Размер шрифта
Цвет фона и шрифта
Изображения
Озвучивание текста
Обычная версия сайта
State Committee on Investments and State property management
of the Republic of Tajikistan
  • ABOUT THE COMMITTEE
  • PRESS CENTER
  • TENDERS
  • CONTACTS
  • ...
    "/>
    Тоҷикӣ Русский
    English
    Investments
    • Public investments
    • Investment opportunities
    • Investor's Guide
    • Regulatory framework
    • Investment map
    Entrepreneurship
    • State support for entrepreneurship
    • Business development indicators
    • Cooperation mechanisms
    • Checking the activity
    • Licensing system
    • Ratings
    • Women's entrepreneurship
    • Regulatory framework
    State property
    • State Property Management
    • Restructuring and privatization
    • Structure of state property management
    • Regulatory framework
    Why Tajikistan?

      • English
        • Language
        • English
        • Тоҷикӣ
        • Русский
      • +992 (37) 221-86-59
      • The Republic of Tajikistan, 734000, Dushanbe, Shootemur str. 27.
      • info@investcom.tj
      • Opening hours from 8:00 to 17:00

      Шарҳи муштараки маҷмӯи лоиҳаҳои сармоягузории давлатии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон

      Home
      —
      News
      —
      News archive
      19.03.2019
      1 120
      Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамасола якҷо бо шарикони асосии рушди кишвар Шарҳи муштараки маҷмӯи лоиҳаҳои сармоягузории давлатии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистонро баргузор менамояд.
      Ҳадафи асосии гузаронидани чорабинии мазкур аз он иборат аст, ки раванди татбиқи лоиҳаҳои сармоягузории давлатӣ мавриди таҳлил қарор дода шуда, мушкилот ва норасогиҳое, ки дар доираи лоиҳаҳо ҷой доранд, бартараф карда шаванд.
      Имсол низ санаи 19 марти соли 2019 дар муассисаи давлатии “Душанбе Плаза” Шарҳи муштараки маҷмӯи лоиҳаҳои сармоягузории давлатии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Бонки Осиёгии Рушд баргузор гардид.
      Дар он Фаррух Ҳамрализода – Раиси Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон, ҷаноби Прадип Сривастава – намояндаи доимии Бонки Осиёгии Рушд дар Ҷумҳурии Тоҷикистон, намояндаи Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, роҳбарияти вазорату идораҳои дахлдори кишвар ва роҳбарони агентиҳои татбиқкунандаи лоиҳаҳои сармоягузорӣ (ҷамъ 50 нафар) ширкат варзиданд.
      Қайд карда шуд, ки бо заҳмату талошҳои Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ҳамкорӣ бо Шарикони рушд тайи солҳои охир дар натиҷаи бунёди шоҳроҳҳои мошингарди байналмилалӣ ва пайвастани Тоҷикистон ба шоҳроҳҳои Ҷумҳурии Халқии Хитой, Ҷумҳурии Қирғизистон ва Ҷумҳурии Исломии Афғонистон, кушода шудани роҳи оҳан ва гузаргоҳҳои сарҳадӣ бо Ҷумҳурии Ӯзбекистон кишвари мо аз бунбасти коммуникатсионӣ раҳоӣ ёфт ва афзалияти дуюми стратегӣ амалӣ гардид, ки дар ин самт саҳми Шарикони рушд алалхусус Бонки Осиёгии Рушд назаррас мебошад.
      Дар ҷаласа рафти татбиқи лоиҳаҳои сармоягузории давлатии аз ҷониби Бонки Осиёгии Рушд маблағгузоришаванда мавриди баррасӣ қарор дода шуда, ҷиҳати саривақт ва самаранок татбиқ гардидани онҳо ба масъулин дастуру супоришҳои мушаххас дода шуданд.
      Қобили қайд аст, Бонки Осиёгии Рушд бо Ҷумҳурии Тоҷикистон аз соли 1998 инҷониб ҳамкорӣ менамояд. Бонки мазкур то ба ҳолати 31 декабри соли 2018 дар маҷмӯъ 1,7 млрд. долларро дар шакли қарзҳои имтиёзнок (494 млн. доллари амрикоӣ), грантҳо (1188,6 млн. доллар) ва кумакҳои техникӣ (59,1 млн. доллари ИМА) ба кишвари мо равона намудааст.
      Аз маблағҳои мазкур 35,2 фоиз ба соҳаи нақлиёт, 28,5 фоиз соҳаи энергетика, 11,6 фоиз бахши идоракунии давлатӣ, 10,3 фоиз соҳаи кишоварзӣ ва захираҳои табиӣ, 2,8 фоиз бахши молиявӣ, 2,7 фоиз бахши бисёрсоҳавӣ, 2,5 фоиз соҳаи маориф, 1,3 фоиз саноат ва савдо, 2,4 фоиз тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ ва 2,7 фоиз ба бахши обтаъминкунӣ ва инфрасохтори маҳаллӣ равона гардидаанд.
      Ба ҳолати 1 январи соли 2019  бо дастгирии молиявии Бонки Осиёгии Рушд ва дигар созмонҳои молиявӣ 11 лоиҳаи сармоягузории давлатӣ ба маблағи умумии 713 млн. доллар дар соҳаҳои маориф, энергетика, нақлиёт, обёрӣ, мутобиқшавӣ ба тағйирёбии иқлим, пешгирии офатҳои табиӣ, маблағгузории хурд ва гумрук мавриди татбиқ қарор доранд.
      Дар соли 2018-ум бо БОР ҷиҳати татбиқи 6 лоиҳаи сармоягузории афзалиятноки кишвар ба маблағи умумии 219,7 млн. доллар созишномаҳои дахлдор ба имзо расонида шудаанд.
      Main page


      Investments
      Public investments
      Investment opportunities
      Investor's Guide
      Regulatory framework
      Investment map
      Entrepreneurship
      State support for entrepreneurship
      Business development indicators
      Cooperation mechanisms
      Checking the activity
      Licensing system
      Ratings
      Women's entrepreneurship
      Regulatory framework
      State property
      State Property Management
      Restructuring and privatization
      Structure of state property management
      Regulatory framework
      Why Tajikistan?
      2024 © State Committee on Investments and State property management of the Republic of Tajikistan
      Яндекс.Метрика
      CONTACT US