Размер шрифта
Цвет фона и шрифта
Изображения
Озвучивание текста
Обычная версия сайта
Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон
  • ДАР БОРАИ КУМИТА
  • МАРКАЗИ МАТБУОТӢ
  • ТЕНДЕРҲО
  • ТАМОС
  • ...
    "/>
    Русский English
    Тоҷикӣ
    Сармоягузорӣ
    • Сармоягузории давлатӣ
    • Имкониятҳои сармоягузорӣ
    • Роҳнамои сармоягузор
    • Заминаи меъерӣ-ҳуқуқӣ
    • Харитаи сармоягузорӣ
    Соҳибкорӣ
    • Дастгирии давлатии соҳибкорӣ
    • Нишондиҳандаҳои рушди фаъолияти соҳибкорӣ
    • Механизмҳои ҳамкорӣ
    • Санҷиши фаъолият
    • Раёсати иҷозатномадиҳӣ
    • Рейтингҳо
    • Соҳибкории занон
    • Заминаи меъерӣ-ҳуқуқӣ
    Моликияти давлатӣ
    • Идораи моликияти давлатӣ
    • Таҷдид ва хусусигардонӣ
    • Сохторҳои идораи амволи давлатӣ
    • Заминаи меъерӣ-ҳуқуқӣ
    Чаро Тоҷикистон?

      • Тоҷикӣ
        • Забон
        • Тоҷикӣ
        • Русский
        • English
      • +992 (37) 221-86-59
      • Ҷумҳурии Тоҷикистон, 734000, ш. Душанбе, Шоҳтемур 27.
      • info@investcom.tj
      • Соатҳои корӣ аз 8:00 то 17:00

      Мизи мудаввар дар мавзӯи “Дастгирии соҳибкории истеҳсолӣ, беҳтар намудани фазои сармоягузорӣ дар доираи 300 рӯзи ислоҳот”

      Асосӣ
      —
      Хабарҳо
      —
      Бойгонии хабарҳо
      16.05.2019
      652
        Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо мақсади иҷрои қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 1 марти соли 2019, №95 “Дар бораи Нақшаи чорабиниҳо оид ба амалӣ намудани 300 рӯзи ислоҳот ҷиҳати дастгирии соҳибкорӣ ва беҳтар намудани фазои сармоягузорӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон” ва вобаста ба тарғибу таъмин намудани иҷрои нақшаи чорабиниҳо, огоҳ намудани ҷомеъа аз фаъолияти анҷомдодашуда ва чорабиниҳои банақшагирифташуда, муколамаи озоду бевоситаи роҳбарону мутахассисони корхонаҳои коркарди ниҳоии нахи пахта (ресандагӣ, бофандагӣ, рангкунӣ, кешбофӣ ва дузандагӣ), муайян намудани мушкилотҳои ҷойдоштаи соҳа ва роҳи ҳалли онҳо санаи 16 майи соли 2019 дар ҳамкорӣ бо Вазорати саноат ва технологияҳои нав, мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии вилояти Суғд ва Иттифоқи рушди бахши хусусии Тоҷикистон дар маркази вилояти Суғд, шаҳри Хуҷанд дар мавзӯи “Дастгирии соҳибкории истеҳсолӣ, беҳтар намудани фазои сармоягузорӣ дар доираи 300 рӯзи ислоҳот” бо соҳибкорон, роҳбарон ва масъулони корхонаҳои ресандагӣ, бофандагӣ, рангкунӣ, кешбофӣ ва дузандагии шаҳру ноҳияҳои вилояти Суғд мизи мудаввар баргузор намуд.
        Мизи мудавварро бо сухани ифтитоҳӣ Муовини Раиси вилояти Суғд, роҳбарияти Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Вазорати саноат ва технологияи нави Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Шӯрои Иттифоқи рушди бахши хусусии Тоҷикистон оғоз намуданд.
        Дар чорабинии мазкур муаррифномаҳо аз ҷониби сардори Раёсати дастгирии соҳибкории Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Асадуллозода Изатулло дар мавзӯи “Нақшаи чорабиниҳо оид ба амалӣ намудани 300 рӯзи ислоҳот, ҷиҳати дастгирии соҳибкорӣ ва беҳтар намудани фазои сармоягузорӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон”, сардори Шӯъбаи саноати сабуки Раёсати саноати сабук ва пиллаи Вазорати саноат ва технологияҳои нави Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пулотов Абдурауф ва намояндаи Вазорати саноат ва технологияҳои нави Ҷумҳурии Тоҷикистон дар вилояти Суғд Иномов Илҳом дар мавзуи “Омилҳои тақвиятдиҳандаи рушди соҳаи коркарди нахи пахта то истеҳсоли маҳсулоти ниҳоӣ”, Директори иҷроияи Иттифоқи рушди бахши хусусии Тоҷикистон, Норматова Наима дар мавзӯи “Самтҳои асосии фаъолияти Иттифоқи рушди бахши хусусии Тоҷикистон”, сардори идораи корхонаҳои нассоҷӣ ва дӯзандагии Иттифоқи рушди бахши хусусии Тоҷикистон, Муҳаммадиев Абдулло оид ба вазъи фаъолияти имрӯза ва мушкилотҳои ҷойдошта дар соҳаи ресандагӣ, бофандагӣ, кешбофӣ, дӯзандагии кишвар ва муайян намудани роҳҳои ҳалли онҳо, менеҷери лоиҳаҳои инноватсионии Фонди Оғохон, Зардов Сайвалӣ дар мавзуи фаъолият ва ҳадафҳои асосии фонди ҷамъиятии “Соҳибкорӣ ва рушд”, “Accelerate & Prosperity”, ки аз тарафи “Фонди Оғохон” маблағгузорӣ карда мешавад, ёвари Барномаи “Хизматрасонии машваратӣ барои соҳибкорон”-и Бонки аврупоии тиҷорат ва рушд дар Тоҷикистон, Давлатова Нигора дар мавзӯи хизматрасониҳои машваратӣ ба соҳибкорон дар Тоҷикистон ва имкониятҳо барои ҳамкорӣ тавассути рунамо ба ҳозирин манзур карда шуданд.
        Баъди ҳар як муаррифномаҳо ва рӯнамоҳо байни иштирокчиён ва баромадкунандагон саволу ҷавобҳои зиёд, музокирот ва табодули афкор, гирифтани маълумот вобаста ба омўзиши таҷрибаи беҳтарин аз бахши хусусии вилояти Суғд ба роҳ монда шуд, ки ниҳоят муфид, самарабахш ва шавқовар арзёбӣ гардид.
         Дар чорабинӣ намояндагони ширкату корхонаҳои соҳаҳои гуногуни фаъолияти хоҷагидорӣ, аз ҷумла роҳбарону мутахассисони корхонаҳои коркарди ниҳоии нахи пахта (ресандагӣ, бофандагӣ, рангкунӣ, кешбофӣ ва дузандагӣ), истеҳсолкунандагони маҳсулоти саноати бофандагӣ иштирок намуданд.
        Инчунин, дар чорабинии мазкур намояндагони мақомоти Хадамоти гумрук, Агентии стандартизатсия, метрология, сертификатсия ва нозироти савдо ва сарраёсати кишоварзии вилояти Суғд иштироки фаъолона намуданд. 
        Ҳамзамон, ба ҳар як иштирокчиёни вохӯриҳо маводҳои зарурӣ (китобу маводҳои корӣ) тақсим карда шуд, ки барои истифодабарии минбаъда дар фаъолияти кории онҳо зарур мебошад.
         Дар фарҷоми чорабиниҳо аз ҷониби иштирокчиён он хеле хуб арзёбӣ гардида, хоҳиш ба амал оварда шуд, ки чунин вохӯриҳо минбаъд низ тибқи тартиби муқарраргардида дар маҳалҳо мунтазам баргузор гарданд. 
      Саҳифаи асосӣ


      Сармоягузорӣ
      Сармоягузории давлатӣ
      Имкониятҳои сармоягузорӣ
      Роҳнамои сармоягузор
      Заминаи меъерӣ-ҳуқуқӣ
      Харитаи сармоягузорӣ
      Соҳибкорӣ
      Дастгирии давлатии соҳибкорӣ
      Нишондиҳандаҳои рушди фаъолияти соҳибкорӣ
      Механизмҳои ҳамкорӣ
      Санҷиши фаъолият
      Раёсати иҷозатномадиҳӣ
      Рейтингҳо
      Соҳибкории занон
      Заминаи меъерӣ-ҳуқуқӣ
      Моликияти давлатӣ
      Идораи моликияти давлатӣ
      Таҷдид ва хусусигардонӣ
      Сохторҳои идораи амволи давлатӣ
      Заминаи меъерӣ-ҳуқуқӣ
      Чаро Тоҷикистон?
      2024 © Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон
      Яндекс.Метрика
      ТАМОС БО МО