Размер шрифта
Цвет фона и шрифта
Изображения
Озвучивание текста
Обычная версия сайта
Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон
  • ДАР БОРАИ КУМИТА
  • МАРКАЗИ МАТБУОТӢ
  • ТЕНДЕРҲО
  • ТАМОС
  • ...
    "/>
    Русский English
    Тоҷикӣ
    Сармоягузорӣ
    • Сармоягузории давлатӣ
    • Имкониятҳои сармоягузорӣ
    • Роҳнамои сармоягузор
    • Заминаи меъерӣ-ҳуқуқӣ
    • Харитаи сармоягузорӣ
    Соҳибкорӣ
    • Дастгирии давлатии соҳибкорӣ
    • Нишондиҳандаҳои рушди фаъолияти соҳибкорӣ
    • Механизмҳои ҳамкорӣ
    • Санҷиши фаъолият
    • Раёсати иҷозатномадиҳӣ
    • Рейтингҳо
    • Соҳибкории занон
    • Заминаи меъерӣ-ҳуқуқӣ
    Моликияти давлатӣ
    • Идораи моликияти давлатӣ
    • Таҷдид ва хусусигардонӣ
    • Сохторҳои идораи амволи давлатӣ
    • Заминаи меъерӣ-ҳуқуқӣ
    Чаро Тоҷикистон?

      • Тоҷикӣ
        • Забон
        • Тоҷикӣ
        • Русский
        • English
      • +992 (37) 221-86-59
      • Ҷумҳурии Тоҷикистон, 734000, ш. Душанбе, Шоҳтемур 27.
      • info@investcom.tj
      • Соатҳои корӣ аз 8:00 то 17:00

      Хониши парлумонӣ дар мавзӯи «Рушди соҳибкорӣ дар ташаккули буҷет»

      Асосӣ
      —
      Хабарҳо
      —
      Бойгонии хабарҳо
      30.05.2019
      1 185
      30 майи соли 2019 таҳти раёсати Муовини якуми Раиси Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Абдуҷаббор Азизӣ, иштироки вакилони Маҷлиси намояндагон, роҳбарияти вазоратҳои молия, рушди иқтисод ва савдо, Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатӣ, Агентии омор, Кумитаи андоз, Хадамоти гумрук, Бонки миллӣ, Муассисаи давлатии “Фонди дастгирии соҳибкории назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон” ва дигар сохторҳои марбута хониши парлумонӣ дар мавзӯи «Рушди соҳибкорӣ дар ташаккули буҷет» баргузор гардид.
      Доир намудани чорабинии мазкур дар чаҳорчӯбаи нақшаи чорабиниҳои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба иҷрои вазифаҳое, ки аз Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 26 декабри соли 2018 «Дар бораи самтҳои сиёсати дохилӣ ва хориҷии ҷумҳурӣ» бармеоянд, амалӣ карда шуд.
      Тибқи рӯзномаи масъала Раиси Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон Ҳамрализода Фаррух Маҳмуд оид ба рушди соҳибкорӣ дар ташаккули буҷет (мораторий ба санҷишҳои субъектҳои соҳибкорӣ дар соҳаҳои истеҳсолӣ)” маълумоти муфассалро ба иштирокчиён манзур намуд.
      Инчунин, дар рафти хониши парлумонӣ масъулини Кумитаи андоз, Хадамоти гумрук, Бонки миллӣ, вазоратҳои молия, иқтисод ва савдо, Агентии омор, Муассисаи давлатии Фонди дастгирии соҳибкории назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистонва намояндагони бахши хусусӣ вобаста ба мавзӯи мазкур баромадҳо намуданд.
      Сипас, байни вакилони Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва роҳбарияти Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатӣ, вазорату идораҳои даъватшуда саволу ҷавоб ва музокираҳои судманд анҷом дода шуд.
      Дар фарҷоми хониши парлумонӣ Муовини якуми Раиси Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон - Абдуҷаббор Азизӣ миннатдории самимии худро ба Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва дигар вазорату идораҳои даъватшуда барои хамкории доимиашон изҳор намуда, муваффақиятҳо дар фаъолияти корҳояшон таманно намуд.
      Саҳифаи асосӣ


      Сармоягузорӣ
      Сармоягузории давлатӣ
      Имкониятҳои сармоягузорӣ
      Роҳнамои сармоягузор
      Заминаи меъерӣ-ҳуқуқӣ
      Харитаи сармоягузорӣ
      Соҳибкорӣ
      Дастгирии давлатии соҳибкорӣ
      Нишондиҳандаҳои рушди фаъолияти соҳибкорӣ
      Механизмҳои ҳамкорӣ
      Санҷиши фаъолият
      Раёсати иҷозатномадиҳӣ
      Рейтингҳо
      Соҳибкории занон
      Заминаи меъерӣ-ҳуқуқӣ
      Моликияти давлатӣ
      Идораи моликияти давлатӣ
      Таҷдид ва хусусигардонӣ
      Сохторҳои идораи амволи давлатӣ
      Заминаи меъерӣ-ҳуқуқӣ
      Чаро Тоҷикистон?
      2024 © Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон
      Яндекс.Метрика
      ТАМОС БО МО