣ, идораи амволи давлатӣ ва дастгирии давлатии соҳибкорӣ равона намуд.
Дар давраи ҳисоботӣ аз ҷониби Кумита 121 лоиҳаи санади меъёрии ҳуқуқӣ таҳия карда шуданд, ки аз онҳо 76 санад тибқи тартиби муқарраргардида қабул карда шудааст.
Аз ҷумла, таҳкими низоми ҳуқуқиву иқтисодии шарикии давлат ва бахши хусусӣ, соддагардонии расмиёти бақайдгирии соҳибкорӣ, ба танзим даровардани санҷишҳои фаъолияти субъектҳои хоҷагидорӣ, низоми иҷозатдиҳию иҷозатномадиҳӣ, такмили низоми андозбандӣ ислоҳоти манфиатноке мебошанд, ки ба рушди бахши хусусӣ такони ҷиддӣ бахшида истодааст.
Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатӣ якҷоя бо мақомоту идораҳои дахлдор, бахши хусусӣ ва шарикони рушд дар доираи Нақшаи чорабиниҳо оид ба татбиқи марҳилаи сеюми Барномаи дастгирии давлатии соҳибкорӣ дар солҳои 2018 – 2020 вобаста ба таҳкими қонунгузорӣ дар бахши танзими фаъолияти соҳибкорӣ, баланд бардоштани малакаи соҳибкорон, рушди савдои электронӣ, дастгирии субъектҳои соҳибкорӣ, аз ҷумла истеҳсолкунандагони молу маҳсулот, таъминкунандагони кору хизматрасонӣ, таъмини самаранокии низоми ҳамкорӣ байни соҳибкорони ватанӣ ва соҳибкорони тоҷики бурунмарзӣ амалӣ шуда истодаанд.
Дар натиҷаи татбиқи Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Қонун “Дар бораи мораторий ба санҷишҳои фаъолияти субъектҳои соҳибкорӣ дар соҳаи истеҳсолӣ” 1973 субъекти соҳибкорӣ аз мораторий бархурдор гардиданд.
Дар давраи ҳисоботӣ қонунҳо дар бораи тағйиру иловаҳо ба кодексҳои андозу гумрук қабул шуда, дар маҷмуъ 30 имтиёзу сабукиҳоро дар бар мегиранд, ки ба беҳтар гардидани фазои сармоягузорӣ ва соҳибкорӣ равона карда шудаанд.
Бо мақсади дастгирии молиявии соҳибкорӣ тавассути Фонди дастгирии давлатии соҳибкорӣ дар маҷмуъ 168 лоиҳаи тиҷоратии соҳибкорон ба маблағи умумии 243 млн. сомонӣ, аз ҷумла дар соли ҳисоботӣ 14 лоиҳа ба маблағи 40,8 млн. сомонӣ дастгирӣ шуданд.
Тибқи маълумоти Бонки миллии Тоҷикистон дар соли 2018 аз ҷониби бонкҳои давлатӣ, тиҷоратӣ ва ташкилотҳои хурди қарздиҳӣ ба фаъолияти соҳибкории ҷумҳурӣ 7,3 млрд. сомонӣ маблағҳои қарзӣ ҷудо гардидааст, ки ин нишондод дар муқоиса нисбат ба соли 2017-ум 211 млн. сомонӣ ё ин ки 3,1 фоиз зиёд мебошад.
Таҳлилҳо нишон медиҳанд, ки шумораи субъектҳои соҳибкорӣ аз 158 ҳазори соли 2007 то ба 315,9 ҳазор дар соли 2018 расидааст ва 2 маротиб афзудааст.
Дар давраи ҳисоботӣ дар соҳаҳои мухталифи иқтисодию иҷтимоии мамлакат 69 лоиҳаи сармоягузории давлатӣ, аз ҷумла 23 лоиҳаи грантӣ, 12 лоиҳаи қарзӣ ва 34 лоиҳа дар ҳаммаблағгузории қарзу грант ба маблағи умумии 30,5[1] млрд. сомонӣ (3,23 млрд. доллари амрикоӣ) амалӣ гардида истодааст.
Дар сохтори маҷмӯи лоиҳаҳои татбиқшаванда 53,2 фоизро (16,2 млрд. сомонӣ ё ин ки 1,72 млрд. доллари амрикоӣ) маблағҳои қарзӣ, 41,9 фоиз (12,8 млрд. сомонӣ ё ин ки 1,36 млрд. доллар) маблағҳои грантӣ, 4,2 фоиз (1,3 млрд. сомонӣ ё ин ки 136,6 млн. доллар) саҳми Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва доираи 1,0 фоизро (205,4 млн. сомонӣ ё ин ки 21,8 млн. доллар) маблағгузорӣ аз дигар сарчашмаҳои сармоягузорӣ ташкил медиҳад.
Дар доираи лоиҳаҳои амалкунанда дар соли 2018-ум 3,9 млрд. сомонӣ (41,9 млн. доллар) азхуд карда шудааст, ки ин дар маҷмӯъ ба 96 фоизи нақшаи молиявии солонаи лоиҳаҳо (нақшаи молиявии соли 2018-ум – 4,1 млрд. сомонӣ ё 435 млн. доллар) баробар аст.
Дар давраи ҳисоботӣ барои амалӣ намудани 12 лоиҳа бо шарикони рушд 15 созишномаи нави сармоягузорӣ ба маблағи умумии 3,5 млрд. сомонӣ (371 млн. доллар) ба имзо расонида шудааст.
Аз маблағи умумии созишномаҳои баимзорасида 2,37 млрд. сомонӣ (251 млн. доллар) ё 67,7 фоизи онро маблағҳои грантӣ ва 1,13 млрд. сомонӣ (120 млн. доллар) ё 32,3 фоизи онро воситаҳои қарзӣ ташкил медиҳанд.
Мутобиқи созишномаҳои мазкур барои рушди соҳаи нақлиёт 1,17 млрд. сомонӣ (125 млн. доллар), энергетика 830 млн. сомонӣ (88,0 млн. доллар), кишоварзӣ 430 млн. сомонӣ (45,7 млн. доллар), хоҷагии манзилию коммуналӣ 390 млн. сомонӣ (41 млн. доллар), тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ 320 млн. сомонӣ (34 млн. доллар), ирригатсия 265 млн. сомонӣ (28 млн. доллар) ва ҳолатҳои фавқулодда 95 млн. сомонӣ (10,0 млн. доллар) воситаҳои молиявӣ равона карда хоҳад шуд.
Бо мақсади тақвият бахшидан ва танзими ҳуқуқии муносибатҳои сармоягузорӣ бо давлатҳои хориҷӣ, алалхусус бо кишвари ҳамҷавор дар соли ҳисоботӣ Созишнома оид ба ҳавасмандгардонӣ ва ҳифзи мутақобилаи сармоягузорӣ бо Ҷумҳурии Ӯзбекистон ба имзо расонида шуд.
Мутобиқи маълумоти оморӣ соли 2018 ба ҷумҳурӣ 6,1 млрд. сомонӣ ё 645 млн. доллари амрикоӣ сармояи хориҷӣ ворид гардидааст, ки аз он 3 млрд. сомонӣ ё 326 млн. доллар сармояи мустақим мебошад.
Дар соли 2018 аз ҳисоби хусусигардонӣ ва истифодаи моликияти ҷумҳуриявӣ 26,4 млн. сомонӣ ба буҷети давлатӣ ворид гардид, ки ин 101,5 фоизи нақшаи пешбинигардидаи буҷети давлатиро ташкил медиҳад.
Дар ин давра, ҷиҳати истифодаи босамару мақсадноки амволи давлатӣ мутобиқи талаботи қонунгузорӣ 3757 воситаи асосии давлатӣ ба маблағи умумии 40,0 млн. сомонӣ аз тавозуни як мақомот ва корхонаю ташкилот ба тавозуни мақомот ва корхонаю ташкилоти давлатии дигар гузаронида шудаанд.
Айни ҳол, дар сармояи оинномавии 117 ҷамъияти саҳомӣ - 100 фоизи саҳмияҳо, дар 25 ҷамъияти саҳомӣ аз 25 то 95 фоизи саҳм ва дар 3 ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуди муштарак аз 25 то 51 фоиз ҳисса ба давлат тааллуқ доранд.
Дар давраи ҳисоботӣ тибқи қарорҳои маҷлисҳои умумии солонаи саҳмдорони ҷамъиятҳои саҳомӣ, ки саҳми давлат дар онҳо аз 50 фоиз кам аст, суди саҳмияҳои давлатӣ ба маблағи умумии 4,6 млн. сомонӣ ба буҷет ворид гардидааст, ки ин нисбати нишондиҳандаи соли 2017 дар ҳаҷми 25,2 фоиз зиёд мебошад.
Аз ҳисоби ба иҷора супоридани моликияти ҷумҳуриявӣ ба буҷет 7,3 млн. сомонӣ ворид гардидааст, ки ин нисбат ба соли 2017 дар ҳаҷми 8,6 фоиз зиёд аст.
Бояд қайд намуд, ки бо иштироки Пешвои муаззами миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон мулоқоту форумҳо бо соҳибкорону сармоягузорон дар дохили ҷумҳурӣ ва дар давлатҳои хориҷӣ баргузор карда шудаанд.
Дар натиҷаи баргузории 44 ҳамоишҳои соҳибкорию сармоягузорӣ 245 санади ҳамкорӣ ба имзо расонида шудааст.
Бояд қайд намуд, ки сомонаи Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон нав гардида, бо суроғаи www.investcom.tj фаъол аст. Минбаъд маълумот оид ба соҳаҳои афзалиятноки сармоягузории Тоҷикистон, лоиҳаҳои сармоягузории давлатӣ, харитаи сармоягузорӣ, дастгирии давлатии соҳибкорӣ, қонунгузорӣ дар самти соҳибкорию фаъолияти сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатӣ, имтиёзу сабукиҳои дар қонунгузории пешбинигардида, низоми иҷозатдиҳӣ, инчунин хабару рӯйдодҳо ва эълону дигар маълумотҳоро метавон аз сомонаи расмии Кумита дастрас намуд.
Бо мақсади таъмини шаффофияти ҷараёни фурӯш ва ба иҷора супоридани амволи давлатӣ, портали амволи давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар суроғаи электронии www.molikiyat.tj ва сомонаи КВД оид ба ташкили фурӯши амволи давлатӣ www.muzoyada-kvd.tj таъсис дода шудааст, ки дар он ба таври доимӣ маълумот дар бораи баргузории музоядаю озмунҳо ва иҷораи амволи давлатӣ интишор мегардад.
Ҳамзамон сомонаи Котиботи Шӯрои машваратии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба беҳтар намудани фазои сармоягузорӣ www.investmentcouncil.tj, сомонаи муассисаи давлатии “Маркази татбиқи лоиҳаҳои шарикии давлат ва бахши хусусӣ” www.ppp.tj, сомонаи КВД “Тоҷинвест” www.tajinvest.tj ва сомонаи www.ijozat.tj созмон дода шудаанд, ки дар онҳо маълумоти зарурӣ доир ба ислоҳоти анҷомдодашуда, пешбурди соҳибкорию сармоягузорӣ ва ҳамкориҳои давлат ва бахши хусусӣ, инчунин нақшаҳои солона ва номгӯйи масъалаҳои назоратии мақомоти санҷишӣ ҷойгир карда шудаанд.
[1] Қурби расмии асъор: 1 доллари ИМА баробар ба 9,4296 сомонӣ (ба ҳолати 31.12.2018с.)