Размер шрифта
Цвет фона и шрифта
Изображения
Озвучивание текста
Обычная версия сайта
State Committee on Investments and State property management
of the Republic of Tajikistan
  • ABOUT THE COMMITTEE
  • PRESS CENTER
  • TENDERS
  • CONTACTS
  • ...
    "/>
    Тоҷикӣ Русский
    English
    Investments
    • Public investments
    • Investment opportunities
    • Investor's Guide
    • Regulatory framework
    • Investment map
    Entrepreneurship
    • State support for entrepreneurship
    • Business development indicators
    • Cooperation mechanisms
    • Checking the activity
    • Licensing system
    • Ratings
    • Women's entrepreneurship
    • Regulatory framework
    State property
    • State Property Management
    • Restructuring and privatization
    • Structure of state property management
    • Regulatory framework
    Why Tajikistan?

      • English
        • Language
        • English
        • Тоҷикӣ
        • Русский
      • +992 (37) 221-86-59
      • The Republic of Tajikistan, 734000, Dushanbe, Shootemur str. 27.
      • info@investcom.tj
      • Opening hours from 8:00 to 17:00

      Форуми соҳибкорони Тоҷикистону Тотористон

      Home
      —
      News
      —
      News archive
      19.03.2019
      1 204
      Санаи 19 марти соли 2019 тибқи дастури Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар доираи сафари Президенти Ҷумҳурии Тотористон ба Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Муассисаи давлатии “Китобхонаи миллии Тоҷикистон” Форуми соҳибкорони Тоҷикистону Тотористон бо иштироки Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Президенти Ҷумҳурии Тотористон  баргузор гардид.
      Форуми соҳибкоронро - Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Қоҳир Расулзода, Президенти Ҷумҳурии Тотористон муҳтарам Рустам Минниханов ва Сафири фавқулода ва мухтори Федератсияи Россия дар Тоҷикистон Игор Лякин бо сухани ифтитоҳӣ оғоз намуданд. 
      Қайд гардид, ки Форуми дуҷонибаи соҳибкорон маротибаи аввал бо иштироки Президенти Ҷумҳурии Тотористон баргузор гардида, барои кушодани имкониятҳои фарохи ҳамкорӣ байни соҳибкорону сармоягузорон ва ба роҳ мондани муносибатҳои иқтисодии мутақобилан судманди Тоҷикистону Тотористон мусоидат менамояд. 
      Дар Форум аз ҷониби Раиси Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Фаррух Ҳамрализода муаррифномаҳо оид  ба имкониятҳои сармоягузорӣ дар Тоҷикистон, аз ҷониби муовини Сарвазири Ҷумҳурии Тотористон – Вазири саноат ва савдои Ҷумҳурии Тотористон Альберт Каримов оиди имкониятҳои тиҷоратию иқтисодии Ҷумҳурии Тотористон, инчунин Вазири саноат ва технологияҳои нави Ҷумҳурии Тоҷикистон Заробиддин Файзуллозода, Раиси Палатаи савдо ва саноати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва намояндаи  ҶСК “КАМАЗ” баромад намуда, тавассути рунамо ба ҳозирин вобаста ба самтҳои ҳамкориҳо муаррифӣ карда шуданд.
      Дар чорабинӣ намояндагони зиёда аз 300 ширкату корхонаҳои соҳаҳои гуногуни фаъолияти хоҷагидории Тоҷикистону Тотористон, аз ҷумла истеҳсолкунандагони маҳсулоти саноати бофандагӣ, мошинсозӣ, сохтмон ва меъморӣ, нақлиёт ва коммуникатсия, саноати техникӣ, кишоварзӣ, тандурустӣ, хизматрасониҳои молиявӣ ва сайёҳӣ, роҳбарони вазоратҳои рушди иқтисод ва савдо, саноат ва технологияҳои нав, корҳои хориҷӣ, энергетика ва захираҳои об, кишоварзӣ, Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатӣ, Кумитаи андоз ва Хадамоти гумрук, Кумитаи рушди сайёҳӣ, КВД “Роҳи Оҳани Тоҷикистон”, КВД “Ширкати Алюминийи Тоҷик”, КВД “Тоҷинвест”, Палатаи савдо ва саноат ва дигар корхонаҳои давлатию соҳибкорон, инчунин намояндагони вазорату идораҳои Ҷумҳурии Тотористон низ иштирок намуданд. 
      Баъдан вохӯрии дуҷонибаи соҳибкорони Тоҷикистону Тотористон, “Соҳибкор бо соҳибкор” (B2B) ва “Соҳибкор бо намояндаи давлат” (В2G) баргузор гардида, масъалаҳои тиҷоратӣ ва ҳамкориҳо мавриди таваҷҷӯҳи байни намояндагони бахши хусусии ҷонибҳо матраҳ карда шуданд.
      Дар анҷоми чорабинӣ Ёддошти тафоҳум оид ба ҳамкорӣ байни Палатаи савдо ва саноати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Иттиҳоди Палатаи савдо ва саноати Ҷумҳурии Тотористон ба имзо расонида шуд.
      Main page


      Investments
      Public investments
      Investment opportunities
      Investor's Guide
      Regulatory framework
      Investment map
      Entrepreneurship
      State support for entrepreneurship
      Business development indicators
      Cooperation mechanisms
      Checking the activity
      Licensing system
      Ratings
      Women's entrepreneurship
      Regulatory framework
      State property
      State Property Management
      Restructuring and privatization
      Structure of state property management
      Regulatory framework
      Why Tajikistan?
      2026 © State Committee on Investments and State property management of the Republic of Tajikistan
      Яндекс.Метрика Сайты Таджикистана. Единый каталог сайтов
      CONTACT US