ТАМОС БО МО
Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо мақсади иҷрои қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 1 марти соли 2019, №95 “Дар бораи Нақшаи чорабиниҳо оид ба амалӣ намудани 300 рӯзи ислоҳот ҷиҳати дастгирии соҳибкорӣ ва беҳтар намудани фазои сармоягузорӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон” ва вобаста ба таъмин намудани муколамаи озоду бевоситаи роҳбарону мутахассисони корхонаҳои коркарди ниҳоии нахи пахта (ресандагӣ, бофандагӣ, рангкунӣ, кешбофӣ ва дузандагӣ), муайян намудани мушкилотҳои ҷойдоштаи соҳа ва роҳи ҳалли онҳо санаи 24 апрели соли 2018 дар ҳамкорӣ бо вазорати саноат ва технологияҳои нав, мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии вилояти Хатлон ва Иттифоқи рушди бахши хусусии Тоҷикистон дар маркази вилояти Хатлон, шаҳри Бохтар дар мавзӯи “Дастгирии соҳибкории истеҳсолӣ, беҳтар намудани фазои сармоягузорӣ дар доираи 300 рӯзи ислоҳот” бо соҳибкорон, роҳбарон ва масъулони корхонаҳои ресандагӣ, бофандагӣ, кешбофӣ ва дузандагии шаҳру ноҳияҳои вилояти Хатлон мизи мудаввар баргузор намуд.
Мизи мудавварро бо сухани ифтитоҳӣ намояндаи мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Хатлон, роҳбарияти Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Вазорати саноат ва технологияи нави Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Шӯрои Иттифоқи рушди бахши хусусии Тоҷикистон оғоз намуданд.
Дар чорабинии мазкур муаррифномаҳо аз ҷониби сардори Раёсати дастгирии соҳибкории Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Асадуллозода Изатулло дар мавзуи “Нақшаи чорабиниҳо оид ба амалӣ намудани 300 рӯзи ислоҳот, ҷиҳати дастгирии соҳибкорӣ ва беҳтар намудани фазои сармоягузорӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон”, сардори Шӯъбаи саноати сабуки Раёсати саноати сабук ва пиллаи Вазорати саноат ва технологияҳои нави Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пулотов Абдурауф дар мавзуи “Омилҳои тақвиятдиҳандаи рушди соҳаи коркарди нахи пахта то истеҳсоли маҳсулоти ниҳоӣ”, Директори иҷроияи Иттифоқи рушди бахши хусусии Тоҷикистон, Норматова Наима дар мавзуи “Самтҳои асосии фаъолияти Иттифоқи рушди бахши хусусии Тоҷикистон”, сардори идораи корхонаҳои нассоҷӣ ва дӯзандагии Иттифоқи рушди бахши хусусии Тоҷикистон, Муҳаммадиев Абдулло оид ба вазъи фаъолияти имрӯза ва мушкилотҳои ҷойдошта дар соҳаи ресандагӣ, бофандагӣ, кешбофӣ, дӯзандагии кишвар ва муайян намудани роҳҳои ҳалли онҳо, менеҷери лоиҳаҳои инноватсионии Фонди Оғохон, Зардов Сайвалӣ дар мавзуи фаъолият ва ҳадафҳои асосии фонди ҷамъиятии “Соҳибкорӣ ва рушд”, “Accelerate & Prosperity”, ки аз тарафи “Фонди Оғохон” маблағгузорӣ карда мешавад, тавассути рунамо ба ҳозирин манзур карда шуданд.
Пас аз анҷоми муаррифномаҳо ва баромадҳо саволу ҷавоб ва пешниҳоди таклифу дархостҳои иштирокчиён аз бахши хусусии вилояти Хатлон ба масъулин манзур карда шуд.
Иштирокчиён дар интиҳо ҷиҳати баргузории чунин мизи мудаввар баҳои баланд дода, пешниҳод намуданд, ки чунин чорабиниҳо мунтазам баргузор карда шаванд.
Инчунин, дар чорабинии мазкур баромади намояндаи шарикони рушд IFC Мадина Нурматова ва ёвари Барномаи EBRD Фируза Абдуллоева вобаста ба “Хизматрасонии машваратӣ барои соҳибкории хурд дарТоҷикистон. Имкониятҳо барои ҳамкорӣ” шунида шуд.
Дар чорабинӣ намояндагони ширкату корхонаҳои соҳаҳои гуногуни фаъолияти хоҷагидорӣ, аз ҷумла роҳбарону мутахассисони корхонаҳои коркарди ниҳоии нахи пахта (ресандагӣ, бофандагӣ, рангкунӣ, кешбофӣ ва дузандагӣ), истеҳсолкунандагони маҳсулоти саноати бофандагӣ иштирок намуданд.
Дар чорабинӣ намояндагони ширкату корхонаҳои соҳаҳои гуногуни фаъолияти хоҷагидорӣ, аз ҷумла роҳбарону мутахассисони корхонаҳои коркарди ниҳоии нахи пахта (ресандагӣ, бофандагӣ, рангкунӣ, кешбофӣ ва дузандагӣ), истеҳсолкунандагони маҳсулоти саноати бофандагӣ иштирок намуданд.