Размер шрифта
Цвет фона и шрифта
Изображения
Озвучивание текста
Обычная версия сайта
Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон
  • ДАР БОРАИ КУМИТА
  • МАРКАЗИ МАТБУОТӢ
  • ТЕНДЕРҲО
  • ТАМОС
  • ...
    "/>
    Русский English
    Тоҷикӣ
    Сармоягузорӣ
    • Сармоягузории давлатӣ
    • Имкониятҳои сармоягузорӣ
    • Роҳнамои сармоягузор
    • Заминаи меъерӣ-ҳуқуқӣ
    • Харитаи сармоягузорӣ
    Соҳибкорӣ
    • Дастгирии давлатии соҳибкорӣ
    • Нишондиҳандаҳои рушди фаъолияти соҳибкорӣ
    • Механизмҳои ҳамкорӣ
    • Санҷиши фаъолият
    • Раёсати иҷозатномадиҳӣ
    • Рейтингҳо
    • Соҳибкории занон
    • Заминаи меъерӣ-ҳуқуқӣ
    Моликияти давлатӣ
    • Идораи моликияти давлатӣ
    • Таҷдид ва хусусигардонӣ
    • Сохторҳои идораи амволи давлатӣ
    • Заминаи меъерӣ-ҳуқуқӣ
    Чаро Тоҷикистон?

      • Тоҷикӣ
        • Забон
        • Тоҷикӣ
        • Русский
        • English
      • +992 (37) 221-86-59
      • Ҷумҳурии Тоҷикистон, 734000, ш. Душанбе, Шоҳтемур 27.
      • info@investcom.tj
      • Соатҳои корӣ аз 8:00 то 17:00

      Нишасти матбуотӣ дар Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатӣ

      Асосӣ
      —
      Хабарҳо
      —
      Бойгонии хабарҳо
      12.02.2019
      1 342

      Дар толори маҷлисгоҳи Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон 12 феврали соли ҷорӣ нишасти матбуотӣ оид ба ҷамъбасти натиҷаҳои фаъолияти Кумита дар соли 2018 бо иштироки Раиси Кумита Ҳамрализода Фаррух Маҳмуд, муовинони Раис, сардорони Раёсатҳо ва корхонаҳои системаи Кумита ва намояндагони васоити ахбори оммаи кишвар баргузор гардид. 


      Раиси Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон Фаррух Ҳамрализода ба хабарнигорон оид ба натиҷаҳои фаъолияти Кумита дар соли 2018, аз ҷумла оид ба лоиҳаҳои сармоягузории давлатӣ, дастгирии давлатии соҳибкорӣ, ҷалби сармояи мустақим, қонунгузорӣ дар самти соҳибкорию фаъолияти сармоягузорӣ, идораи амволи давлатӣ, низоми иҷозатдиҳӣ, татбиқи барномаҳои давлатӣ маълумоти мухтасар пешниҳод намуд.


      Аз ҷумла қайд гардид, ки Кумита фаъолияти худро дар соли 2018 ҷиҳати иҷрои саривақтии дастуру супоришҳои Асосгузори сулҳу ваҳдат, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, қарорҳои Ҳукумати мамлакат, супоришҳои Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ва санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ оид ба беҳтар намудани фазои сармоягузорӣ, идораи амволи давлатӣ ва дастгирии давлатии соҳибкорӣ равона намуда, дар самти рушди соҳибкорӣ, муаррифии имкониятҳои сармоягузорӣ, баланд бардоштани донишу малакаи соҳибкорон ва ба роҳ мондани маҳсулоти воридотивазкунанда корҳои зиёдеро ба анҷом расонидааст.  

      Баъдан Раиси Кумита, муовинони Раис, сардори Сарраёсат, Раёсатҳо ва роҳбарони корхонаҳои системаи Кумита ба саволҳои хабарнигорон оид ба самтҳои фаъолияти Кумита, аз ҷумла оид ба ҷалби сармоя, фаъолияти соҳибкорӣ ва идоракунии моликият посухҳои мушаххас доданд.  

      Ҳамзамон дар рафти нишасти матбуотӣ вобаста ба иҷрои дастуру супоришҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, ҳадафҳои дар Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дарҷгардида, мавқеи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар рейтинги Пешбурди соҳибкорӣ, татбиқи лоиҳаҳои сармоягузории давлатӣ ва ғайра суҳбати ошкоро сурат гирифт. 


      Саҳифаи асосӣ


      Сармоягузорӣ
      Сармоягузории давлатӣ
      Имкониятҳои сармоягузорӣ
      Роҳнамои сармоягузор
      Заминаи меъерӣ-ҳуқуқӣ
      Харитаи сармоягузорӣ
      Соҳибкорӣ
      Дастгирии давлатии соҳибкорӣ
      Нишондиҳандаҳои рушди фаъолияти соҳибкорӣ
      Механизмҳои ҳамкорӣ
      Санҷиши фаъолият
      Раёсати иҷозатномадиҳӣ
      Рейтингҳо
      Соҳибкории занон
      Заминаи меъерӣ-ҳуқуқӣ
      Моликияти давлатӣ
      Идораи моликияти давлатӣ
      Таҷдид ва хусусигардонӣ
      Сохторҳои идораи амволи давлатӣ
      Заминаи меъерӣ-ҳуқуқӣ
      Чаро Тоҷикистон?
      2024 © Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон
      Яндекс.Метрика
      ТАМОС БО МО