Размер шрифта
Цвет фона и шрифта
Изображения
Озвучивание текста
Обычная версия сайта
Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон
  • ДАР БОРАИ КУМИТА
  • МАРКАЗИ МАТБУОТӢ
  • ТЕНДЕРҲО
  • ТАМОС
  • ...
    "/>
    Русский English
    Тоҷикӣ
    Сармоягузорӣ
    • Сармоягузории давлатӣ
    • Имкониятҳои сармоягузорӣ
    • Роҳнамои сармоягузор
    • Заминаи меъерӣ-ҳуқуқӣ
    • Харитаи сармоягузорӣ
    Соҳибкорӣ
    • Дастгирии давлатии соҳибкорӣ
    • Нишондиҳандаҳои рушди фаъолияти соҳибкорӣ
    • Механизмҳои ҳамкорӣ
    • Санҷиши фаъолият
    • Раёсати иҷозатномадиҳӣ
    • Рейтингҳо
    • Соҳибкории занон
    • Заминаи меъерӣ-ҳуқуқӣ
    Моликияти давлатӣ
    • Идораи моликияти давлатӣ
    • Таҷдид ва хусусигардонӣ
    • Сохторҳои идораи амволи давлатӣ
    • Заминаи меъерӣ-ҳуқуқӣ
    Чаро Тоҷикистон?

      • Тоҷикӣ
        • Забон
        • Тоҷикӣ
        • Русский
        • English
      • +992 (37) 221-86-59
      • Ҷумҳурии Тоҷикистон, 734000, ш. Душанбе, Шоҳтемур 27.
      • info@investcom.tj
      • Соатҳои корӣ аз 8:00 то 17:00

      Вохурии дуҷонибаи роҳбарияти вазорату идораҳо ва соҳибкорону сармоягузорони Тоҷикистон ва Фаронса

      Асосӣ
      —
      Хабарҳо
      —
      Бойгонии хабарҳо
      18.04.2019
      953
      Санаи 18 апрели соли 2019 дар Меҳмонхонаи “Ҳайят Реҷенсӣ” вохурии дуҷонибаи роҳбарияти вазорату идораҳо ва соҳибкорону сармоягузорони Тоҷикистону Фаронса баргузор гардид.
      Вохурии дуҷонибаро бо сухани ифтитоҳӣ Раиси Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Фаррух Ҳамрализода ва Котиби давлатии вазорати корҳои хориҷии Фаронса вобаста ба савдои беруна, туризм ва франкофония, муҳтарам Жан-Батист Лемуан оғоз намуданд.
      Қайд гардид, ки дар давраи солҳои 2007-2018 аз ҷониби сармоягузорони Ҷумҳурии Фаронса ба иқтисодиёти Ҷумҳурии Тоҷикистон зиёда аз 86,6 миллион доллари ИМА сармояи хориҷӣ ворид гардидааст, ки аз он 67,4 миллион доллари ИМА сармоягузориҳои мустақимро ташкил медиҳад. 
      Тибқи барнома дар вохурӣ аз ҷониби роҳбарияти КВД “Тоҷинвест” муаррифномаи имкониятҳои сармоягузории Ҷумҳурии Тоҷикистон тавассути рунамо ба ҳозирин манзур карда шуд.
      Дар чорабинӣ намояндагони ширкату корхонаҳои соҳаҳои гуногуни фаъолияти хоҷагидории Тоҷикистону Фаронса, аз ҷумла саноат, инфрасохтор, нақлиёт ва коммуникатсия, кишоварзӣ, тандурустӣ, хизматрасониҳои молиявӣ ва сайёҳӣ, роҳбарон ва масъулони вазоратҳои рушди иқтисод ва савдо, саноат ва технологияҳои нав, корҳои хориҷӣ, энергетика ва захираҳои об, кишоварзӣ, Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатӣ, Кумитаи андоз, Кумитаи рушди сайёҳӣ, Бонки миллии Тоҷикистон, Хадамоти гумрук, Агентии стандартизатсия, метрология, сертификатсия ва нозироти савдо, Агентии содирот, Саридораи геология, ШСХ “Барқи Тоҷик”, Палатаи савдо ва саноат, КВД “Роҳи Оҳани Тоҷикистон”, КВД “Ширкати Алюминийи Тоҷик”, КВД “Тоҷикаэронавигатсия”, КВД “Тоҷинвест”, КВД “Хӯрокворӣ” ва дигар корхонаҳои давлатӣ, инчунин намояндагони вазорату идораҳо ва соҳибкорону сармоягузорони Фаронса низ иштирок намуданд. 
      Баъдан вохӯрии дуҷонибаи соҳибкорони Тоҷикистону Фаронса “соҳибкор бо соҳибкор” (B2B) баргузор гардида, масъалаҳои тиҷоратӣ ва ҳамкориҳо мавриди таваҷҷӯҳи байни намояндагони бахши хусусии ҷонибҳо матраҳ карда шуданд.
      Иштирокчиёни вохӯрии соҳибкорони Тоҷикистону Фаронса ба рушди муносибатҳои дуҷониба, ки фарогири ҳамаи соҳаҳои ҳамкориҳои иқтисодӣ мебошанд, баҳои баланд доданд. Тарафҳо ба ифоқа омаданд, ки мунтазам чунин ҳамоишҳои соҳибкоронро баргузор менамоянд ва ҷиҳати густариши муносибатҳои мутақобилан судманди тиҷоратию иқтисодӣ, сармоягузорӣ як силсила иқдомҳои ҳадафмандро дар бахшҳои ояндадор аз қабили гидроэнергетика, таъсиси корхонаҳои коркарди маҳсулоти кишоварзӣ, содироти хушкмева, сабзавоти тару тоза, бунёди инфрасохтору рушди соҳаи туризм, истифодаи пурсамари имкониятҳои минтақаҳои озоди иқтисодӣ, баҳрабардорӣ аз захираҳои бузурги сангҳои қиматбаҳо, металлҳои ранга, ашёи хоми стратегӣ ва дигар неъматҳои моддии Тоҷикистон анҷом медиҳанд. 
      Саҳифаи асосӣ


      Сармоягузорӣ
      Сармоягузории давлатӣ
      Имкониятҳои сармоягузорӣ
      Роҳнамои сармоягузор
      Заминаи меъерӣ-ҳуқуқӣ
      Харитаи сармоягузорӣ
      Соҳибкорӣ
      Дастгирии давлатии соҳибкорӣ
      Нишондиҳандаҳои рушди фаъолияти соҳибкорӣ
      Механизмҳои ҳамкорӣ
      Санҷиши фаъолият
      Раёсати иҷозатномадиҳӣ
      Рейтингҳо
      Соҳибкории занон
      Заминаи меъерӣ-ҳуқуқӣ
      Моликияти давлатӣ
      Идораи моликияти давлатӣ
      Таҷдид ва хусусигардонӣ
      Сохторҳои идораи амволи давлатӣ
      Заминаи меъерӣ-ҳуқуқӣ
      Чаро Тоҷикистон?
      2024 © Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон
      Яндекс.Метрика
      ТАМОС БО МО