ТАМОС БО МО
Бо мақсади иҷрои қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 1 марти соли 2019, №95 «Дар бораи Нақшаи чорабиниҳо оид ба амалӣ намудани 300 рӯзи ислоҳот ҷиҳати дастгирии соҳибкорӣ ва беҳтар намудани фазои сармоягузорӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон», тарғибу таъмин намудани иҷрои пурраи Нақшаи чорабиниҳо, инъикоси баъзе аз паҳлӯҳои фаъолияти анҷомдодашуда ва огоҳ намудани ҷомеъа аз муҳтавои Нақшаи чорабиниҳои тарҳрезишудаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон тибқи қарори Раиси Кумита аз 23 апрели соли 2019 №3/40 аз ҷониби Гурӯҳи корӣ таҳти роҳбарии Муминзод А. – муовини якуми Раис, Асадуллозода И. – сардори Раёсати дастгирии соҳибкорӣ, Ҳақназарзода К. – сардори Раёсати пешбурди низоми иҷозатдиҳӣ ва мониторинги санҷишҳо, Нуруллозода И. – муовини сардори Раёсати пешбурди фаъолияти сармоягузорӣ, роҳбарияти Корхонаи воҳиди давлатии “Тоҷинвест” ва Шерализода Ш. – роҳбари Котиботи Шӯрои машваратии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба беҳтар намудани фазои сармоягузорӣ дар ҳамкорӣ бо Иттифоқи рушди бахши хусусии Тоҷикистон ва мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Хатлон рӯзи 26 апрели соли 2019 дар шаҳри Кӯлоби вилояти Хатлон бо иштироки васеи соҳибкорону сармоягузорон, роҳбарият ва масъулони соҳаи иқтисодиёт, раёсату бахшҳои сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатии шаҳри Кӯлоб, ноҳияҳои Восеъ, Фархор, Ҳамадонӣ, Ховалинг, Темурмалик, Ш. Шоҳин, Муъминобод ва Балҷувон вохӯрӣ доир гардид.
Мувофиқи Барномаи тасдиқшуда чорабиниҳои мазкур таҳти роҳбарии муовини якуми Раиси Кумита А. Муминзод ва муовини Раиси вилояти Хатлон Р. Раҷабов баргузор шуда, аз ҷониби онҳо ба иштирокчиён дар аввал маълумоти мушаххас оид ба ислоҳоти гузаронидашуда дар самти рушди соҳаҳои соҳибкориву сармоягузорӣ дар ҷумҳурӣ, масъалаҳо вобаста ба андоз, имтиёзҳо ва муколамаи давлату бахши хусусӣ дода шуд.
Дар раванди вохӯриҳо аз тарафи аъзоёни Гурӯҳи корӣ асосан панҷ маърузаю рӯнамоҳо дар мавзӯҳои “Нақшаи чорабиниҳо оид ба амалӣ намудани 300 рӯзи ислоҳот ҷиҳати дастгирии соҳибкорӣ ва беҳтар намудани фазои сармоягузорӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон”, “Такмили қонунгузорӣ дар бахши танзими фаъолияти субъектҳои соҳибкорӣ дар доираи Нақшаи чорабиниҳои 300 рӯзи ислоҳот”, “Баланд бардоштани малакаи касбии соҳибкорон, ҳавасмандгардонии истеҳсолкунандагон, содироткунандагон ва ҷорӣ намудани усулҳои нави пешбурди соҳибкорӣ”, масъалаҳои таъсис ва роҳандозӣ намудани фаъолияти Муассисаи давлатии “Ташаккул ва рушди соҳибкории Тоҷикистон” ва “Суръат бахшидан ба рушди муколамаи давлат ва бахши хусусӣ ва ҷалби сармоягузорӣ” бо истифода аз техникаи муосири иттилоотӣ пешниҳод гардида, барои азхудкунии мавзӯҳо ниҳоят кӯмак намуданд.
Баъди ҳар як маърузаю рӯнамоҳо байни иштирокчиён ва баромадкунандагон саволу ҷавобҳои зиёд, музокирот ва табодули афкор, гирифтани маълумот вобаста ба омӯзиши таҷрибаи беҳтарин ба роҳ монда шуд, ки ниҳоят муфид, самарабахш ва шавқовар арзёбӣ гардид.
Ҳамзамон, ба раёсату бахшҳои сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатии шаҳри Кӯлоб, ноҳияҳои Восеъ, Фархор, Ҳамадонӣ, Ховалинг, Темурмалик, Ш. Шоҳин, Муъминобод ва Балҷувон маводҳои корӣ ва ба ҳар як иштирокчиёни вохӯрӣ пурсишномаҳо тақсим карда шуд, ки барои истифодабарии минбаъда дар фаъолияти корӣ зарур мебошад.
Дар фарҷоми чорабинӣ аз ҷониби иштирокчиён он хеле хуб арзёбӣ гардида, хоҳиш ба амал оварда шуд, ки чунин вохӯриҳо минбаъд низ тибқи тартиби муқарраргардида дар маҳалҳо мунтазам баргузор гарданд.
Инчунин, ҳангоми сафар тибқи супориши Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 11 феврали соли 2019 №2463(22) ва Нақшаи чорабиниҳо оид ба баргузории Форуми сармоягузорӣ дар шаҳри Кӯлоб, ки аз ҷониби Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 11 феврали соли 2019 тасдиқ гардидааст масъалаҳои омодагӣ ҷиҳати дар сатҳи баланд баргузории Форум дар якҷоягӣ бо масъулони мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Хатлон ва шаҳри Кӯлоб мавриди баррасӣ қарор дода шуд.
Вобаста ба иҷрои чорабиниҳои тасдиқгардида аз ҷониби Муовини якуми Раиси Кумита А. Муминзод аз масъулин банд ба банд дар сатҳи ҷумҳурӣ ва дар сатҳи вилоят пурсиш гузаронида шуда, оид ба муаррифии имкониятҳои сармоягузорӣ, фаъол гардонидани раванди ҷалби сармоя, муайян намудани ҳайати иштирокчиён, пешвоз ва гусели меҳмонон, таҳияи лоиҳаҳои асосноки тиҷоратӣ ва сармоягузорӣ, омода намудани видеоролик ва филми мустанад оид ба имкониятҳои сармоягузорӣ ва ҷалби сайёҳон, омода намудани намоишгоҳ ва фуруши молу маҳсулоти истеҳсоли ватанӣ ва ҳунарҳои мардумӣ, пешниҳод намудани барномаи фарҳангӣ барои иштирокчиён, таҳияи санадҳо, таҳкими раванди истеҳсоли маҳсулоти воридотивазкунанда, баланд бардоштани нерӯи содиротӣ, густариш додани ҳамкориҳои соҳибкорону сармоягузорон, таъмин намудани имкониятҳои рушди соҳибкории муосир ва дар маҷмӯъ мусоидат намудан ба вусъат бахшидани татбиқи ҳадафи чоруми стратегӣ вобаста ба саноатикунони мамлакат ва устувор намудани нишондиҳандаҳои иқтисодию иҷтимоии шаҳри Кӯлоб дастуру супоришҳо дода шуданд.
Инчунин, бо мақсади иҷрои дастуру супоришҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба расонидани кӯмакҳои хайриявӣ дар арафаи ҷашну идҳои миллӣ ба ятимону маъюбон, муҳтоҷону камбизоатон, оилаҳои серфарзанду шахсони бесаробон дар арафаи моҳи Шарифи Рамазон ба хонандагони мактаб - интернати ҷумҳуриявии кӯдакони ятими ноҳияи Шамсиддини Шоҳин кӯмак расонида шуд.