ТАМОС БО МО
Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо мақсади иҷрои қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 1 марти соли 2019, №95 “Дар бораи Нақшаи чорабиниҳо оид ба амалӣ намудани 300 рӯзи ислоҳот ҷиҳати дастгирии соҳибкорӣ ва беҳтар намудани фазои сармоягузорӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон” ва вобаста ба тарғибу таъмин намудани иҷрои нақшаи чорабиниҳо, огоҳ намудани ҷомеъа аз фаъолияти анҷомдодашуда ва чорабиниҳои банақшагирифташуда, муколамаи озоду бевоситаи роҳбарону мутахассисони корхонаҳои коркарди ниҳоии нахи пахта (ресандагӣ, бофандагӣ, рангкунӣ, кешбофӣ ва дузандагӣ), муайян намудани мушкилотҳои ҷойдоштаи соҳа ва роҳи ҳалли онҳо санаи 23 майи соли 2019 дар ҳамкорӣ бо Вазорати саноат ва технологияҳои нав ва Иттифоқи рушди бахши хусусии Тоҷикистон дар шаҳри Душанбе, бинои кории Иттифоқи рушди бахши хусусии Тоҷикистон доир ба мавзӯи “Дастгирии соҳибкории истеҳсолӣ, беҳтар намудани фазои сармоягузорӣ дар доираи 300 рӯзи ислоҳот” бо соҳибкорон, роҳбарон ва масъулони корхонаҳои ресандагӣ, бофандагӣ, рангкунӣ, кешбофӣ ва дузандагии шаҳри Душанбе ва шаҳру ноҳияҳои тобеи марказ мизи мудаввар баргузор намуд.
Мизи мудавварро бо сухани ифтитоҳӣ Раиси Шӯрои Иттифоқи рушди бахши хусусии Тоҷикистон, Муовини Вазири саноат ва технологияи нави Ҷумҳурии Тоҷикистон ва сардори Раёсати дастгирии соҳибкории Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон оғоз намуданд.Дар чорабинии мазкур муаррифномаҳо аз ҷониби Муовини Вазири саноат ва технологияи нави Ҷумҳурии Тоҷикистон, Рустамӣ Содиқҷон Абдукаримзода дар мавзуи “Омилҳои тақвиятдиҳандаи рушди соҳаи коркарди нахи пахта то истеҳсоли маҳсулоти ниҳоӣ”, сардори Раёсати дастгирии соҳибкории Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Асадуллозода Изатулло дар мавзуи “Нақшаи чорабиниҳо оид ба амалӣ намудани 300 рӯзи ислоҳот, ҷиҳати дастгирии соҳибкорӣ ва беҳтар намудани фазои сармоягузорӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон”, Директори иҷроияи Иттифоқи рушди бахши хусусии Тоҷикистон, Норматова Наима дар мавзуи “Самтҳои асосии фаъолияти Иттифоқи рушди бахши хусусии Тоҷикистон”, сардори идораи корхонаҳои нассоҷӣ ва дӯзандагии Иттифоқи рушди бахши хусусии Тоҷикистон, Муҳаммадиев Абдулло оид ба вазъи фаъолияти имрӯза ва мушкилотҳои ҷойдошта дар соҳаи ресандагӣ, бофандагӣ, кешбофӣ, дӯзандагии кишвар ва муайян намудани роҳҳои ҳалли онҳо, Ҳамоҳангсози барномаҳои иқтисодии дафтари Швейтсария дар Ҷумҳурии Тоҷикистон, Иброҳимова Малика оид ба ҳамкориҳои Дафтари Швейдсария бо Ҷумҳурии Тоҷикистон, директори Фонди ҷамъиятии Фонди Оғохон, Чоршинбиев Розиқ дар мавзуи фаъолият ва ҳадафҳои асосии фонди ҷамъиятии “Соҳибкорӣ ва рушд”, “Accelerate & Prosperity”, ки аз тарафи “Фонди Оғохон” маблағгузорӣ карда мешавад, ёвари Барномаи “Хизматрасонии машваратӣ барои соҳибкорон”-и Бонки аврупоии тиҷорат ва рушд дар Тоҷикистон, Фируза Абдуллоева дар мавзуи хизматрасониҳои машваратӣ ба соҳибкорон дар Тоҷикистон ва имкониятҳо барои ҳамкорӣ, менеҷери Маркази байналмилалии тиҷорат, Барномаи GITEX, Камолов Саидмумин вобаста ба фаъолият ва имкониятҳои ҳамкорӣ тавассути рунамо ба ҳозирин манзур карда шуданд.
Баъди ҳар як муаррифномаҳо ва рӯнамоҳо байни иштирокчиён ва баромадкунандагон саволу ҷавобҳои зиёд, музокирот ва табодули афкор, гирифтани маълумот вобаста ба омўзиши таҷрибаи беҳтарин аз бахши хусусии шаҳри Душанбе ва шаҳру ноҳияҳои тобеи марказ ба роҳ монда шуд, ки ниҳоят муфид, самарабахш ва шавқовар арзёбӣ гардид.
Дар чорабинӣ намояндагони ширкату корхонаҳои шаклҳои гуногуни фаъолияти хоҷагидорӣ, аз ҷумла роҳбарону мутахассисони корхонаҳои коркарди ниҳоии нахи пахта (ресандагӣ, бофандагӣ, рангкунӣ, кешбофӣ ва дузандагӣ), истеҳсолкунандагони маҳсулоти саноати бофандагӣ иштирок намуданд.
Инчунин, дар чорабинии мазкур намояндагони мақомоти Хадамоти гумрук, Агентии стандартизатсия, метрология, сертификатсия ва нозироти савдо, ҶДММ “Инсод”, ҶДММ “Тоҷ Сармоя”, ассотсиятсияҳои рушди соҳибкорӣ, сохтмончиён, рушди туризм, хоҷагиҳои деҳқонӣ, Донишгоҳи технологии Тоҷикистон ва намояндагони ташкилотҳои ҷамъиятӣ иштироки фаъолона намуданд.
Ҳамзамон, ба ҳар як иштирокчиёни вохӯриҳо маводҳои зарурӣ (китобу маводҳои корӣ) тақсим карда шуд, ки барои истифодабарии минбаъда дар фаъолияти кории онҳо зарур мебошад.
Дар фарҷоми чорабиниҳо аз ҷониби иштирокчиён он хеле хуб арзёбӣ гардида, хоҳиш ба амал оварда шуд, ки чунин вохӯриҳо минбаъд низ тибқи тартиби муқарраргардида дар ҳама самтҳои фаъолияти соҳибкорӣ мунтазам баргузор гарданд.