Рузҳои 21-22 июни соли 2019 дар шаҳри Хуҷанд дар ҳамкорӣ бо шарикони рушди Тоҷикистон Ярмаркаи 6-умини байналмилалии савдо “Суғд-2019” баргузор гардид.
Дар доираи Ярмаркаи 6-умини байналмилалии савдо “Суғд-2019” ҳамзамон форумҳои “Ҳамкориҳои байниминтақавӣ – тамоюл ва имкониятҳо”, “Ташаккули системаи логистикии нақлиётӣ барои интиқоли маҳсулоти кишоварзӣ” ва Форуми ҳунармандон бахшида ба 150 - солагии намоишгоҳи нахустини маҳсулоти ҳунарҳои мардумии Осиёи марказӣ соли 1869 дар уезди Хуҷанд” баргузор гардиданд.Ба чорабинӣ намояндагони вазорату идораҳо, соҳибкорон аз минтақаҳо, истеҳсолкунандагон ва коркардкунандагони маҳсулоти кишоварзӣ, корхонаҳои азими соҳаҳои гуногун, бонкҳо, ширкатҳои нақлиётӣ, сохтмонӣ, сайёҳӣ ва бизнес ассотсиатсияҳо, намояндагони доираи тиҷоратии Федератсияи Россия, ҷумҳуриҳои Ӯзбекистон, Қазоқистон, Қирғизистон, Беларус, Ҷумҳурии мардумии Чин, Корея, Покистон, Ҳиндустон, Лаҳистон, Сербия ва дигар созмонҳои байналхалқӣ даъват шуда буданд.Раиси вилояти Суғд Раҷаббой Аҳмадзода зимни суханронии худ кулли меҳмонон ва иштирокдорони Ярмаркаи VI байналмилалии савдо “Суғд-2019”-ро ба вилояти Суғд хайрамақдам гуфта, таъкид кард, ки чорабинии мазкур бо мақсади рушди ҳамкориҳои иқтисодиву тиҷоратӣ, баланд бардоштани нерӯи содиротӣ ва ҷалби сармоягузориву воридоти технологияҳои муосир, тақвияти ҳамкориҳои дуҷониба ва бисрёҷониба бо кишварҳои гуногуни олам ва шарикони рушд бори шашум аст, ки гузаронида мешавад. Зикр карда шуд, ки дар Ҷумҳурии Тоҷикистон бо роҳбарии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон рушди соҳаҳои гуногуни хоҷагии халқ таъмин гардида, робитаҳои иқтисодии мамлакат бо мамлакатҳои гуногун сол аз сол беҳтар гардида истодааст. Раиси вилоят инчунин перомуни фаъолияти соҳибкорӣ дар вилоят, имкониятҳои содиротӣ, вазъи соҳаҳои кишоварзӣ, саноату сайёҳӣ сухан гуфта, изҳори умед кард, ки Ярмаркаи VI байналмилалии савдо “Суғд-2019” барои густариши ҳамкориҳо, рушди савдои байналмилалӣ, истифодаи самараноки имкониятҳо, мубодилаи молу маҳсулот, ба роҳ мондани ҳамкориҳои судманд миёни доираҳои тиҷоратии кишварҳои иштироккунандаи ярмарка мусоидат менамояд.
Сипас, муовини Раиси Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон Нигина Анварӣ оид ба рушди бахши хусусӣ тавассути беҳтар намудани фазои соҳибкориву сармоягузорӣ ва ислоҳотҳои гузаронидашуда дар бахшҳои андоз, сармоягузорӣ ва соҳибкорӣ баромад намуда, аз ҷумла қайд намуд, ки Ҳукумати мамлакат инкишофи бахши хусусӣ, соҳибкорӣ ва сармоягузориро дар Стратегияи миллии рушд барои давраи то соли 2030 ҳамчун воситаи асосии таъмин намудани ҳадафҳои миллӣ муайян кардааст. Бо мақсади ҷалби сармоя ба соҳаҳои иқтисоди миллӣ Ҷумҳурии Тоҷикистон бо 39 кишвари хориҷӣ созишномаҳо оид ба ҳавасмандгардонӣ ва ҳифзи мутаҷобилаи сармоягузорӣ ба тасвиб расонидааст.
Ҳоло, соҳибкорони ватанӣ бо беш аз 80 давлати хориҷӣ амалиётҳои содиротию воридотӣ амалӣ менамоянд ва ҳамчун шарики боэътимод эътироф шудаанд.
Мо омодаем, ки барои пешбурд ва иҷрои чорабиниҳои банақшагирифташуда ва муколамаи доимии давлат бо бахши хусусӣ тамоми шароити муносибро фароҳам орем ва дархосту пешниҳодҳои соҳибкорону сармоягузорон ва ҳозиринро дар ин самт қабул ва ҳамаҷониба дастгирӣ намоем.
Инчунин, намояндаи Палатаи савдо ва саноати Федератсияи Россия, инчунин намояндаи ваколатдори Ҳукумати Ҷумҳурии Қирғизистон дар вилояти Ботканд Акрам Мадумаров, Сафири Фавқулода ва Мухтори Ҷумҳурии Белорус дар Ҷумҳурии Тоҷикистон Олег Иванов, муовини ҳокими вилояти Фарғона Муҳсинхуҷа Абдураҳмонов, муовини раиси вилояти Мински Ҷумҳурии Белорус Игор Макар ва дигарон суханронӣ намуда, оид ба аҳмияти баргузории Ярмаркаи VI байналмилалии савдо “Суғд-2019” дар рушди муносибатҳои тиҷоратии миёни давлатҳо андешаҳои хешро баён доштанд. Қобили зикр аст, ки дар Ярмаркаи VI байналмилалии савдо “Суғд-2019” соҳибкорон ва намояндагони доираҳои тиҷоратии вилоятҳои Суғду Хатлон, ВМКБ, ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ, шаҳри Душанбеи Ҷумҳурии Тоҷикистон, Федератсияи Россия, ҷумҳуриҳои Қазоқистон, Ўзбекистон, Белорусия, Ҷумҳурии мардумии Чин, Қирғизистон, Афғонистон, Туркманистон, Арабистони Саудӣ, инчунин намояндагони ташкилотҳои бонуфузи молиявию тиҷоратии байналмилалӣ ва воситаҳои ахбори омма иштирок намуданд.