ТАМОС БО МО
26.04.2019 13:48, Чин
Муҳтарам Раис,
Муҳтарам сарони давлатҳо ва роҳбарони ҳайатҳо,
Хонумон ва ҷанобон!
Иҷозат фармоед, пеш аз ҳама, ба Раиси Ҷумҳурии Мардумии Чин ҷаноби Си Ҷинпин барои даъват ҷиҳати иштирок дар Форуми дуюми «Як камарбанд, як роҳ», инчунин барои меҳмондорӣ изҳори сипос намоям.
Имрӯз ҷаҳон рӯ ба рӯи чолишҳо ва таҳдидҳои ҷиддӣ қарор дорад.
Таъсири омилҳои буҳронӣ дар иқтисодиёти ҷаҳон, низоъҳо, таъсири манфии тағйирёбии иқлим ва нобаробарии иҷтимоӣ дар бисёр минтақаҳои ҷаҳон ҳамоно ба инсоният таҳдид мекунанд.
Бо назардошти воқеиятҳои нави ҷаҳонӣ, Ташаббуси «Як камарбанд, як роҳ» саривақтию муносиб мебошад, зеро он манфиатҳои иқтисодии бисёр кишварҳоро таҷассум ва муттаҳид мекунад.
Чунки ҳадафи асосии ин Ташаббус ҳавасмандии рушд ва шукуфоии умум, ки бар принсипҳои истифодаи муштараки афзалиятҳои ҳар як ҷониб барои некӯаҳволии ҳамаи давлатҳои қад-қади Роҳи абрешим асос ёфтааст, мебошад.
Ҳудуди Тоҷикистон, ки дар чорроҳаи машҳури роҳҳои тиҷоратии Шарқу Ғарб қарор дошт, аз даврони қадим дар тиҷорати байналмилалӣ ва рушди муносиботи бисёрасраи кишварҳои Авруосиё ҷойгоҳи хосро ишғол менамуд.
Тоҷикистон Стратегияи миллии рушд барои то соли 2030-ро татбиқ мекунад, ки дар он ҳадафҳои дарозмуҳлати стратегӣ ва рушди афзалиятноки мамлакат дарҷ гардидаанд.
Ҳадафи калидии ин ҳуҷҷат ташаккули модели нави принсипиалии рушди иқтисодӣ тавассути саноатикунонии кишвар мебошад.
Таҷриба, имкониятҳои технологӣ, инноватсионӣ ва сармоягузории кишварҳои иштирокдори Ташаббуси «Як камарбанд, як роҳ» метавонанд дар татбиқи муштараки лоиҳаҳои муҳиму инфрасохтори ояндадор ва истеҳсолӣ истифода шаванд.
Ин, аз ҷумла ба лоиҳаҳои дорои аҳамияти минтақавӣ дар чунин соҳаҳо, ба мисли гидроэнергетика, рушди инфрасохтору коммуникатсия, саноат, бахши кишоварзӣ ва сайёҳӣ дахл дорад.
Тоҷикистон дар соҳаҳои мазкур як қатор афзалиятҳои муқоисавиро дорост.
Тақрибан шаст фоизи захираҳои обии Осиёи Марказӣ дар ҳудуди Тоҷикистон ташаккул меёбанд ва аз рӯи фоизи ҳаҷми истеҳсоли«нерӯи сабз» аз манбаъҳои барқароршаванда дар ҷаҳон ҷойи шашумро ишғол мекунад.
Мо тасмим дорем, ки ин захираи асосиамонро, ки яке аз заминаҳои бунёдии ташаккули «иқтисоди сабз» мебошад, ба манфиати кишвар ва минтақа истифода барем.
Ҳукумати Тоҷикистон дар ин самт тамоми тадбирҳои заруриро меандешад.
Кишварҳои Осиёи Марказӣ, аз ҷумла Тоҷикистон роҳи баромад ба баҳр надоранд.
Дар ин замина, мо ба таҳия ва татбиқи лоиҳаҳои муштараки инфрасохтории минтақавӣ таваҷҷуҳи хоса зоҳир менамоем.
Дар робита ба ин, мо ба татбиқи лоиҳаҳои бунёди шоҳроҳҳои автомобилгарди «Чин - Тоҷикистон - Ӯзбекистон» ва «Чин - Тоҷикистон - Афғонистон» ҳавасманд мебошем.
Ҳадафи мо дар татбиқи лоиҳаҳои мазкур ташаккул додани долонҳои транзитӣ-нақлиётӣ ба самти бандарҳои баҳрии Осиёи Ҷанубӣ ва Шарқӣ мебошад.
Дар Тоҷикистон беш аз 400 кони канданиҳои фоиданок барои аз худ кардан иктишоф ва омода карда шудаанд.
Мавҷудияти захираҳои бойи табиӣ барои рушди пурсамари гидроэнергетика, саноати маъданҳои кӯҳӣ, металлургияи ранга, истеҳсоли масолеҳи сохтмонӣ, саноати сабук ва хӯрокворӣ асос мебошад.
Бахши кишоварзӣ чун яке аз бахшҳои муҳими стратегии иқтисодиёти Тоҷикистон дар таъмини саноати сабук ва хӯрокворӣ бо ашёи хом аҳамияти калон дорад.
Наваду се дарсади ҳудуди Тоҷикистонро кӯҳҳо ва тақрибан 13 000 пирях, ки миёни онҳо калонтарин пиряхи минтақавӣ - Федченко мебошад, ташкил медиҳанд.
Дар кишвар тақрибан 1000 дарё аз сарчашмаҳо ҷорист ва Тоҷикистон аз рӯи захираҳои оби тозаи ошомиданӣ дар ҷаҳон мавқеи пешсафро ишғол мекунад.
Бо шарофати шароити ҷолиби табиию ҷуғрофӣ ва иқлими мусоид, инчунин мероси нодири таърихию фарҳангӣ Тоҷикистон барои рушди намудҳои гуногуни сайёҳӣ имконоти бузург дорад.
Муҳтарам хонумон ва ҷанобон,
Бо талошҳои муштарак моро зарур аст, бо истифода аз захираҳо ва иқтидори ҳамаи кишварҳое, ки Ташаббуси «Як камарбанд, як роҳ»-ро дастгирӣ мекунанд, воситаҳои нави ҳамгироиро такмил ва ташкил дода, барои наздикшавӣ нуқтаҳои нав ва барои ҳамкории минбаъда роҳҳои навро пайдо намоем.
Ҳамкории ҳамаҷонибаро мебояд фаъолтар ба роҳ монда, дар ин замина муносибатҳои боэътимод ва дӯстонаро байни кишварҳоямон таҳким бахшем.
Ба таваҷҷуҳатон ташаккур!