ТАМОС БО МО
Ҷиҳати иҷрои дастуру супоришҳои Асосгузорӣ сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, ки дар Паёми навбатӣ ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 26 декабри соли 2018 ироа намуданд, аз ҷониби Кумита Гурӯҳи корӣ таҳти роҳбарии Муовини якуми Раиси Кумита А. Муминзод дар якҷоягӣ бо Котиботи Шӯрои машваратии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба беҳтар кардани фазои сармоягузорӣ ва Иттифоқи рушди бахши хусусии Тоҷикистон таъсис дода шуда, санаи 5 апрели соли 2019 дар шаҳри Хуҷанди вилояти Суғд вобаста ба муаррифӣ, инъикоси баъзе аз паҳлуҳои фаъолияти анҷомдодашуда ва огоҳ намудани ҷомеа аз муҳтавои “Нақшаи чорабиниҳо оид ба амалӣ намудани 300 рӯзи ислоҳот ҷиҳати дастгирии соҳибкорӣ ва беҳтар намудани фазои сармоягузорӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон”, ки бо қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 1 марти соли 2019, №95 тасдиқ гардидаст,бо иштироки васеи соҳибкорону сармоягузорон, роҳбарият ва масъулони соҳаи иқтисодиёти шаҳру ноҳияҳо, раёсату бахшҳои сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатии вилоят вохӯрӣ баргузор гардид.
Дар раванди вохӯрӣ масъулин маълумоти мушаххасро оид ба ислоҳоти гузаронидашуда дар самти рушди соҳаҳои соҳибкориву сармоягузорӣ дар ҷумҳурӣ, масълаҳо вобаста ба андоз, имтиёзҳои пешниҳоднамудаи давлат ва муколамаи давлату бахши хусусӣ ба иштирокчиёни чорабинӣ манзур намуданд.


Дар вохӯриҳои баргузоргардида инчунин муовинони раисони шаҳру ноҳияҳо, кормандони масъули раёсату шуъбаҳои молия, андоз, омор, меъморӣ ва сохтмон, гумрук, стандартизатсия, метрология, сертификатсия ва нозироти савдо, бонкҳо ва намояндагони васоити ахбори оммаи ҷумҳуриявӣ ва маҳаллӣ иштирок карда, дар баррасӣ, саволгузорӣ, муҳокима ва баҳсу мунозира оид ба мавзӯҳои вохӯриҳо фаъолона ширкат намуданд.

Дар фарҷоми чорабинӣ аз ҷониби иштирокчиён он хеле хуб арзёбӣ гардида, хоҳиш ба амал оварда шуд, ки чунин вохӯриҳо минбаъд низ тибқи тартиби муқарраргардида дар маҳаллҳо (шаҳру ноҳияҳо) мунтазам баргузор гарданд.