ТАМОС БО МО
Бо мақсади иҷрои супориши Роҳбари Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 15 апрели соли 2019, №25502(26.7) бо ибтикори Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатӣ дар якҷоягӣ бо Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиш дар доираи Нақшаи чорабиниҳои фарҳангию, фароғатӣ, илмиву маърифатӣ, оммавию варзишӣ ва солимгардонӣ бахшида ба таҷлили «Рӯзи ҷавонони Тоҷикистон» санаи 16 майи соли 2019 дар шаҳри Душанбе, бинои «Спорт-бари «Истиқлол» Форуми соҳибкорони ҷавон таҳти унвони «Ҷавонон муҳаррики рушди соҳибкории инноватсионӣ» баргузор гардид.
Нахуст сухани ифтитоҳӣ аз ҷониби роҳбарияти Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон оғоз гардида, ҳангоми суханронӣ қайд гардид, ки ҷавонони боистеъдоду лаёқатманд мояи ифтихори миллат, нерӯи пешбарандаи ҷомеа ва иқтисодиёту иҷтимоиёти кишвар ба ҳисоб рафта, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва Ҳукумати мамлакат нисбат ба ин қишри созандаи ҷомеа дар бунёдкориҳо ва рушди мамлакат эътимоду боварӣ ва таваҷҷӯҳи беандоза доранд. Бовар дорем, ки ҷавонони кишвари мо бо дарки баланди масъулиятшиносӣ ва садоқати ватандорӣ тавассути амалӣ гардидани тадбирҳои судманд дар таъмини пешрафти бомарому устувори давлату ҷомеа, аз ҷумла соҳаҳои иқтисодиёти мамлакат саҳми арзандаи худро мегузоранд.
Дар раванди чорабинӣ аз ҷониби масъулин маълумоти мушаххас ҷиҳати рушди бахши хусусӣ тавассути беҳтар намудани фазои сармоягузорӣ ва дастгирии давлатии соҳибкорӣ, ислоҳоти куллии қонунгузорӣ дар бахшҳои сармоягузориву соҳибкорӣ, фароҳам овардани шароити мусоид барои баланд бардоштани маърифатнокии соҳибкорони ҷавон, тарбияи руҳияи худшиносии миллӣ ва ватандӯстӣ, беҳдошти вазъи иҷтимоӣ ва иқтисодӣ, таъминоти ҳуқуқӣ ва ташаккули тарзи ҳаёти солими ҷавонон гузаронида шуда, инчунин ҳадафу вазифаҳои Муассисаи давлатии «Ташаккул ва рушди соҳибкории Тоҷикистон» муаррифӣ гардида, аз ҷавонон даъват ба амал оварда шуд, ки баҳри рушди малакаҳои соҳибкории худ бо Муассиса ҳамкории зич дошта бошанд.
Дар чорабинии мазкур ҳудуди 200 нафар соҳибкорони ҷавон иштироки фаъолона намуда, ҳамчун ҳусни ният ҷиҳати ҳамкориҳои минбаъда бо Муассисаи давлатии «Ташаккул ва рушди соҳибкории Тоҷикистон» суолҳои зиёдеро ба миён гузоштанд. Аз рафти чорабинӣ маълум гардид, ки аксаран таваҷҷӯҳ ба соҳиб шудан ба касби соҳибкорӣ доранд.
Баъди ҳар як маърузаю рӯнамоҳо байни иштирокчиён ва баромадкунандагон саволу ҷавобҳои зиёд, музокирот ва табодули афкор, гирифтани маълумот вобаста ба омӯзиши таҷрибаи беҳтарин ба роҳ монда шуд, ки ниҳоят муфид, самарабахш ва шавқовар арзёбӣ гардид.
Дар фарҷоми Форум ба сухангуён ва як қатор соҳибкорони ҷавон барои саҳми арзандаашон дар рушди соҳибкории ҷавонон аз номи роҳбарияти Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон сипосномаҳо тақдим карда шуд.