ТАМОС БО МО
Рӯзи 17 апрели соли 2019 дар шаҳри Москваи Федератсияи Рассия Конфронси ҳафтуми ҳамкориҳои байниминтақавии Тоҷикистону Россия баргузор гардид, ки мақсади асосӣ густариши ҳамкории амалӣ миёни минтақаҳои ду кишвар, ҷомеаи бизнес ва созмонҳо мебошад.
Дар саҳни конференсзал мизи мудаввар дар мавзӯи “Ҳамкорӣ дар соҳаи кишоварзӣ, логистика, саноат, сармоягузорӣ ва савдо” ташкил карда шуд. Дар кори мизи мудаввар намояндагони мақомоти давлатӣ ва бахши хусусии ҳарду ҷониб иштирок намуданд. Ҳамчун модератор аз ҷониби Ҷумҳурии Тоҷикистон бо сухани ифтитоҳӣ Раиси Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатӣ – Ҳамрализода Фаррух Маҳмуд баромад намуд.
Иштирокчиёни мизи мудаввар як қатор гуфтугӯҳоро аз ҷониби намояндагони мақомоти давлатӣ ва роҳбарони тиҷоратӣ шуниданд.
Ҳамзамон, аз ҷониби Ҷумҳурии Тоҷикистон Изатулло Саттори - Вазири кишоварзи Ҷумҳурии Тоҷикистон, Заробиддин Файзуллозода - Вазири саноат ва технологияҳои нави Ҷумҳурии Тоҷикистон, Ҷуразода Тоҷиддин - муовини Вазири рушди иқтисод ва савдои Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Шерали Кабир - Раиси Шӯрои директорон “Талко” Ҷумҳурии Тоҷикистон баромад намуданд.
Аз ҷониби Федератсияи Рассия дар ин мизи мудаввар Мурадов Юрий Георгиевич – Муовини Директори Департаменти Аврупо, Амрикои Шимолӣ, ИДМ ва ҳамкории бисёрҷонибаи Вазорати саноат ва савдои Русия, Никитин Андрей Владиславович – президент «Союзбазальт», Басин Павел Анатольевич – Директори генералии Ассотсиатсияҳои кластерҳо ва технопаркҳои Русия ва Аристов Сергей Анатольевич - Намояндаи ВЭБ – муҳандисӣ, суханрониҳо шунида шуданд.
Дар натиҷа ба диверсификатсияи таъминоти мутақобилаи маҳсулоти кишоварзӣ, таъминоти техникаи кишоварзӣ ва динамикаи рушди саноати озуқаворӣ дар Тоҷикистон ва имконияти иштироки сармоягузорони рус дар он ба мувофиқа расиданд.